Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Марди қиморбозе пас аз бохтани пулҳояш ба қаҳр мегўяд, ки “агар дафъаи дигар қиморбозӣ кунам, кофир шавам”, лекин бори дигар низ бозӣ мекунад, дар ин ҳолат ӯ бояд чӣ кор кунад?

 Бародари азиз, дар ин масъала сухани ин қиморбоз ямин, яъне қасам маҳсуб мешавад ва аз сабаби он ки қасамашро шикаста, боз қиморбозӣ кардааст, каффорати қасам бар ў лозим шудааст. Каффорати қасам ин аст, ки даҳ нафар фақирро наҳору шом ғизо бихўронад ё ба ҳар нафар фақире ним ман гандум (2 кг) ё як ман (4 кг) ҷав ё қимати онро бидиҳад ё даҳ мискинро либос бипўшонад, агар бар яке аз инҳо қодир набошед, се рўз рўза бигирад. (Любоб)

 

Вақте инсон мемирад ва ўро дафн мекунанд, наздиконаш дар сари қабраш дарди дил мекунанд, оё он шахси фавтида суханони онҳоро мефаҳмад?

Мурдагон суханони зиндагонро мешунаванд ва Худованд қобилияти шуниданро дар онҳо халқ мекунад. Далели аввал ҳадиси машҳур ба ҳадиси қалиби бадр (чоҳи бадр) аст. Хулосаи ин ҳадис онаст, ки вақто дар ҷанги бадр бузургони мушрикини қурайш кушта шуданд дар чоҳе андохта шуданд. Сипас Паёмбари Худо ﷺ болои он чоҳе, ки мурдаҳо дар он андохта шуда буданд рафтанд ва онҳоро бо номҳояшон хитоб карда гуфтанд: оё ончизе,ки Худо ба шумо ваъда дода буд ҳақиқаташро ёфтед? Ман ончиро ки Худо ба ман ваъда карда буд ёфтам. Ҳазрати Умар таъаҷҷуб карда аз Паёмбар ﷺ пурсиданд, ки читавр бо аҷсоде, ки руҳ надоранд суҳбат мекунед ?оё онҳо мешунаванд? Ҳазрат ﷺ дар ҷавоб гуфтанд: қасам ба зоте, ки ҷони ман дар дасти уст шумо шуновотар ба ончизе, ки мегуям аз онҳо нестед, аммо онҳо ҷавоб дода наметавонанд. (Бухори ва Муслим). Далели дуввуми асҳоби ин қавл ҳадиси Анас ибни молик аст, ки паёмбар мегуянд: вақто банда дар қабр гузошта мешавад ва хешони ӯ аз назди қабр бар мегарданд ҳатто майит овози кафши онҳоро мешунавад ду малоика барои суоли у меоянд... (Бухори ва Муслим).

 

Вақтҳои охир хобҳои ҳархела мебинам. Чанд шаб пай дар пай хоб дидам, ки китоби Қуръон дуздидаам. Фаҳмиданӣ будам, ки ин хоби ман чӣ таъбир дорад? Оё дуздидани Қуръон гуноҳ нест?

Инсон хобҳои гуногун мебинад ва ҳар хобе эҳтимоли рост ё дурўғ буданро дорад, бинобар ин, аз хоби дидаатон ошуфтахотир нашавед. Имкон дошта бошед, хайру эҳсон кунед ва ба хондани Қуръон шуруъ кунед, танҳо андешаи нек карда, интизори бадбахтиҳо набошед. Гумони нек ҳатто хоби бадро ба некӣ мегардонад. Иншоаллоҳ ба хайр аст. Ҳазрати Усмон дар ҳадисе ривоят карда аст, ки Паёмбари Худо ﷺ дар он мефармояд: «Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро омухта ва онро барои дигарон таълим медиҳад». (Бухорӣ) Яъне беҳтарин кори дунё ин таълим гирифтани Қуръон ва таълим додани он барои дигарон аст, чун агар бандагони Худо ин дастурҳои илоҳиро бихонанд ва маънои онро бифаҳманд ва ба он амал кунанд, хушбахтии дунё ва охиратро аз худ хоҳанд кард. Бор Худоё Қуръони каримро дар рӯзи қиёмат ёри расон ва шафоъат кунандаи мо бигардон ва моро ба хондани оятҳояш ва амал кардан ба дастурҳояш муваффақ бигардон.

 

 

Мегўянд, ки агар номи писар масалан Алӣ бошад, Алиҷон гуфта фарёд кардан ҷоиз нест, зеро “ҷон” номи шайтон аст. Оё ин ҳақиқат дорад?

Бародари азиз, яке аз усули мазҳаби Имоми Аъзам (рҳ) урф мебошад. Дар урфи мо калимаи “ҷон” маҷозан ба маънои азизу арҷманд меояд ва мафҳуми меҳрубонию дўстдориро нисбат ба фарзанд ифода мекунад. Бинобар ин, истифодаи калимаи “ҷон” дар урфи мо тоҷикон ба ҳамин маъност.

 

Дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба духтари рус дил бастам. Ҳарду ҳамкорем ва ӯро дӯст медорам. Духтар розӣ аст, ки ҳамсари ман шавад, вале дини исломро қабул кардан намехоҳад. Ба ман чӣ тавсия медиҳед?

 Насрониҳо низ аҳли китоб маҳсуб меёбанд, зеро чуноне, ки ба ҳазрати Муҳаммад ﷺ китоби муқаддаси Қуръон нозил гаштааст, дар замонаш ба Ҳазрати Исо китоби Инҷил ато шуда буд. Зиндагӣ кардани марди мусалмон бо зане, ки аҳли китоб бошад, гуноҳ нест, вале аслан никоҳ байни ду мусалмон баргузор мегардад. Шумо бештар дар бораи каломи Худо бо ин зан суҳбат намоед, боварӣ дорем, ки бо инояти парвардигор дини мубини исломро қабул мекунад. Вақте ки зан калимаи шаҳодатро ба забон овард, метавонед ӯро ба никоҳи худ дароред. «Дурару ль-хуккам»

 

 Чигуна бидонем, ки одам дар дохилаш ҷин дорад ё на? Агар ҷин дошта бошад, кадом сураҳо ва оятҳои Қуръонро бихонем, то ки ҷин аз ў хориҷ шавад? Хориҷ шудани онро чигуна бояд донист?

Бародари азиз, инсони мубтало ба ҷин ғолибан дорои нишонаҳоест, аз ҷумла: 1. Дар вақти хоб арақ мекунад ва ба зудӣ хобаш намебарад. 2. Шаб аз хоб бисёр тарсон мехезад. 3. Хобҳои тарсовар мебинад. 4. Дар хоб механдад, гиря мекунад ё дод мезанад.

Дар ҳолати бедорӣ шахси мубтало ба ҷин чунин нишонаҳо дорад: 1. Сардардии ҳамешагӣ, ки сабаби узвӣ надорад. 2. Фикрпарешонии ҳамешагӣ. 3. Танбалӣ ва дармондагӣ. 4. Дард кардани аъзое аз ҷисми инсон, монанди дил, сар, даст ё пой, ки пизишкон наметавонанд ташхис ва табобат кунанд.

Барои табобати шахси ҷинзада сураҳои зайл хонда мешавад: Сураи “Фотиҳа”, оятҳои 1 то 5-уми сураи “Бақара”, “Оятул-Курсӣ”, оятҳои 285-286-уми сураи “Бақара”, сураҳои “Ёсин”, “Ториқ”, “Шарҳ”, “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”. Пас аз хориҷ шудани ҷин аз бадани бемор аломатҳое, ки дар боло зикр кардем, бартараф мешаванд ва саломатии ў маълум мегардад.

Ибни Аббос ривоят мекунад, ки зане ҳамроҳи фарзандаш назди Пайғамбар ﷺ омада гуфт: «Ин фарзанди ман ҷинзада аст ва ҳангоме ки мо таоми нисфирўзӣ ва шомгоҳӣ тановул мекунем, ба беморӣ гирифтор мешавад ва моро нороҳат месозад». Пайғамбар ﷺ қафаси синаи он писаракро молида барояш дуо кард. Пас он тифл қай намуд ва аз шикамаш чизе мисли гўштпорае хориҷ шуд. (Муснади Аҳмад)

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Саволу ҷавоб

Ҷумлаи “Астағфируллоҳа ва атубу илайҳ” чӣ маъно дорад? Бародари азиз, маънои ин ҷумла чунин аст: Аз Худованд (барои гуноҳонам) омурзиш мехоҳам ва ба сўи Ў тавба мекунам. Ин ҷумларо баъди намози Бомдод ва баъди намози Аср сад бори такрор кунед савоби беканор дорад. Шахсе, ки дар ватан...


Ҷарроҳии бидуни буриш дар Тоҷикистон

Табибони тоҷик аввалин маротиба ҷарроҳии ғадуди зери меъдаро тариқи эндоскопӣ анҷом доданд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст. Тавре ки гуфта мешавад, амалиёт дар “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” бо муваффақият анҷом ёфта,...


Русия назорати муҳоҷиронро сахттар мекунад

Ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки асосҳо барои рад кардани иҷозатномаи кор ё патент барои муҳоҷирон бештар карда шаванд. Лоиҳаи қонун, ки дар сомонаи Думаи давлатӣ нашр шудааст, пешниҳод мекунад, ки мақомоти андоз ба таври худкор (автоматӣ) маълумот дар бораи даромади шаҳрвандони...


10 фоидаи рӯза ба саломатӣ

Тадқиқотҳои олимони соҳаи тиб нишон медиҳанд, ки рӯза гирифтан барои саломатӣ низ фоидаҳои зиёде дорад, ки 10-тои онро манзури шумо мекунем.   1.Тоза шудани ҷисм Бо шарофати рӯзадорӣ ҷисми инсон аз дарун тоза мешавад. Рӯзона аз хӯрдану нӯшидан даст кашидани шахси рӯзадор боиси он мегардад,...


Дуруд бар шумо хонандагони азизи мо!

Покизагии даромад ва ҳифзи ҷомеа дар замони муосир   Имрӯз, ки бисёре аз бародарону хоҳарони мо дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, ба тиҷорат ва кор машғуланд, лозим аст, ки ҳисоби солонаи молии худро ба роҳ монанд ва Закоти моли худро адо кунанд. Закот моро аз бухл ва ҳирс дур месозад ва...