Зиндагиномаи Умари Хайём

Зиндагиномаи Умари Хайём

Зиндагиномаи Умари Хайём

Умари Хайём рӯзи 18 моҳи майи соли 1048 дар Нишопур дар хонадони хаймадӯз ба дунё омадааст ва дар рӯзи 4 декабри соли 1131 дар худи ҳамон шаҳр дар даст «Китоб-уш-шифо»-и Ибни Сино аз дунё гузаштааст.

 

 

Умари Хайём пеш аз он ки манзили гулафшони охираташро дар зодгоҳаш ёбад, замоне бо даъвати подшоҳи қарохонӣ ба Бухоро ва Самарқанд рафта буд, дар он ҷо дер намонда, ба Нишопур бармегардад. Вале вақте ки соли 1095 дар зодгоҳаш таъқибу озори озодандешоне мисли ӯ аз тарафи мутаассибон оғоз мегардад, маҷбур мешавад бо баҳонаи ҳаҷ Нишопурро тарк бигӯяд ва танҳо пас аз хомӯш гардидани балво баргардад.

Умари Хайём аз шеър танҳо рубоӣ сароидааст ва он ҳам имрӯз дар шакли ба истилоҳ «рубоиҳои сайёр» мавҷуд мебошанд, яъне, бисёре аз он рубоиҳо, ки ба ӯ нисбат медиҳанд, дар девону куллиёти шоирони дигар низ мавҷуд мебошанд. Аз ин сабаб баҳси нисбати онҳо ба шоир ва миқдори воқеии онҳо то имрӯз давом дорад. Сарчашмаҳои гузашта ва муосир миқдори онҳоро аз шаш то ба панҷ ҳазор зикр намудаанд.

Умари Хайём дар рубоиҳояш дар бораи зиндагию марг, маънии ҳастии одам, замон, ҷойи одам дар он ва ғ., яъне дар бораи он муаммоҳое, ки ҳар яки мо ба онҳо ҳамарӯза ҷавоб меҷӯем, мулоҳиза меронад ва кӯшиш мекунад, ки ба саволҳои “Кием?”, “Аз куҷо омадаем?”, “Ба куҷо меравем?”, “Барои чӣ омадаем?” ва ғ. посух бигӯяд. Бино ба қавли Хайём, зиндагӣ даргузар аст, ҳар як пайи якдигар якояк бишаванд, касе дар ин ҷаҳон ҷовидон нест. Аз ин сабаб ҳаётро бояд қадр кард ва онро ба хушӣ гузаронд.

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,

Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.

Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон

Умр асту бад-он сон гузаронӣ, гузарад.

Аз назари Хайём марг давоми мантиқии зиндагист, аз ин сабаб аз он набояд тарсид. Ӯ мегӯяд, ки инсон агар сад сол зияд, ҳазор сол умр бинад, оқибат хоҳад рафт ва назди марг ҳама баробаранд, чи шоҳу чи гадо, чи пиру чи барно. Вале ин дунё ҳазорҳо сол боқӣ хоҳад монд. Аз ин рӯ ӯ донистанист, ки чаро одам ба дунё меояд ва барои чӣ зуд аз он меравад.

Онон ки куҳан буванду онон ки наванд,

Ҳар як пайи якдигар якояк бишаванд.

В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,

Рафтанду равему боз оянду раванд.

Дар асоси рубоиҳое, ки шоир дар мавзӯи маю майгусорӣ ва хушбошию хушгузаронии умр, асрори азал, ин дунёву охират, сарнавишт, биҳишту дӯзах ва ғ. сурудааст, баҳси доманадоре ба вуҷуд омадааст, ки Хайём кист: каси бадмаст, даҳрӣ ё сӯфӣ? Ин баҳсро худи ӯ тезутунд намудааст, зеро ба забони ҳол омадааст, ки:

Як даст ба Мусҳафему як даст ба ҷом,

Гаҳ марди ҳалолему гаҳе марди ҳаром.

Моем дар ин гунбади фирӯзарухом,

На кофири мутлақ, на мусулмони тамом.

Умари Хайёмро наметавон шоири бадмаст ё бадмастӣ номид, зеро майи ӯ сирф майи ангурӣ нест, балки майи адабӣ ва майи маънавист. Маест, ки аз дараҷаи майи ангурӣ берун рафта, ба рамзи хушӣ, зебоӣ, лаззати индунёӣ, ба тасвири шоирона табдил ёфтааст.

Ман бода хурам, валек мастӣ накунам,

Илло ба қадаҳ дароздастӣ накунам.

Донӣ, ғаразам зи майпарастӣ чӣ бувад?

То ҳамчу ту хештанпарастӣ накунам.

Умари Хайёмро ҳамчунин наметавон шахси даҳрӣ, бедин номид, зеро ӯ мусулмони комил буд. Аммо вай азбаски олим буд, ба ҳар чиз ва ба ҳар ҳодиса аз рӯйи ақлу мантиқ менигарист, чунонки ин корро пеш аз ӯ Ибни Сино ва Носири Хусрав карда буданд. Вай ҳам мисли ин саромадони бузурги худ ҳар чиву ҳар касро, ки ба ақл мувофиқ буд, пазируфтааст ва он чиро, ки мувофиқ нест, рад кардааст. Чунончи:

 

Соли Умари Хайём

Умари Хайём шоир, мутафаккир, риёзидон ва файласуфи оламшумул аст, ки дар ҷаҳон аз фарзандони Шарқ касе ба монанди ӯ соҳибшуҳрат ва маҳбуб нашудааст.

Гарчанде, дар ҷаҳон Хайёмро қадршиносӣ мекунанд, вале мо — меросбарони ӯ номашро ба таври бояду шояд пос намедорем…

Барои мисол рубоиёти ҳакимонаи Умари Хайём китоби рӯимизӣ ва дастурамали Президенти Федератсияи Россия, В.В. Путин гардидааст. Бо ташаббуси бевоситаи Президенти Русия дар Волгоград ҳайкали муҳташами Умари Хайёмро, ҳамчун «Шоири барҷастаи форс-тоҷик» гузоштаанд ва кинофилми ҳафтсериягие дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Умари Хайём ба навор гирифтанд, ки ин боиси ифтихори мардуми тоҷик, дар арсаи ҷаҳон мебошад.

Аҷиб аст, ки панҷ риёзидони машҳури олам ба монанди Умари Хайёму Насриддини Тӯсӣ, Паскалу Нютон ва до-Винчи табъи шоирӣ доштанд. Кам мегуфтанд, вале бо завқи баланд.

Хайёми мо низ дар баробари шоирӣ кашфиётҳои ниҳоят муҳими илмӣ анҷом дод, ки уламои Ғарб баъд аз 500 сол онро мавриди истифода қарор доданд. Бинобар ин, Абулфатҳ Умар, ибни Иброҳими Нишопурӣ маъруф ба Умари Хайём аз чеҳраҳои тобноки улуми риёзӣ, нуҷум ва ҳикмати ҷаҳон дар қуруни Вусто ба шумор меравад.

Илова бар ин, Умари Хайём рисолаи арзишманди «Наврӯзнома»-ро ба мерос гузоштааст. Имрӯз, ки Наврӯзи мо ҷашни ҷаҳонӣ аст, маҳз ин рисолаи ҳаким роҳнамои мо мебошад.

Боиси таассуф аст, ки дар Тоҷикистон Ҳаким Умари Хайёмро ба сатҳи зарурӣ пос намедорем ва паёми ӯро ҳамчун шоир ва олим сармашқи кори худ намекунем.

Ҳатто рӯзҳои махсусеро барои пос доштани бузургдошти Умари Хайём ҷудо накардаем.

Барномаи бузургдошти Хайёми ҳаким тавассути ЮНЕСКО дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун як ҷашни пуршукӯҳ, моҳи сентябри соли 1999 дар Париж сурат гирифт.

Банда пешниҳод мекунам, ки солгарди Умари Хаём бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил шавад.

Ҳамчунин, хуб мешуд, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии ЮНЕСКО ҷашни бузургдошти Умари Хайём таҳти унвони «Наврӯзи Хайёмӣ» дар сатҳи баланди ҷаҳонӣ таҷлил шавад.

Итминони комил дорам, ки равшандилону маорифпарварони Ватанӣ нисбати бузургдошти ин ситораи дурахшони Хуросони бостонӣ бетараф намемонанд.

Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина аллакай қадамҳои нахустинро гузоштанд. Эшон дар маркази шаҳри Душанбе боғи истироҳатиеро ба номи Умари Хайём ифтитоҳ намуданд.

 

Раҳмат Шералиев Омӯзгор

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Тиҷорати Тоҷикистону Русия 21% афзуд

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон ба 7 млрду 943,7 млн доллар расидааст, ки дар он Русия ҷойгоҳи хост дорад. Дар ин муддат гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст. Ин дар муқоиса бо январ – июли соли гузашта қариби 21% зиёд мебошад. Дар ин...


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...