Рӯзгори Муҳаммад Авфии Бухороӣ

 Рӯзгори Муҳаммад Авфии Бухороӣ

Рӯзгори Муҳаммад Авфии Бухороӣ

Муҳаммад Авфии Бухороӣ яке аз нависандагон ва адабиётшиносони номдори тоҷику форс мебошад. Ӯ аввалин тазкиранигори адабу фарҳанги гузаштаи мост. Тазкираи «Лубоб-ул-албоб»-и Авфӣ дар ҳалли бисёр масъалаҳои илмӣ- адабӣ сарчашмаи боэътимод буда, дар кушодани бисёр гиреҳҳои сарбастаи ҳаёту эҷодиёти адибони тоҷику форс ба адабиётшиносон кӯмаки калон расонд ва оянда ҳам суд мерасонад.

 

Авфӣ соли II72 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Гузаштагони нависанда аз аҳли уламои замони худ буданд. Аз ин хогир Авфӣ дар Бухоро бо мададу дастгирии волидайн ва кӯмаки ҷадди донишмандаш Шарафудҷини Абӯтоҳир илмҳои маълуми замонашро дар мадрасаҳои Бухоро, назди орифону фозилони маъруф омӯхт ва ҳифз намуд. Пас аз ин барои такмили дониш, ошноӣ пайдо кардан бо шоирон, ахди илм, машоихи дини мубини Ислом ба сафар баромад. Ӯ шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон, Самарқанд, Хоразм, Марв, Нишопур, Ҳирот, Исфизор, Исфароин (Исфара), Систон, Фараҳ, Ғазнин, Лохур, Дехдӣ ва дигар шаҳрҳову вилоятро дид, аз бузургони илму фарҳанг донишашро такмил дод ва барои кори ояндаи хеш мавод ҷамъ намуд. Пас аз бозгашт ба Самарқанд назди тағояш Шарафуззамон, ки яке аз надимони султони Салчуқи Қилич Тамгочхон буд, омад ва ба воситаи ӯ ба хизмати писари Қилич Арслон - Нусратиддин Усмон камар бает. Дар он рӯзгор шоҳзодаро султон валиахди хеш эълон карда буд. Ба ҳамин хотир шоҳзода нисбати бародарони дигар мукаррамтар буд.

Муҳаммади Авфӣ маҳздарҳамин давраи ҳаёташ ба иншои тазкираи «Лубоб-ул-албоб» оғоз кард. Маҳсули сафарҳояшро, ки бо аҳли қалам вохӯрда, сӯҳбатҳо дошт, ба қалам дод. Чанд сол бо ҳамин минвол дар болои асар кор мекарду хизмати шоҳзодаро низ ба ҷо меовард. Чанд сол мегузарад, вале бо сабабҳои номаълум валиахдро тарк мекунад ва боз барои ҷамъ намудани мавод ва сӯҳбат бо адибон ба саёҳати шаҳру вилоёти Мовароуннаҳру Хуросон мебарояд. Авфӣ дар ин сафарҳояш ба Шаҳринав омада мехоҳад, ки ба ҳузури Насруддиншоҳи Кабудҷома шарафёб гардад, аммо мулозимон ба Авфӣ роҳ намедиҳанд. Баъд Авфӣ рубоии зерро навишта ба дасти муқаррабони подшоҳ медиҳад ва илтимос мекунад, ки онро ба подшоҳ расонанд:

 

Эй шоҳ, ба базл баҳру кони дигарӣ,

Дар қолаби мулку адл ҷони дигарӣ.

3-он рӯй Кабудҷома мехонандат,

К-аз рифъату кадр осмони дигарӣ.

 

Ба подшоҳ рубоӣ писанд афтод ва ба мулозимонаш фармуд:

-Равед ва аз ӯ пурсед, ки аз нигоштани ин абёт чӣ мурод дорад?

Омаданд ва сухани подшоҳро ба Авфӣ расониданд. Шоир ба мулозимон ҳарфе назад ва боз хома ба даст гирифту байги зерро эҷод кард ва баъд онро ба мулозимон дод, то онро ба шоҳ бирасонанд:

 

Ҳарчанд, ки бар бисоти шатранҷи ҳунар

Имрӯз, шаҳам, пиёда мебояд рафт.

 

Подшоҳ байтро хонд ва ба истеъдоди шоир офарин хонд. Аспи хубе бо сару абзол ороста, наздаш оварданд. Муҳаммади Авфӣ сару либоси шоҳона пӯшид ва болои маркаб савор шуд ва роҳи хешро идома дод.

Шоир боз ба Бухоро омад, аммо дар ҳамин айём Чингизи хунхор азми Бухоро кард. Аз тарси ҷон Муқаммади Авфӣ ҳам дар қатори садҳо мардум ва аҳли уламою удабо роҳи гурбатро пеш гирифт, ба Ҳиндустон рафт ва дар дарбори ҳокими Синд Носируддини Кубоча (1206-1228) ба хизмат пардохт.Ӯ дар ин ҷо низ ҳамчун надим, ки забони хушу гуфтори ширин дошт, диққати аҳли дарборро бештар ба худ ҷалб намуд. Авфӣ маҳз дар ҳамин ҷо маводи ҷамънамудаашро ба тартиб овард ва иншои тазкираи «Лубоб-ул-албоб»-ро соли 1222 ба анҷом расонид ва онро ба вазири соқибмаърифат Фахриддин Ҳусайн Ибни Шарафулмулк бахшид. Рафта-рафта мақому манзалаташ дар дарбор зиёд гардида, ҳаёти оилавиаш низ рӯ ба беҳй овард. Муҳаммади Авфӣ имконият пайдо кард, то ба нигоштани «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт» огоз намояд. Он чи дар ҷамъомаду сӯҳбатҳо мегуфт, акнун он қиссаву ҳикоёту нақлу ривоётро ба риштаи таҳрир меовард. Пас аз Синд Авфиро ба Деҳлӣ даъват намуданд. Ӯ дар ин ҷо хам яке аз надимони хоссаи султон Шамсиддини Илтутмиш қарор гирифт. Ӯ дар ҳамин ҷо асари насрии худ «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-ро соли 1232 ба анҷом расонид. Дар оянда то поёни рӯзгор Муҳаммади Авфӣ дар Деҳлӣ дар дарбори султонҳои таҳҷойӣ зиндагӣ кард. Ӯ хоҳони бозгашт ба Ватан, ба Бухоро буд. Вале истилои муғул барои бозгашти нависанда имкон надод. Балки аллакай як кисми лашкари чингизиён бар сарзамини Ҳинд пойи номубораки хешро гузошта буданд. Дигар натавонист дидори ёру ошно, пайвандон ва наздикони хешро бубинад. Ҳамин тавр, соли 1242 дур аз Ватан дар Деҳлӣ вафот намуд.

 

(«Адабиёти точик»)

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


САВОЛУ ҶАВОБ

Мехоҳам маънои сано, тасбеҳот, тасмеъу таҳмид ва зикру дуоҳоеро, ки дар дохили намоз хонда мешаванд, бидонам. Тарҷумаи зикрҳо ва дуоҳое, ки дар намоз хонда мешаванд, ба сурати зайл аст: Сано: «Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа...


Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд

Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.   Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60...


Тоҷикистон бо Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дар моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23-юми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи...