Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Дар бораи рўзаи нафл ва тарзи нияти он ба мо маълумот медодед?

Рўзаҳои нафлӣ бисёр аст ва ҳар яке фазилати ба худ хос дорад. Аз ҷумла рўза гирифтан дар рўзҳои душанбе ва панҷшанбе, инчунин рўзаи рўзи Арафа (9-уми Зулҳиҷҷа) ва Ошўро (10-уми Муҳаррам) савоб ва аҷри бештар дорад. Дар ҳолати рўзаи нафл доштан ҳам то дамидани субҳи содиқ тановул кардан суннат аст. Тариқи нияти рўзаи нафл чунин аст: Ният кардам рўзаи нафл дорам аз субҳи содиқ то намози шом. («Мароки Фалох»)

 

 

Ман рўзаи нафл ният карда будам, аммо тақрибан соати 10 – 11 маро ба зиёфат даъват карданд. Оё дар ин ҳолат хўрдани рўза дуруст аст?

Агар ин рўзаи нафли шумо дар ғайри моҳи Рамазон бошад, пас метавонед, ки ба узри зиёфат рўзаатонро бихўред ва баъдан қазояшро ба ҷо овардед. Аммо агар дар моҳи Рамазон нияти рўзаи нафл карда бошед, пас ин рўзаи шумо аз рўзаи фарзи Рамазон ҳисоб меёбад ва дар ин ҳолат ҳаққи хўрдани рўзаро надоред. («Хошияту Тахтови»)

 

 

Оё барои зани ҳомила рўза гирифтан ҷоиз аст?

Зани ҳомила ё зане, ки кўдаки ширхора дорад, агар бим дошта бошад, ки рўза доштан ба худаш ё кўдакаш зарар меорад, метавонанд, ки рўзаро хўрда, минбаъд дар вақти муносиб қазои онро ба ҷо оранд. («Ихтиёр»)

 

 

 

Дар хоб эҳтилом шудан рўзаро мешиканад?

Ба сабаби эҳтилом рўза намешиканад, балки дар ин ҳолат ғусл воҷиб мегардад ва фавран ғусл бояд кард, зеро ба таъхир андохтани ғусл макрўҳ аст. («Дурарул Хукком»)

 

 

 

Ман дар моҳи Рамазон саҳархўрӣ намекунам ва ҳангоми намози бомдод бархоста ният мекунам. Оё тарки саҳархўрӣ дуруст аст? Агар ҳамин тавр идома диҳам, гуноҳ мешавад?

Саҳархўрӣ кардан суннат аст ва аҷру савоб ва баракат дорад, тарк кардани он макрўҳ аст. («Нурул Изох»)

 

 

 

Дар охири моҳи Шаъбон рўза гирифтан мумкин аст?

Дар охири моҳи Шаъбон ду рўз қабл аз моҳи Рамазон рўза доштан макрўҳ аст, зеро Расули акрам ﷺ аз рўза гирифтан дар ин ду рўз манъ кардаанд, аммо дар дигар рўзҳои моҳи Шаъбон рўза доштан савоби бузург дорад. («Хошияту Тахтови»)

 

 

 

Рӯза гирифтан аз чандсолагӣ фарз мешавад?

Рўза гирифтан аз замони булуғ, яъне барои писар аз дувоздаҳсолагӣ ва барои духтар аз нуҳсолагӣ фарз мешавад. («Мароки Фалох»)

 

 

 

Оё дуди испанд рӯзаро мешиканад? Дар бораи намози таровеҳ маълумоти пурра медодед?

Бародари азиз, қасдан дуди испандро ба бинӣ даркашидан рӯзаро фосид мекунад, вале агар бидуни қасд ба машомаш расад, боке надорад. Намози таровеҳ барои мардону занон суннати муаккада буда, бист ракъат мебошад ва дар шабҳои Рамазон пас аз адои намози хуфтан ба ҷо оварда шуда, ба сурати дуракъатӣ гузорида мешавад. Пас аз гузоридани ҳар чаҳор ракъат каме истироҳат карда тасбеҳи таровеҳ хонда мешавад. Пас аз он намози таробеҳ хонда, дар охир се ракаъат витри воҷиб хонда мешавад.

Намози таробеҳ бо ҷамоат дар масҷид хонда мешавад.

Ду ракаъат намози таробеҳ мисли суннати намозҳои дигар хонда мешавад. Барои ашхосе, ки намозро мехоҳанд омӯзанд, дар инҷо маълумот оварда шудааст.

Тарзи хондани намоз

Нияти намози таробеҳ....

Нияти намози таровеҳ чунин аст:

«Ният кардам бигузорам ду ракъат суннати намози таровеҳ, рӯй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, (агар бо ҷамоат хонад, «иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода»), холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар».

Пас аз хондани чор ракаъати намози таровеҳ, каме нишаста, истироҳат мекунед, ҳангоми истироҳат тасбеҳи таровеҳ хонда мешавад, ки чунин аст:

Тасбеҳи таробеҳ

«Субҳона Зил-мулки вал-малакут, субҳона Зил-ъиззати вал-ъазамати вал-қудрати вал-кибриёи вал-ҷабарут, субҳонал-Маликил-Ҳаййиллазӣ ло яному ва ло ямут, Суббуҳун Қуддусун Раббуно ва Раббул-малоикати вар-рӯҳ, ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳ, насъалукал-ҷанната ва наъузу бика минан-нор».

Тарҷума: Пок аст Худованди соҳиби мулку малакут, пок аст Худованди соҳиби иззату бузургӣ ва қудрату кибриё ва фармонравоӣ, пок аст Худованди зиндаву поянда, ки на мехобад ва на мемирад, бисёр пок ва бисёр муназзаҳ, Парвардигори мо ва Парвардигори фариштагону Рӯҳ аст. Нест худое барҳақ ба ҷуз Аллоҳ, аз Худованд омурзиш мехоҳем. Аз Ту биҳиштро хосторем ва ба Ту аз дӯзах паноҳ мебарем.

Пас аз шаби Лайлатулқадр (бо баъзе маъхазҳо даҳаи охири Рамазон) тасбеҳ ба чунин тарз хонда мешавад:

«Субҳонал ҳаннонил маннон, субҳонал малики-д-дайён, алмаъруфу бил эҳсон вал мавсуфу бил ғуфрон. Алвадоъ, алвадоъ ё шаҳра Рамазон, Алфироқ, алфироқ ё шаҳра-т-таровиҳи ва-т-тасобиҳи ва хатмил Қуръон. Аввалуҳу раҳматун ва авсатуҳу мағфиратун ва охируҳу ъитқун мина-н-нирон. Ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳа ва насъалукал ҷанната ва наъузу бика мина-н-нор».

(«Хошияту Тахтови»)

 

 

 

Оё ҳангоми рӯзадорӣ хун додан мумкин аст?

Бале, хун додан дар ҳолати рўза мумкин аст, агар ба хундиҳанда зарар нарасад. («Хошияту Тахтови»)

 

 

 

Дар шабҳои моҳи Рамазон ҳамхоба шудан бо ҳамсар дуруст аст ё на?

ҳамхоб шудан бо ҳамсар дар шабҳои моҳи муборак манъ нест, фақат дар рўзона манъ аст. («Ихтиёр»)

 

 

 

Агар духтаре дар моҳи Рамазон ҳайз бинад, рўза гирифтанаш дуруст аст?

Хоҳари азиз, рўза гирифтан дар ҳолати ҳайз манъ ва ҳаром аст, пас аз моҳи Рамазон қазояшро ба ҷо меорад. («Нурул Изох»)

 

 

 

Агар шахс рўзаи як рўзи моҳи Рамазонро қасдан шиканад, баъд аз моҳи муборак бояд чанд рўз рўза дорад?

Бар ин шахс қазо ва каффорат лозим мегардад, яъне пас аз моҳи муборак ду моҳу як рўз рўза медорад, ду моҳ рўза барои каффорат ва як рўз барои қазо. («Мароки Фалох»)

 

 

 

Дар вақти рўзадор будан фишори хун паст мешавад, дар ин ҳолат рўзаро хўрдан мумкин аст ё на?

Дар ин ҳолат хўрдани рўза ҷоиз аст, зеро Худованд ба шахсони бемор иҷозат додааст, ки рўзаро хўрда, баъдан дар вақти муносиб қазои онро ба ҷо оваранд. («Ихтиёр»)

 

 

 

Дар кадом ҳолатҳо рўза мешиканад?

Рўза дар ҳолатҳои зерин мешиканад:

  1. Қасдан хўрдан ё ошомидан.
  2. Алоқаи ҷинсӣ кардан бо ҳамсар.
  3. Бўсидан ё ламс кардани ҳамсар, ки сабаби инзол гардад.
  4. Сангреза, оҳан ё донаи меваеро фурў бурдан.
  5. Дар мақъад, бинӣ ва гўш даво чакондан.
  6. Ба гумони ин ки субҳ надамидааст, саҳарӣ хўрдан ё ғуруби офтобро мушоҳида карда ифтор намудан, ҳол он ки субҳ дамида ва ё офтоб ғуруб накардааст.
  7. Қасдан қай кардан.
  8. Ба таври маҷбурӣ хўрондан ё нўшонидан. («Мароки Фалох»)

 

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо тоҷикони бурунмарзӣ дар Қазон

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия бо роҳбарону намояндагони диаспораи тоҷик, соҳибкорон ва ҳамватаноне, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи...


Ҳаёт ва фаъолияти имом Тирмизи ва осори у

Зимни сафар ба кишварҳои хориҷӣ Имом Тирмизӣ ҳадисро ҷамъ оварда, бо таълифи китобҳо машғул шудааст. Баъд аз бозгашт аз сафар, бо олимону фузало дар мунозираҳои илмӣ ширкат меварзад, ба шогирдони зиёде устодӣ мекунад. Хусусан, бо муҳаддиси шинохта Имом Бухорӣ мубоҳисаҳои зиёди илмӣ анҷом дода, аз ӯ...


Беҳтарин суханон дар васфи модар

Модар - сарчашмаи ҷӯшони ҳаётест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад.   Модар - сарчашмаи меҳру муҳаббат, шавкати беканор, нури ҳар як хонадон аст. Модар - туӣ он моҳи дурахшоне, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираю торики моро равшан месозӣ. Модар - ту офтобӣ дар зиндагӣ, ки моро...


Русия назорати муҳоҷиронро сахттар мекунад

Ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки асосҳо барои рад кардани иҷозатномаи кор ё патент барои муҳоҷирон бештар карда шаванд. Лоиҳаи қонун, ки дар сомонаи Думаи давлатӣ нашр шудааст, пешниҳод мекунад, ки мақомоти андоз ба таври худкор (автоматӣ) маълумот дар бораи даромади шаҳрвандони...


Қаҳрамонии муҳоҷир дар Санкт-Петербург

Губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов шахсан ба Хайрулло Ибодуллоев соати губернаторӣ ва медали шуҷоат тақдим кард. Маросими расмӣ дар бинои таърихии “Смольный” баргузор шуд. Ибодуллоев рӯзи 22 феврал ҷони як кӯдаки ҳафтсоларо, ки аз ошёнаи ҳафтуми бино афтоданӣ буд, наҷот дод....