Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Хӯрдани майгу (креветки), саратон (раки) ва харчанг (краб) ҷоиз аст?

Донишмандони мазҳаби ҳанафӣ тавзеҳ медиҳанд, ки «ҷонварҳои баҳрӣ», ки дар Қуръон ва суннат зикр шудааст, моҳӣ ҳастанд. Яъне, ҳама навъҳои моҳии зинда ва мурдаро, ки дар об ҳастанд, истеъмол кардан мумкин аст, ба истиснои онҳо, ки мурданд ва ба рӯи об баромаданд. Намудҳои моҳӣ, аз қабили саратонҳо, харчангҳо, мидияҳо, қурбоққаҳо, майгуҳо, калмарҳоро ҳамчун ғизо истифода бурдан мумкин нест. Ҳарчанд забоншиносон майгуро ба як навъ моҳӣ тасниф мекунанд. Бар асоси ин иддае аз уламои ҳанафӣ истифодаи майгуро дар ғизо иҷоза додаанд.

Хулоса: Аз ҳайвоноти баҳрӣ истеъмоли моҳӣ ва навъҳои моҳӣ иҷозат дода мешавад. Майгу иҷозат дода мешавад. Аммо дар мазҳаби ҳанафӣ саратон ва харчанг истеъмол кардан мумкин нест, зеро онҳо ба навъҳои моҳӣ тааллуқ надоранд. (Бадоиу ас-санай)

Лутфан бигўед, ки дар вақти ҳайз зан метавонад, ки сураи Қуръон гўш кунад?

Зан дар ҳолати ҳайз ё нифос Қуръон хонда наметавонад, аммо гўш кардани сураи Қуръон барои ў ишколе надорад. (Ҳидоя)

Вақте ки зану шавҳар ҷудо мешаванд, “ҳақи модар бештар аст” гӯён, фарзандро бо зан мегузоранд. Мехостам донам, ки аз назари ислом ҳақи падар чӣ қадар аст ва аз чандсолагии фарзанд он бештар мешавад?

Дар сурати ҷудо шудани зану шавҳар модар ба нигаҳдорӣ ва парастории фарзанд сазовортар буда, падар нафақа ва харҷи парастории фарзандро бояд пардохт намояд. Ҳақи модар дар ҳама синну сол нисбат ба падар бештар аст, зеро модар дар зодан ва ба воя расонидани фарзанд ранҷи бештар мекашад.

Албатта, бо ин мо гуфтанӣ нестем, ки падар ҳақ надорад. Волидайн бояд ҳанӯз аз овони кўдакии фарзандонашон ҳуқуқҳои падару модарро ба эшон омӯзанд, то замони пирӣ онҳоро ҳурмату эҳтиром ва дастгирию парасторӣ намоянд. (Ибни Обидин)

Писари шашмоҳаам фавтид. Оё модар метавонад ба зиёрати фарзандаш ба қабристон равад?

Хоҳари азиз, аз дидгоҳи мазҳаби ҳанафӣ рафтани занҳо ба қабристон ҷоиз аст, фақат бо риояи шароит, яъне ҳангоми ба қабристон рафтан аввалан аз шавҳараш иҷозат гирад, сатри шаръиро риоя карда, аз нолаву фиғону мўй кандан худдорӣ кунад. Албатта дар он ҷо фотиҳа хондан барои аҳли қабристон боиси аҷру савоб аст. (Хошияти Тахтови)

Понздаҳ соли охир бо модарам зиндагӣ кардам. Аз шавҳарам низ ҷудо шуда, фарзанду хешу таборе надорам. Чанде пеш модарам аз олам гузашт. Ҳоло, дар 65 солагӣ танҳойи танҳо дар дунё мондаам. Рӯзи дароз дар хона танҳо ҳастам. Ҳатто пас аз марг мумкин касе ёфт нахоҳад шуд, ки маро ба хок бурда супорад. Чӣ гуна аз чунин танҳойӣ дур шуд?

Шумо дуруст карда, қарор қабул намуда, бо танҳои мубориза мебаред. Агар сари вақт пеши роҳи танҳойиро нагирӣ, оҳиста-оҳиста ба оқибати хеле вазнин оварда мерасонад. Мо метавонем, ба Шумо 3 гуна роҳи пешгириро пешниҳод созем ва умедворем, ки аз бемории танҳойӣ халос хоҳед шуд.

1. Сиголиш (дуъо) ва ёд кардани Худои Бузург. Расули Худованд ﷺ гуфтааст, ки: “Худованд беморие наоврада, ки табобатнашаванда бошад”. (Бахорӣ). Дили худро дар сиголиши Худованд кушоед. Хоҳиш кунед, ки аз танҳойӣ наҷотатон бидиҳад. Аз барои гуноҳҳои аз беақливу оқилона кардаатон, аз Офаридгор бахшиш пурсед. Зуд-зуд чунин суханҳоро такрор созед, ки: “...ло илоҳо иллаллоҳ, субҳонолоҳ, алҳамдулиллоҳ”, ки дили Шумо оромтар шавад.

2. Ҳаракати фаъолонаи бадан. Паёмбари Худо ﷺ гуфтааст, ки: “Дилхоҳ тарбияи ҷисмоние, ки бо ёди худо оғоз нашавад, саргармкунӣ, ё ҳавопарастист. Танҳо чаҳор чиз мавриди истисност: найзазанӣ аз камон, савори аспи худ будан, бо хонаводаи худ бозӣ кардан ва оббозӣ”. (Табронӣ). Ҳамчунин аз хастагии отифӣ кумак хоҳад кард. Маънавият, варзиши бадан, ғизои болаззат калиди саломатии шумо ҳастанд.

3. Хондани китоб. Пайдо кардани дониш ва ба дигарон омӯзиш додан, кирдори баланди ситойиш аст. Хондани китоҳои фоидаовар, шуморо аз ҳолати танҳойӣ дур хоҳад кард. Худованд мададгори шумо бод! (Танбиҳ)

Шавҳарам низомист ва ман дойим дар хиҷолат ҳастам. Ӯ ба сафари корӣ рафта, ки зиёда аз 2 ҳафта низ аз ӯ дараке нест. Ман хеле нигарон ҳастам ва бисёр асабӣ низ шудаам. Бо ӯ низ мувофиқ ҳастам, лекин мо ҳоло соҳиби чанд кӯдак гашта, тассаввур карда наметавонам, ки онҳо бепадар монанд, чӣ мешавад. Марҳамат карда маро маслиҳат бидиҳед, ки чӣ тавр худ ва кӯдаконамро ором созам?

Шубҳае нест, ки далели чунин афкор нақзи шайтон аст. Барои эҳтиёткорӣ ва аз чунин фикрҳо дар оянда дур шудан, чунин тавсияҳоро пайравӣ созед, беҳтар аст:

1. Бо сиголиш (дуъо)-и зерин ба Худованди Бузург муроҷиат кунед: “Аъу’зу бикалима’тилло’ҳи ат-та’ммати мин ғазабиҳи ва иқo’биҳи ва шарри ъибо’диҳи ва мин ҳамазо’ти-ш-шая’тини ва ан яҳзару’н”, ки тарҷумааш чунин аст: “Ба сухани неки Худованд наздик шуда, аз ғазабу ҷазойи Ӯ дурӣ меҷӯям. Аз шарри шайтон паноҳ мехоҳам”.

2. Доим бо тани шӯстаи покиза бошед (таҳорат), он ғизоеро истеъмол созед, ки баъди таҳорат пухтаед ва барои хурдан низ иҷоза дорад (ҳалол бошад).

3. Аз Худованд паноҳ талабед. Маслан бо чунин суханҳо аз Ӯ метавон паноҳ талабид, ки: “Аъу’зу билло’ҳи мина-ш-шайтo’ни ар-раҷим”. “Паноҳ металабам аз Офаридгор аз шарри шайтон, ки ба дину рӯзгори ман ва амалҳое, ки ба ман иҷоза аст, зарар нарасонад”. Ба ростӣ, ҳеҷ кас қудрат ба муҳофизати касе аз шайтонро надорад, ба ҷуз Ҷонофарин. Он Бузургворе, ки ӯ (одам)-ро офарида, барои ҳамин ба мо гуфта мешавад, ки аз Ҷаҳонофарин паноҳ талабем. (Танбиҳ)

Шахсе, ки Карим ё яке аз номҳои Худовандро дорад, агар дӯсташ ӯро бе сабаб ё бо сабаб дашном диҳад, гунаҳгор мешавад ё не?

Инсон ба дашном додани мусулмони дигар гунаҳгор мешавад, зеро дашном додани муъмин фисқ ва гуноҳ аст, фарқ надорад, ки чӣ ном дорад.

Карим ном ниҳодан, агарчи дуруст аст, вале Абдулкарим ном гузоштан беҳтар аст.

2026-06-01 (Зулҳиҷаи соли 1447) №6.


Варзиши тоҷик дар як ҳафта. Аз медалҳои тилло то ғалабаҳои байналмилалӣ

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2026 ба анҷом расид. Дар мусобиқаи мазкур 240 ҷудокори 34 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.   Тоҷикистонро 40 ҷудокор муаррифӣ карда, ба гирифтани 4 медал ноил шуданд. Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) ва Сомон Маҳмадбеков...


Саволу ҷавоб

Оё ба фарзанд гузоштани номи Парвиз дуруст аст? Бародари азиз, парвиз ба забони паҳлавӣ моҳиро мегўянд ва ба маънои азиз ва арҷманд низ маънидод шудааст. Ҳамчунин маънои дигари он ғирболе аст, ки бо он шакар мебезанд. (“Ғиёс-ул-луғот”, ҷ.1, с.162). Хулосаи калом, Парвиз номи қадимаи...


Белоусов: Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон барои амнияти минтақа муҳим аст

Вазири дифои Русия Андрей Белоусов аҳамияти ҳамкории амниятӣ миёни Русия ва Тоҷикистонро бо назардошти вазъияти минтақа, аз ҷумла Эрон муҳим арзёбӣ кард. Ин масъала зимни мулоқот бо вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар ҳошияи ҷаласаи роҳбарони вазорату идораҳои дифои кишварҳои узви...


Варзиши тоҷик дар як ҳафта. Аз медалҳои тилло то ғалабаҳои байналмилалӣ

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2026 ба анҷом расид. Дар мусобиқаи мазкур 240 ҷудокори 34 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Тоҷикистонро 40 ҷудокор муаррифӣ карда, ба гирифтани 4 медал ноил шуданд. Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ба...


Фазлу аҷри рӯзаи моҳи Муҳаррам ва рӯзи Ошӯро

Рӯзаи ихтиёрӣ (нафл) дар ин моҳ аз ҷумлаи аъмоли солеҳе мебошад, ки савоби фаровон дорад. Расулуллоҳ ﷺ дар ҳадисе мефармояд: «Беҳтарин рӯза пас аз рӯзаи Рамазон, рӯзаи моҳи Муҳаррам – моҳи ҳароми Аллоҳ аст» (Муслим).   Ин ҳадиси шариф нишон медиҳад, ки рӯза гирифтан дар...