Зиндагии паёмбар ﷺ

Зиндагии паёмбар ﷺ

Зиндагии паёмбар ﷺ

Бидон хонандаи азиз! ки Худованд падари ӯро аз дучоршавӣ ба зино нигоҳ дошта буд ва дар тӯли ҳаёташ зино накарда буд, яъне Паёмбар ﷺ аз никоҳи дурусту саҳеҳ ба дунё омада буд. Паёмбар ﷺ рӯзи душанбе, дар моҳи Рабиъулаввали соли Фил, чашм ба дунё кушод.

 

Уламои таърих мегуянд: вақте ки Омина модари Паёмбар ﷺ ҳомиладор шуд, гуфт: аз рузе, ки ҳомиладор шудам, ягон вазниниеро ҳис накардам ва чун фарзандам ба дунё омад, нуре буд, ки байни машриқу мағрибро равшан мекард.

Дар ривояти саҳеҳтаре омадааст, ки вақте паёмбар ﷺ дар батни модараш буд, падараш Абдуллоҳ дар синни бистучаҳор солагӣ аз дунё гузашт, яъне паёмбар ﷺ дар ҳоле ба дунё омад, ки ятим буд.

 

Ширхорагии паёмбар ﷺ

Сувайба, канизаки Абулаҳаб паёмбар ﷺ -ро шир дода буд, инчунин дар қабилаи Саъди, Ҳалимаи Саъдия ӯро шир дод ва дар онҷо тақрибан чаҳор сол буд, то ин ки синааш шикофта шуду аз дохилаш гӯштпораеро берун карда шуд, ки мавзеъи васвасаи шайтону нафс буд.

Баъди ин ҳодиса Ҳалима ӯро ба модараш баргардонд.

 

Вафоти модари паёмбар ﷺ

Ҳангоме ки паёмбар ﷺ бо модараш ба сӯи Мадина сафар карданд, дар роҳ, дар минтақаи Абво модараш аз дунё гузашт, дар ин вақт паёмбар ﷺ шашсола буд.

Дар айёми соли Фатҳ, вақте ки паёмбар ﷺ ба сӯи Макка меомад, аз Худованд иҷоза хост, ки қабри модарашро зиёрат кунад, Худованд паёмбар ﷺ -ро иҷозат дод. Чун паёмбар ﷺ сари қабри модараш истода гиря кард ва мардуми атрофаш низ ба гиря даромаданд, дар он ҷо Паёмбар ﷺ гуфт: «Қабрҳоро зиёрат кунед, чунки маргро ба ёд меорад». (Ривояти Муслим)

Баъди аз дунё гузаштани модари паёмбар ﷺ Умми Айман, канизаки падараш паёмбар ﷺ -ро дар тарбияти худ даровард ва кафолати ӯро падаркалонаш Абдулмуталиб ба уҳда гирифт.

 

Вафоти падаркалон

Чун сини паёмбар ﷺ ба ҳаштсолагӣ расид, падаркалонаш низ дар сини ҳаштоду ду солагӣ аз дунё даргузашт вале қабл аз вафоташ амаки паёмбар ﷺ Абутолибро васият карда буд, ки кафолати паёмбар ﷺ -ро ба ӯҳда гирад.

 

Хонадоршавии паёмбар ﷺ

Паёмбар ﷺ дар синни бисту панҷсолагӣ ба ҳазрати Хадиҷа хонадор шуд. Вақте ки паёмбар ﷺ ба молҳои Хадиҷа бо ҳамроҳии ғуломи Хадиҷа, Майсара ба сафари тиҷорат ба сӯи Шом баромаданд, Майсара сидқу амонати паёмбар ﷺ -ро дид ва пас аз баргаштан ҳамаи он сидқу амонати паёмбар ﷺ -ро дар назди Хадиҷа қисса кард, Хадиҷа баъди шунидан аз сидқу амонати паёмбар ﷺ ба хулоса омад, ки бо паёмбар ﷺ издивоҷ кунад.

 

Фарзандони паёмбар ﷺ

Фарзандони паёмбар ﷺ ҳамаашон аз ҳазрати Хадиҷа буданд, магар Иброҳим, ки аз Морияи Қибтия буд.

Морияи Қибтияро Муқавқис, шоҳи он вақтаи Миср ба паёмбар ﷺ ҳадя карда буд.

Номҳои фарзандони паёмбар ﷺ аз бачаҳо, яке Қосим ном дошт, ки паёмбар ﷺ -ро бо номи ӯ куня дода буданд, барои ҳамин паёмбар ﷺ -ро Абулқосим мегуфтанд.

Қосим баъди тавалудаш чанд рӯзе зинда монду аз дунё гузашт, инчунин дигар фарзандонаш Тоҳиру Тайиб буданд ва дар дигар ривоят омадааст, ки яке аз фарзандонаш Абдуллоҳ ном дошту лақабаш Тоҳиру Тайиб буд.

Аммо Иброҳим дар Мадина ба дунё омада буд ва як солу ҳашт моҳ умр дида, сипас аз дунё даргузашт.

Аммо духтарони паёмбар ﷺ бошанд, аз ҳама духтари калонияш Зайнаб буд, ки шавҳараш бачаи холааш Абулъос буд, духтари дуюми паёмбар ﷺ Руқия ном дошт, ки шавҳараш ҳазрати Усмон буд. Духтари сеюмаш Фотима буд, ки шавҳараш ҳазрати Алӣ буд, духтари чаҳорумаш Умми Кулсум буд, ки паёмбар ﷺ баъд аз ин ки Руқия аз дунё даргузашт, Умми Кулсумро ба никоҳи ҳазрати Усмон даровард.

Имом Нававӣ мегуяд: Бе ягон хилоф миёни уламо паёмбар ﷺ чаҳор духтару се бача дошт.

 

Худованд паёмбарашро ба сӯи мардум фиристод

Вақте ки Худованд паёмбар ﷺ -ро ба сӯи мардум фиристод, чиҳилсола буд, дар таърихи ҳабдаҳуми Рамазон, рӯзи душанбе малоика (Ҷабраил ) ваҳйи (суханони) Худовандро ба паёмбар ﷺ расонд. Вақте ки ба паёмбар ﷺ ваҳй нозил мешуд, бар сараш каме вазниние меомад, то дараҷае, ки аз шиддаташ рангаш дигар мешуду пешонияш арақ мекард.

 

Ҳиҷрати паёмбар ﷺ  ба Мадина

Паёмбар ﷺ бо ҳамроҳии Абубакр ба самти Мадина роҳ пеш гирифтанд, дар ғори Савр се рӯз монданд, то ки Қурайш онҳоро пайдо накунанд, сипас роҳашонро давом дода дохили Мадинаи мунаввара шуданд. Мардуми Мадина онҳоро бо тамоми меҳрубонӣ ва хушӣ қабул карданд.

Паёмбар ﷺ дар Мадина ҳам масҷидашро ва ҳам хонаашро бино кард.

 

Сифатҳои паёмбар ﷺ

Паёмбар ﷺ китфҳои паҳм дошт, қоматаш на баланди зиёд буду на паст, балки миёна буд, пӯсти арғувонӣ дошт, яъне сафеди моил ба сурхча буд, чашмони сиёҳ дошт, сари синааш мӯи камтар дошт ва дар байни синаву шиками муборакаш каме мӯй дошт.

 

Ахлоқи паёмбар ﷺ

Аз беҳтарини мардум ва ростгӯйтарин инсон дар суханҳояш ва мулоимтарин табиъат ва мукарамтарини мардум буд, чунон ки Худованд мефармояд: «Ҳамоно ту бар ахлоқи бузург пойдор ҳастӣ» (Сураи Қалам, ояти 4)

Инчунин яке аз шуҷоътарин ва ботавозуътарин ва бо ҳаётарини инсонҳо буд, ҳатто аз духтари бошарме, ки аз хона берун намеояд, ҳаёи паёмбар ﷺ зиёдтар буд, ҳадяро қабул мекарду ҳадя медод, садақаро на қабул мекарду на мехӯрд, ба хотири худаш ғазаб намекард, балки агар ғазаб мекард, ба хотири Худо ғазаб мекард ва ҳар намуд таъоме ки ба наздаш меоварданд, ӯро барнамегардонд, балки аз он мехурд ва дар таъом таъна ҳам намезад ва чизеро ки барои ӯ намеоварданд, талаб намекард ва таъомашро такязада ё ба пушт ё ба шикам зада намехӯрд.

Рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо мегузашту аз хонаҳояш дуди оташи таъомпазӣ намебаромад, бо фақирону камбағалон менишаст, беморонро хабар мегирифту дар ҷанозаҳо ҳозир мешуд.

Гоҳҳо шухӣ мекард, лекин дар шухиҳояш ҳақро мегуфт ва механдид, лекин қаҳқаҳа намекард ва бо аҳлу оилааш рафтори хуб мекард, онҳоро кӯмак мекард ва мегуфт:

«Беҳтарини шумо касест, ки барои аҳлу оилааш беҳтарин бошад ва ман бар оилаам беҳтарин ҳастам». (Ривояти Тирмизӣ)

Аз Анас ривоят аст, ки гуфт: Ман даҳ сол ба паёмбар ﷺ хидмат кардам, дар ин муддат ягон вақте нашуда буд, ки кореро карда бошаму ба ман гуфта бошад, ки чаро ин корро кардӣ ва нашуда буд вақте, ки кореро накарда бошам, ба ман гуфта бошад, ки чаро ин корро накардӣ, ё гуфта бошад, ки ту бояд ин корро мекардӣ!

Барои мардум бисёр лутфу меҳрубонӣ мекард, ба онҳо муъҷизаҳо нишон медод.

Яке аз муъҷизаҳояш ин буд, ки моҳро Худованд барояш ду пора карда буд ва аз миёни ангуштонаш об ҷорӣ шуда буд, инчуни дарахти хурмо ба сӯяш сар хам карда буд ва уштур дар наздаш шикоят карда буд ва Худованд ӯро аз баъзе корҳои ғайб хабардор карда буд, ҳар коре ки пешгӯӣ мекард, ҳатман он кор рӯй медод.

 

Ибодатҳо ва рӯзгору маъишати паёмбар ﷺ

Ҳазрати Оиша мегуяд: Паёмбар ﷺ чунон дар шабҳо намози зиёд мехонд, ки пойҳояш варам мекарданд, чун инро ба ӯ ёдоварӣ мекарданд, мегуфт: оё бандаи шукргузор набошам?! (Муттафақун алайҳ)

Ва тахти хобе, ки дар болояш хоб мекард, аз зишттарин пусти дарахти хурмо бофта шуда буд.

Инчунин аз ибни Умар ривоят шудааст, ки гуфт: Паёмбар ﷺ -ро дидам, ки рӯзашро бегоҳ мекард ва агарчи хурмои баде ҳам пайдо мекард, мехӯрд, то ки гуруснагиро аз худ дур кунад.

 

Вафот

Паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад ﷺ рӯзи душанбе, 12-уми рабиул-аввали соли 11 ҳиҷрӣ, баробар ба 8-уми июни соли 632 дар Мадинаи мунаварра маъвои абадӣ ёфт ва оромгоҳаш зиёратгоҳи мусалмонон гардид.

Лекин хонандаи азиз, инро бояд донист, ки ҳар мушкилву машаққате, ки дар дунё дид ва аз сараш гузашт, ин барояш басанда аст, ки сайиди зиндаҳову гузаштагону ояндаҳо аст ва шукру сипос Худоеро, ки моро аз умматони ӯ гардонд ва моро Худованд барои тоъати ӯ муваффақ гардонд ва боз дуъо мекунем, ки Худованд моро дар ҳоле ҳашр кунад, ки Қуръону Суннат дар синаҳои мо бошад. Омин!

 

“Нурул якин”

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...