Камолиддин Бинойӣ

Камолиддин Бинойӣ

Камолиддин Бинойӣ

Соли 1453 дар оилаи усто Муҳаммадхони Сабз тифле ба дунё омад, ки хурсандии аҳли ойила ҳадду канор надошт. Ба ӯ Шералӣ ном гузоштанд. Муҳаммадхон марди ҳунарманд, бинокор, меъмор буд. Зиндагиашон фақирона мегузашт. Шералӣ, ки бачаи зирак ва хушзеҳн буд, дар мактаб нағз мехонд, ба сухани устодонаш диққат медод. Натиҷаи ҳамин саъю кушиш буд, ки ӯ бисёр илми замонаашро ба хубӣ аз худ кард. Ӯ бештар ба забону адабиёт, таърих майлу рағбат дошт. Ҳанӯз дар айёми мактабхонӣ шеър менавишт.

Пас аз он пайваста аз шоирони гузашта ва ҳамзамонаш абёти зиёдеро аз ёд мекунад ва шеъраш рангину пурҷозиба мегирад. Камолиддин Бинойӣ соли 1512 дар қатли омми шаҳри Каршӣ аз дасти сарбозони Шоҳ Исмоили Сафавӣ ба қатл мерасад. Бинойӣ аз худ мероси гаронбаҳое гузоштааст. Беҳтарин асари ахлоқии адиб достони “Беҳрӯзу Баҳром” аст, ки ҳоло дар поён муште аз хирвор чанд ҳикояи онро пешкаш мегардонем.

Чоҳкан зери чоҳ

Буд марде ба рӯзгори қадим,
Бо дили мустақиму табъи салим1
.
Одате доштӣ, ки ҳаррӯза,
Гирди дарҳо шудӣ ба дарюза2
.
Ин насиҳат ба ҳар capo гуфтӣ,
Чанд навбат муқарраро гуфтӣ:
“К-он чӣ бар нафеи хеш напсандӣ,
Ба дигар халқу хеш напсандӣ.
Меҳтар аз фавти ҳафт cap фарзанд,
То ба як ҳафта риш бармеканд.
Баъди як ҳафта омад он дарвеш,
Кард бар дар ҳамон насиҳати хеш.
Гӯш бар қавли ӯ чу бинҳоданд,
Сар ба cap дар тааҷҷуб афтоданд:
К-“Ин гадопеша заҳр дар нон хӯрд.
Сахтҷон заҳр хурда чун чон бурд?”
Гуфт шахсе: “Нахӯрда он нонро,
В-арна медод дар замон ҷонро”.
Меҳтар аз хона cap бурун овард,
Гуфт дарвешро, ки “эй сарамард!
Нон, ки он рӯз з-ин capo бурдӣ,
Ба куҷо бурдиву куҷо хурдӣ?”.
Гуфт: “Будам ба роҳи хонаи хеш,
Писарони ту омаданд ба пеш.
Ҳафт тан ҳафт нони ман бурданд,
Facб карданду нони ман хурданд”.
Меҳтар аз вай чу ин сухан бишнид,
Дили тангаш зи ғусса хун гардид.
Сӯхт ҷонаш зи ҳаҷри фарзандон,
Гашт гирён чу орзумандон.
“Чаҳ, ки аз баҳри дигаре кандам,
Ҳам дар он чаҳ фитод фарзандам”.
Зинҳор он чӣ нописанд бувад,
Ки аз ӯ халқро газанд бувад.
То тавонӣ ба ҳеҷ кас мапсанд!
Гар нахоҳӣ, ки уфтӣ ба газанд.

1. Бо дили мустақиму табъи салим - бо дили кушоду табъи баланд.

2. Дарюза - гадон.

Падари хеш бош

Дар Самарқанд мавлавихоне,
Буд дар кашфи илм пурдоне.
Бар ҳама фазл ӯ мусаллам буд,
Ҳамчу ӯ аҳли донише кам буд.
Ба насаб гар бузургзода набуд,
Кас аз ӯ дар ҳасаб1
 зиёда набуд.
Бо бузурге магар ба баҳс афтод,
Кардаш илзом2
, cap ба ҷанг афтод.
Гуфт хасмаш зи рӯйи таън ба ӯ,
Ки:”Кӣ будат падар, биё баргӯ?!”
Мавлавӣ гуфт:”Эй худмидасияр!
Накунад кас зи ман саволи падар.
Аз падар гар кунӣ савол, бирав,
Писарамро бигӯ, ҷавоб шунав”.
Мард бояд, ки худ падар бошад,
Бойиси фахри сад писар бошад.
В-арна фазли падар чӣ суд кунад,
Фазли шахси дигар чй суд кунад?

1. Ҳасаб - қадру манзалат, мартабаи инсон дар фазлу дониш.

2. Илзом кардан - мағлуб кардан, қойил намудан.

Сад ҷон фидои дӯст

Бархез, то ниҳем сари худ ба пойи дӯст,
Ҷонро фидо кунем, ки сад ҷон фидойи дӯст.
Дар дӯстӣ мулоҳизаи маргу зист нест,
Душман беҳ аз касе, ки намирад барои дӯст.
Хошо, ки ғайри дӯст кунад ҷо ба чашми ман,
Дидан наметавон дигареро ба ҷойи дӯст.
Аз дӯст ҳар ҷафо, ки расад ҷойи миннат аст,
Зеро, ки нест ҳеҷ вафо чун ҷафойи дӯст.
Бо дӯст ошно шуда, бегонаам зи халқ,
То ошнойи ман набувад ошнойи дӯст.
Ё раб, он ороми ҷони беқарори ман куҷост?
Сӯхт аз дарди ҷудой дил ба умеди висол,
Марҳами доғи дили уммедвори ман куҷост?
Рӯзгоре шуд, ки дур афтодаам, охир бипурс,
К-он сияҳрӯзу парешонрӯзгори ман кучост?
Буд умре бар сари куят Ҳилолӣ хоки роҳ,
Соате, эй маҳ, нагуфтӣ хоксори ман кучост?

Дар бораи вафодорй

Ҷафокоро, вафодорӣ биёмӯз,
Зи ёрон шеваи ёрё биёмӯз!
Ба ҳар кас рӯзи неъмат1 аҳд бастӣ,
Фаромӯшаш макун, дар тангдастӣ!
Чу нон бардоштӣ, хонро: маяндоз,
Намак хурдӣ намакдонро маяндоз.
Набояд рӯзи аввал аҳд3 бастан.
Пас аз бастан намебояд шикастан.
Зи мо сарриштаи аҳд аст зинҳор,
Ки ин сарриштаро аз даст магзор.
Тариқе хуштар аз аҳду вафо нест,
Вале афсӯс, к-он дар аҳди мо нест.
Вафо, гар з-он, ки дар олам набошад,
Чӣ бошад, гар ҷафое ҳам набошад!
Нашояд ҳар замон ёре гирифтан,
Зи ёрон дар дил озоре гирифтан.
Гуле, к-он ҳар замон бошад ба ҷое,
Намеояд аз ӯ бӯйи вафое.
Ба мутриб мухтасибро з-он бувад чанг,
Ки ҳар дам дар мақоме дорад оҳанг.
Яке к-ӯ рӯзу шаб як ҷо муким аст,
Зи ёрони вафодори қадим аст.
Касе, к-аз дӯстӣ берун ниҳад пай,
Дар оини вафо саг беҳтар аз вай.
Зи кӯйи ӯ қадам натвон кашидан,
Ба роҳи ӯ ба cap бояд давидан . . . .

1. Неъмат - сериву пурӣ, фаровонӣ; рӯзи осоиштагӣ.

2. Аҳд - 1. Паймон, ваъда. 2. Замон, вақт.

“АДАБИЁТИ ТОҶИК”

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Баъди 6 сол қатораи Душанбе – Маскав дубора ба роҳ мебарояд

Баъди шаш соли таваққуф ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе аз нав оғоз мешавад. Нахустин қатора рӯзи 21 июн аз пойтахти Тоҷикистон раҳсипор хоҳад шуд.   Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши чипта дар вагони умумӣ 2617 сомонӣ ва дар...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...