Аттори Нишопурӣ
Аттори Нишопурӣ

Абӯҳомид Фаридуддин Аттор соли 1119 дар шаҳри бостонии Нишопур дида ба ҷаҳон бикшуд. Ӯ бештари илмҳои замонашро омӯхт, шуӯрату мақоми хосса пайдо кард ва яке аз пешвоёни тариқати тасаввуф гардид.
Номаш Муҳаммад, бо тахаллуcҳои «Аттор» ва «Фарид» шеър мегуфт. Падараш Абубакр ибни Иброҳим ва гузаштагонаш асосан бо атторӣ (дорусозию доруфурӯшӣ) ва табибӣ умр ба сар бурдаанд ва Аттор тахаллус карданаш низ аз ҳамин ҷост. Падари Аттор умри дароз дида, зоҳиран то он замон, ки шоир «Асрорнома»-ро ба назм медаровард, дар қайди ҳаёт будааст. Модари Аттор зани порсо, покдил, босавод, аҳли маънӣ буд ва гӯё парвариши рӯҳонии ӯ писарашро «Аттор» кардааст. Аттор аз кӯдакӣ дар назди волидайн, бахусус модари хуш хатту саводаш, ба таълиму донишомӯзӣ пардохта, дар баробари аз улуму фунуни адабӣ, ҳикмату калом, нуҷум, тиб, дорушиносӣ, улуми динӣ, монанди тафсир, ривоёту аҳодис, фиқҳ ва ғайра суди комил бардоштан, пайваста ба доруфурӯшӣ ва табибӣ машғул гардидааст. Сарфу наҳви арабиро хуб медонист, бо Қуръон, адабиёти араб ва назарияи адабиёт, илми шеър ошноии комил дошт. Талабот ба табибӣ ва доруфурӯшӣ ва шӯҳрати касб волидайни Атторро ба шаҳри Нишопур меоварад.
Аттор аз авони кӯдакӣ то ба камол расидану идомаи минбаъди зиндагӣ ба молу амвол ниёзмандие надошт ва ҳамин бениёзӣ ба ӯ олами таълиму тадрисро ҳар чӣ фарохтар карда, машғулияти ӯро илова бар доруфурӯшию табобати ҳамнавъон ба фарҳанг афзуда буд. Дар маъхазҳои мавҷуда сабт аст, ки Аттор ҳафтод соли умри худро ба ҷамъоварии маълумот дар бораи зиндагиномаи суфиёну машоих сарф намуда, беш аз чаҳорсад китобро дар мавзӯи ирфон мутолиа карда буд. Натиҷаи ин заҳматҳои ҳамешагӣ «Тазкирату-л-авлиё»-и ӯст. Зиндагиномаи Аттор мудҳиштарин хунрезии маргбори аҳди муғул аст. Вобаста ба талаботи давру замон ва бениёзии маишию маънавӣ Аттор хидмату мулозимати шоҳу ҳокимонро напазируфта, дар ҳалқаи аҳли тасаввуфи вақт камол ёфта, ба ақоиди эшон дилгармӣ дошт ва дар сояи модари рӯҳонӣ ва шояд падараш ҳам, дӯстдори ҳақиқат ва ёри Ҳақ гардид. Аттор ба мактаби аҳли тасаввуф ворид шуда, ҳаргиз андешаи онро накардааст, ки дорухонаро ба тороҷ диҳад ва сар ба биёбон ниҳод. Баръакс, дар хилвати ҳамон дорухона соатҳои фароғатро ба хондану навиштан мегузаронд, асарҳояшро таълиф менамуд, барои тану рӯҳи ҳамнавъонро саломат нигоҳ доштан заҳмат мекашид. Вай аз машоихе буд, ки тағйири ҳол карда бошад ҳам, аз машғулияти дунявӣ ва касби маош боз наистодааст. Аттор ҳаҷ карда буд ва мувафиқи маълумоти Ҷомӣ аз муридони Шайх Маҷидуддини Бағдодӣ, маъруф ба Хоразмӣ ва аз тарбиятёфтагони мактаби Шайх Наҷмуддини Кубро мебошад. Ҳикоятест, ки дар пирии Аттор, ҳангоме ки Баҳоуддин Муҳаммад, падари Ҷалолуддин Муҳаммад, маъруф ба Мавлавӣ бо аҳли оилааш раҳсипори Ироқ буд, дар Нишопур бо писараш ба хидмати Шайх мерасад. Аттор дар ин дидорбинӣ нусхае аз «Асрорнома»-ро ба Ҷалолуддини хурдсол бахшида будааст. Ин ҳикоят ҳақиқати таърихӣ дорад, зеро «Маснавии маънавӣ» дар шеваи маснавии Аттор эҷод шудааст.
Мероси адабӣ
Аз Аттор то ба замони мо осори бисёри манзуму мансур ба мерос мондааст. Дар маъхазҳои мавҷудаи адабию таърихӣ адади офаридаҳои адибро аз 40 (Давлатшоҳи Самарқандӣ) то 114 (Нуруллоҳи Шуштарӣ) ва 190 (Ризоқулихони Ҳидоят) нишон додаанд. Асарҳое, ки то имрӯз дар заминаи боэътимоди таҳқиқи илмӣ маҳсули эҷоди ӯ дониста шудаанд: «Мантиқу-т-тайр», «Мусибатнома», «Илоҳинома», «Асрорнома», «Хусравнома», «Мухторнома», «Ҷавоҳирнома», «Шарҳу-л-қулуб», «Девони қасоид ва ғаза-лиёт», «Тазкирату-л-авлиё», «Панднома» ва «Футувватномаи манзум». Аз «Ҷавоҳирнома» ва «Шарҳу-л-қулуб»-и ӯ ба ҷуз ном чизе боқӣ намондааст.
«Тазкирату-л-авлиё»
Дар байни осори Аттор «Тазкирату-л-авлиё» асари мансур буда, таърих, саргузашт, гуфтору рафтору кирдор ва ақоиди авлиёву суфиёнро дар 988 ҳикоят фаро гирифтааст. Муҳаққиқон соли таълифи онро 1219 шумурдаанд. Ин асар дар заминаи «Табақоти суфия»-и Абдурраҳмони Суламӣ, «Рисолату-л-қурайшия»-и Қурайшӣ, «Кашфу-л-маҳҷуб»-и Ҳуҷвирӣ эҷод гардида, дар навбати худ ба «Нафаҳоту-л-унс…»-и Ҷомӣ таъсири амиқи услубию ғоявӣ расондааст. Дар иншои он ду сифати нек: содагӣ ва ширинӣ зоҳир аст. Ба қавли М. Баҳор «…тақрибан сабки насри салису равони аҳди Сомониёнро дорад». Аттор дар шеър таҳаввул ва инқилобе эҷод кардааст. Ӯ дар ҳақиқат тавонист, ки муҳтавои шеърро нав кунад ва дар ин роҳ соҳибмактаб гардаду суханварони оянда бо эҳтиром вайро устод хонанд. Мавлонои Рум фармудаанд:
Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,
Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.
Аттор бо офаридаҳои худ дар такомули афкори адабии форс-тоҷик нақши боризе дорад, ки минбаъд ҳам дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ пазируфтанию короянд.
Мутафаккир умри зиёд дид ва соли 1221 аз дасти Чингизиён ба қатл расид. Перомуни қатли Шайх Аттор муаллифи тазкираи «Рӯзи равшан» Ҳусайни Сабо ҳикояти дардомезе меорад:
«Муғуле аз он лашкар Атторро ба мақтал (қатлгоҳ) кашид.
Шайх гуфт:
– Кулоҳи намад бар сару шамшери мисрӣ бар камар, барои тороҷу қатл аз Туркистон омадӣ ва медонӣ, ки дар ин парда туро намешиносанд.
Муғул хост, ки Шайхро ба қатл расонад. Шахсе пайдо шуд ва гуфт, ки ин касро макуш. Ман бар ивази хуни ин ҳаждаҳ ҳазор дирҳам медиҳам.
Шайх ба муғул гуфт:
– Эй оқо, маро мафрӯш, ки қимати ман зиёда аз ин аст. Баъд аз он чун андаке роҳ қатъ намуд шахси дигар пеш омаду гуфт:
– Ин пирро макуш ва ба ман бифрӯш. Барои қимати вай як тӯрба коҳ хоҳам дод. Шайх Аттор гуфт:
– Бифрӯш, ки беш аз ин намеарзам.
Муғул ба ғазаб омад ва Шайхро «шарбати шаҳодат чашонид» (кушт).
Оромгоҳаш дар канори ш. Нишопур зиёратгоҳи хоссу ом аст. Охири асри 15 бо маблағ ва фармони Амир Алишери Навоӣ дар сари марқадаш хонақоҳ сохта будаанд.
(“Адабиёти тоҷик”)