«Баҳористон»-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ

«Баҳористон»-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ

Тарбият ва ахлоқ дар гузашта муҳимтарин унсури зиндагии инсонӣ шинохта шуда, аз рӯйи қавли донишмандон, ба сифати фалсафаи амалӣ дар танзими фарҳанг ва маънавиёти башарӣ нақши калидӣ дорад

 

Масоили ахлоқӣ дар ҳамаи давру замон мадди назари ниҳодҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ва донишмандону адибони ҷаҳон қарор доштанд, зеро арзиши воқеии зиндагӣ дар ҳикмати амалӣ, ки ҷавҳари он ахлоқ аст, ифода меёбад.

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ки адабиёти классикии форсу тоҷикро бо асарҳои баркамолаш ҷамъбаст кардааст, наметавонист ба масоили ахлоқӣ бетафовут бошад ва мушкилоти ахлоқию тарбиятӣ аз назари ӯ дур афтанд. Мавлоно, чуноне ки муҳаққиқи барҷастаи аҳволу осораш А. Афсаҳзод гуфтааст, муаллими ахлоқи писандидаи замони худ буда, дар ахлоқшиносии асрҳои миёна нақши бориз дорад. Ҳарчанд ки Мавлоно Ҷомӣ дар эҷод ва таълифу таснифи асарҳояш аз бузургони илму адаби гузашта фаровон истифода бурда бошад ҳам, дар онҳо дид ва назари шахсии худро вобаста ба мушкилот ва масоили давру замон инъикос намудааст. Дар ин гузориш сухан сари асари шаклан кучак, вале мазмунан бузурги Мавлоно Ҷомӣ меравад, ки унвони «Баҳористон»-ро дошта, дар таърихи адаби форсӣ-тоҷикӣ ва умуман, қаламрави фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи вижа дорад.

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ «Баҳористон»-ро дар синни 73-солагӣ навиштааст ва ин нукта муҳим аст, ки ӯ аз назари таҷрибӣ ва андӯхти рӯзгор ба дараҷаи камолот расида, дар партави андӯхтаву таҷрибаю омӯзаҳои рӯзгор масоили ахлоқиро мавриди назар қарор дода, маҳсули санҷишҳои зиндагиро рӯйи коғаз рехтааст. Дигар ин ки «Баҳористон»-ро Абдураҳмони Ҷомӣ ба писараш бахшидааст, то аз тифлӣ дар рӯҳияи маърифати ахлоқӣ тарбия ёбад. Фаразан, агар Мавлоно Ҷомӣ танҳо як китоб (манзур «Баҳористон» аст) таълиф мекард ҳам, басанда буд, ки номаш дар ҳавзаи ахлоқнигарии асрҳои миёнаи форсӣ-тоҷикӣ поянда монад.

Гумони ғолиб ин аст, ки Абдураҳмони Ҷомӣ дар эҷоди асар аз «Гулистон»-и Саъдӣ пайравӣ кардааст, аммо дар «Баҳористон» масоили ахлоқӣ ва иҷтимоии замонашро матраҳ ва як навъ ҷамъбаст намудааст. «Баҳористон» намунаи беҳтарини насри иҷтимоӣ ва ахлоқист. Дар он Мавлоно ба масъалаҳои муҳимтарини ахлоқӣ таваҷҷуҳ намуда, ба масобаи ҳаким ва донишманд мушкилоти ахлоқӣ ва иҷтимоии замонашро ҳаллу фасл намудааст. Он масъалаҳоеро, ки Саъдӣ Шерозӣ дар «Гулистон»-у «Бӯстон»-аш матраҳ кардааст, Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон», дақиқтараш дар 8 равзаи он мавриди баррасӣ қарор дода, ҳусну қубҳи ахлоқи замонашро ифшо сохта, бо истифода аз донишу биниш ва малакаи эҷодӣ аз бофту танишҳои ахлоқию иҷтимоии замон сухан дар миён овардааст. Коҳиши ахлоқӣ ва буҳрони иҷтимоии замон Ҷомиро водор сохт, ки чунин як китоби ахлоқӣ таҳти унвони «Баҳористон» иншо намояд.

Масоиле, ки дар «Баҳористон» матраҳ гардидаанд, фарогири авзои ахлоқии замони Ҷомӣ ва умуман, Шарқи мусулмонӣ буданд ва зимнан, бояд арз дошт, ки то Ҷомӣ низ кутуби ахлоқии зиёд таълиф гардида буд, ки муҳимтаринаш «Таҳзиб-ул-ахлоқ»-и Ибни Мискавайҳ маҳсуб меёбад. Аммо Мавлоно Ҷомӣ «Баҳористон»-ро ба шеваи насри бадеӣ таълиф намуда, аз масоили доғу рӯзмарраи замон дар қолаби насри бадеӣ сухан гуфтааст. Хулосабандиҳои Мавлоно тавассути шеърпораҳо муассиртар ба назар расида, ин шеваи кор ҷолибияти матолибро аз диди бадеӣ-эстетикӣ таъмин сохтааст.

«Баҳористон» аз 8 боб, ки «равза» унвон шудаанд, иборат буда, ҳамагӣ матолиби ахлоқиро дар бар гирифтаанд: саргузашти орифон; ҳикмати бузургон; саргузашти подшоҳон; адолат ва ахлоқи неки онҳо; тарғиби саховатмандӣ; ҳикоятҳои шавқангези ишқӣ; мутоябаҳои сафобахш; зикри шуаро, таърифи шеър, пайдоиш ва ҳусну қубҳи он; ҳикоёти тамсилӣ масоилеанд, ки дар китоб мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Гироиш ба тасаввуф, ки дар асрҳои миёна мутадовилтарин ҷараёни фикрию иҷтимоӣ маҳсуб меёфт, ба суннати асримиёнагӣ бадал шуда буд ва Абдураҳмони Ҷомӣ, ҳанӯз дар айёми донишҷӯйӣ дар бозгашт аз Самарқанд ба Ҳирот шавқе ба тасаввуф ёфт ва минбаъд орифи Ҷом лақаб гирифта, дар ҳақиқат, «Султони маънавии Ҳирот» ба шумор меомад. Тасаввуф як шуъбаи ахлоқ дар асрҳои миёна талаққӣ мешуд ва ахлоқи мутасаввифини бузург ҳамеша мавриди писанд ва алоқаю истиқболу истинбот ва пайравии дигар табақоти иҷтимоии замон қарор гирифта, намунаи беҳтарини ахлоқиёту тарбиёт маҳсуб мешуд. Ин аст, ки Мавлоно Ҷомӣ аз ин василаи муассир --- овардани мисолу масалҳои тасаввуфӣ моҳирона корбаст намуда, беҳтарин намунаи ахлоқӣ ва тарбиётиро барои омӯзиши насли башарӣ манзур намудааст. Дигар нукта ин аст, ки тибқи таъкидоти муҳаққиққон, нуфузи тасаввуф дар замони темуриён хеле афзудабуд. Ин буд, ки Мавлоно Ҷомӣ даромади суханашро дар «Баҳористон» бо равзаи «Дар нашри раёҳини чида аз басотини дурбинони роҳи ҳидоят ва садрнишинони боргоҳи вилоят» ифтитоҳ бахшида, дар ин замина аз кору рӯзгори ибратбахши сӯфиёну орифон сухан дар миён оварда, муқтазиёти ахлоқиро ба василаи пораҳои назмӣ мудаллал сохтааст. Каломи самимона ва олимонаи бузургони сӯфия, мисли Ҷунайди Бағдодӣ, Шиблӣ, Боязид, Абӯҳошими Сӯфӣ, Маъруфи Кархӣ, Пири Ҳирот (Абдуллоҳи Ансорӣ), Саҳли Тустарӣ, Абӯсаиди Абулхайр «ҷони ахлоқи асримиёнагӣ» маҳсуб меёфт ва дар ин замина, Мавлоно Ҷомӣ, ки дар ҳавзаи тасаввуфи исломӣ тарбият ёфта буд, афъолу афкори он бузургонро ба сифати дастури зиндагӣ манзур сохтааст. Масалан, ба ин намуна таваҷҷуҳ мекунем: «Шайх Абӯсаиди Абулхайрро пурсиданд, ки тасаввуф чист? Гуфт: Он чӣ дар сар дорӣ, биниҳӣ ва он чӣ дар каф дорӣ, бидиҳӣ ва аз он чӣ бар ту ояд, наҷаҳӣ». Бо овардани ҳикояти мазкур Ҷомӣ аз забони Шайх тасаввуфро аз осмон ба замин фуровард ва онро назария дар амалия унвон кард. Бо меҳнати ҳалол зистан ва орӣ будан аз ҳирсу тамаъ меъёри зиндагии инсони ахлоқист ва Ҷомӣ, бо таваҷҷуҳ ба ин масъала, аз забони Абӯбакри Варроқ (аз машоихи машҳури Мовароуннаҳр) чунин қисса пардохтааст: «Абӯбакри Варроқ гуфтааст: Агар тамаъро пурсанд, ки падарат кист, гӯяд: шак дар муқадарроти кирдигорӣ. Ва агар гӯянд: пешаи ту чист, гӯяд: иктисоби мазаллату хорӣ. Ва агар гӯянд: ғояти ту чист, гӯяд: ба меҳнати ҳирмон гирифторӣ»

Мавлоно Ҷомӣ ба масъалаи тафохур аз аслу насаб, ки дар асрҳои миёна ва давраи нав низ дар зеҳниёти ҷомеа нуфуз дошта ва дорад, таваққуф намуда, ривояти яке аз мутасаввифини шаҳири олами тасаввуфи минтақавӣ (мовароуннаҳрӣ) Хоҷа Баҳоваддини Нақшбандро истинод кардааст: «Хоҷа Баҳоваддини Нақшбандиро пурсиданд, ки: силсилаи шумо ба куҷо мерасад? Фармуданд, ки аз силсила касе ба ҷое намерасад; рубоӣ:

Аз далқу асо сидқу сафое нарасад,

В-аз сабҳа ба ҷуз бӯйи риёе нарасад.

Гӯянд, куҷо расад, бигӯ, силсилаат,

К-аз силсила ҳеҷ кас ба ҷое нарасад!»

Мавлоно Ҷомӣ чеҳраи ахлоқии фарҳанги исломист. Ҳанӯз дар замони зиндагӣ дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон Мавлоно Ҷомӣ бо афкори пешқадами худ мавриди эҳтироми хосу ом қарор гирифтааст. Махсусан, ӯро ба хотири шикастанафсӣ, тавозуъ ва хоксорӣ, бетамаӣ, ҳимматбаландӣ ва самимияташ эҳтиром мекардаанд. Шоҳону ҳокимони замон Мавлоноро ба сифати бузургтарин шахсияти илмӣ, динӣ ва ахлоқӣ мешинохтаанд, то ҷойе ки: «Дар ҳар маҷлисе, ки вай қадам мениҳод, агарчи султону вазир ҳам дар он ҷо ҳозир буданд, садру зайли он ба ҳам мехӯрд ва ҳар ҷо ки ӯ менишаст, садр мешуд. Бо ин ҳама ӯ дар ҳар маҷлисе, ки ворид мешуд, бе ҳеҷ такаллуф ҳар ҷо ки даст медод, менишаст. Дар ниҳояти содагиву дарвешӣ буд. Хонае содаву ҷомае бетакаллуф дошт... ҳашамату нуфузи ин мард дар тамоми қаламрави султон мавриди рашку ҳасади амирону вазирони вақт аст». Мавлоно Ҷомӣ ба сифати мутафаккир симои ахлоқи асримиёнагии форсӣ-тоҷикӣ буда, тамоми осори ӯ ба масоили ахлоқӣ иртибот гирифта, ба такмилу таҳкими ахлоқи наку ва парҳез аз амалҳои бад равона шудааст.

Ҳамин тариқ, Мавлоно Ҷомӣ таҷассуми фарҳанги ахлоқии асримиёнагии форсӣ-тоҷикӣ маҳсуб ёфта, «Баҳористон»-и ӯ як навъ ҷамъбасти диди ахлоқии асримиёнагӣ буда метавонад. Дар замон ва шароити имрӯза, ки насли ҷавони ҷомеаи тоҷикӣ, ҳар чӣ амиқтар ба гирдоби буҳрони ахлоқию маънавӣ ғуттавар шудааст, омӯзиш ва корбасти осори Мавлоно Ҷомӣ, билхусус, «Баҳористон»-и ӯ, аз ҳар ҷиҳат, ба манфиати кор аст.

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Хатсайри Душанбе-Москва дубора фаъол мешавад?

Масъалаи барқарор кардани ҳаракати қатораи мусофирбари мустақим дар масири Душанбе - Маскав миёни намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин мавзӯъ дар мулоқоти муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо муовини вазири нақлиёти Федератсияи...


Беморие, ки аз никоҳи хешутаборӣ пайдо мешавад

Кормандони Маркази саратоншиносии Донишгоҳи Ҳарварди ИМА дар бобати саратоншиносии кӯдакон кашфиёт карданд. Онҳо генеро муайян карданд, ки барои инкишофи муътадили гурдаҳои кӯдакон масъул буда, дар хромосомаи Х-и занон маҳфуз аст. Новобаста аз он ки ген аз хромосомаи занона аст, мутатсияи он ҳам...


Саволу ҷавоб

Агар ҳангоми намоз хондан аз рӯи ҷойнамоз як ҳайвон ё кӯдаки хурдсол гузарад, оё намоз қатъ мешавад? Не, намоз аз сабаби гузаштани чизе аз пеши намозгузор ботил намегардад. Агар шахси оқил бо қасди худ аз пеши намозхон убур кунад, худи ҳамон шахс гунаҳгор мешавад, аммо дар намози намозгузор ҳеҷ...


Шарму ҳаё

Ҳамду сано Парвардигореро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду саломи бепоён ба Паёмбари ростгўю ростқавл Ҳазрати Муҳаммад ﷺ ва хонадону ёронаш бод.   Шарму ҳаё. Ин ду калима хеле маънои васеъро дар бар мегиранд. Агарчанде калимаи шарм дар луғатномаҳо бо ҳар забон тарҷума шудааст,...


Табрикоти Иди Қурбон

Ассалому алайкум, хонандагони азиз!   Бо фарорасии Иди саиди Қурбон — иди қурбонӣ, эҳсон ва наздикӣ ба Парвардигори оламон — шуморо самимона табрик мегӯям. Иди Қурбон ёдовари он рӯзест, ки Иброҳими халилуллоҳ омода буд гаронтарин дороии худ — писари худ Исмоилро — дар роҳи Худо қурбон кунад. Ва...