Саъдуддини Варовини

Саъдуддини Варовини

Саъдуддини Варовини

Саъдуддин нависаидаи хушзавк, ва донишманди тавоное будааст. У дар нимаи дуюми асри XI ва нимаи аввали асри XII зиндагй кардааст. Нависанда илмҳои маъмули замонаро аз худ намудааст. Махсусан, аз таърих ва фарҳанги гузаштагони хеш огоҳии комил доштааст. Саъдуддин аз хурдсолй хикоёту масалҳои халкй, нақлу ривоят, зарбулмасалу мақоли мардумиро аз бар менамуд. Исботи суханони мо асари ханман бузурги “Марзбоннома” шуда метавонад. Ин асар дар асри X бо лаҳчаи мардуми Табаристон аз тарафи Марзубон ибни Рустам ибни Шахриёр эҷод гардида буд. Вале мутолиаи он барои мардуми дигар манотики Эронзамин душвортар гардид. Ба хотири сода ва дастраси ом гардонидани мазмуну мухтахои “Марзбон- нома”-и Марзубон ибни Рустам онро аз нав иншо намуд. Вале номашро тағйир надод. Боз онро бо номи муаллифи аввалааш Марзбон лоиқ донист.

Саъдуддин ба асар ҳикоёту тамсилот, нақлу ривоёт ва дигар

асарҳои халқиро ворид сохт, ки бисёр чолибу хушоянданд.

Мавзуи ҳикоёту тамсилоти “Марзбоннома” рангин буда, барои

тарбияи инсонҳо аҳамияти бузург доранд. Панду андарзҳои

ҳакимона мардуми ҷомеаро ба ростию покй, хоксорию

ватандустй, шоҳону ҳокимонро ба адлу дод, некию накукорй

ҳидоят мекунанд. Дар баробари ин нависанда дар зимни асарҳои

халқй хисоли нопоки одамй: дуруғгуй, фиребу найранг, кибру

ғурурро сахт накуҳиш менамояд.

ХУРУС БО РУБОҲ

Зирак гуфт: - Шунидам, ки Хурусе буд чаҳонгардида ва

домҳои макр дарида ва бисёр достонҳои рубоҳон дида. Рузе ин

Хурус ба тамошои бустон мегашт.

Фаротар рафт бар сари роҳе биистод. Чун лолаи шукуфта,

колаҳои надии мушкин аз фарқу торак бар душ ва гардан афтода,

ҳукаи лаъл бар гушаи кулох пушонида, дар кисвати мунаққаш

бинишонда. Чун арус дар хичла ва товус дар чилва домана

раъное пойкашон мегардид. Овозе бикард. Рубохе бишнид.

Тамаъ дар он Хурус овард ва ба ҳирсе тамом бидавид, то ба

наздики Хурус омад. Хурус аз бим бар деворе част. Рубоҳ гуфт:

- Аз ман чаро мехаросй? Бидон, ки ман ин соат дар ин перомун

мегаштам. Ногоҳ бонги намози ту ба гуши ман омад. Аз

нағамоти ту дил дар панчаи синаи ман тапидан гирифт. Агарчй

ту мавзунй, руминажодй, дар пардаи завқ ва шавқ ба самъи ман

расониданд ва силсилаи ваҷди ман бичунбониданд, то ҳамчун

Билол аз Хабата, аз Рум дуойи ту маро ба ин чо кашонид. Байт:

Ман гирди сари куйи ту аз баҳри ту гардам,

Булбул зи пайи гул ба канори чаман ояд.

Инак бар азми ин табрик омадам, то баракоти анфосу

истиноси ту дарёбам ва лаҳзае биосояму туро огоҳ кунам, ки

подшоҳи вақт мунодй фармудааст, ки ҳеч кас мабод, ки бар кас

бедод кунаду андешаи ҷавру ситам дар дил гирад, то зурманде

даст дароз накунад. Ва чуз ба лутфу эҳсон ба якдигар зиндагй

накунанд.

Чунон, ки кабутар ҳам ошёни уқоб бошаду магас ҳам хочаи

анкабут. Шер дар беша ба таарузи шагол машғул нашавад ва

юз дандони тамаъ аз оҳу баркашад. Саг дар пустини рубоҳ

наяфтад ва боз кулохи хурус нарабояд.

Хурус дар миёнаи сухан гардан дароз карду суи роҳ нигарист.

Рубоҳ гуфт:

- Чй менигарй?

Гуфт:

- Чонваре мебинам, ки ба ин ҷониб меояд. Чунон, ки бод бар

гардаш намерасад. Гурге бо думи дарозу гушҳои бузург ру ба

мо ниҳодаасту чунон меояд, ки чун тир аз камон.

Рубоҳро аз ин сухан санги ноумедй дар дандон омад ва

табларзаи хавл бар аъзо афтоду аз қасди хурус даргузашт.

Саросема талабид, ки бад-он пинҳон шавад.

Хурус гуфт:

- Биё, беҳтар бингарем, кй меояд?

Рубоҳ гуфт:

- Ин иморату аломат, ки шарҳ медиҳй, чунон менамояд, ки

саги тозй аст ва маро аз дидани ӯ басе хуррамй набошад.

Хурус гуфт:

- На ту мегуй, ки мунодй аз адли подшоҳ нидо дар чаҳон

додааст, ки касро бар кас адоват нарасад. На имруз ҳамаи

ботилчуёни чаврпеша аз бими қаҳру сиёсати ӯ озари халқ раҳо

кардаанд?

Рубоҳ гуфт:

- Аммо имкон дорад. ки ин саг он бонги мунодй нашунида

бошад ва ин овоза бад-ӯ нарасида. Беш аз ин дар маком таваққуф

шоиста нест.

Аз он ҷо барҷаст ва ба сурохие дархазид.

Ин афсона аз баҳри он гуфтам, ки шояд яке аз чумлаи ин

қавм овозаи мувофиқати аҳд нашнида бошад, бишнавад ва адлу

дод баргузинад.

Баракат чист?

Кофире гуфт: Шумо мусалмонҳо дар бораи «Барака» сухан мекунед, дар асл «Барака» гуфтани чиз вуҷуд надорад.

Иброҳим ибни Адҳам гуфт : Оё саг ва гусфандро дидаӣ?

Кофир гуфт : Бале дидаам.

Иброҳим ибни Адҳам гуфт : Кадоме аз ин ду зиёд таваллуд мекунад?

Кофир гуфт : Саг аз ҳафт зиёд таваллуд мекунаду гусфанд як ё дуто таваллуд мекунад.

Иброҳим ибни Адҳам гуфт : Чун ба гирду атроф назар бикунӣ кадомашон зиёд аст?

Кофир гуфт : Гусфандҳо зиёд ҳастанд .

Иброҳим ибни Адҳам гуфт : Оё ҳамин гусфанд дар меҳмондориву туйю қурбонӣ кушта намешавад?

Кофир гуфт : Бале.

Иброҳим ибни Адҳам гуфт : Анаҳамин чиз «Баракат» ҳаст.

Кофир гуфт : Чаро гусфанд «Барака» дораду саг не?

Иброҳим ибни Адҳам гуфт : Зеро ки гусфанд дар аввали шаб хоб намуда пеш аз намози бомдод мехезад ва чун вақти раҳматро дарёфт кард соҳиби «Баракат» шуд .

Аммо саг бошад шаби дароз аккос мезанад ва чун вақти намози бомдод наздик шуд хоб мекунад бо сабаби вақти раҳматро дарёфт накарданаш соҳиби «Барака» нашуд.

«Адабиёти тоҷик»

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...


Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...

Ҳамасола 30-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил карда мешавад.   Рӯзи байналмилалии дӯстӣ соли 2011 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид. Ҳадафи асосии ин рӯз таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди хушунат, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби...


Душанбе мизбони мусобиқаи Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 мешавад

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) идомаи тавсеаи тақвими мусобиқаҳои худро эълон намуда, аз таъсиси силсилаи нави мусобиқаҳои Grand Prix байни ҷавонон (Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026) хабар дод.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, нахустин мусобиқа дар таърихи ин...