САВОЛУ ҶАВОБ

САВОЛУ ҶАВОБ

Касе ба хонаи Худо раваду ҳаҷ кунад, тамоми гуноҳҳояш бахшида мешавад. Оё ин ҳақиқат дорад?

Бале, ҳар касе адои ҳаҷ кунад, Аллоҳ гуноҳони ӯро бахшида мегардонад. Паёмбарамон Ҳазрати Муҳаммад ﷺ мефармояд: «Ҳар кӣ ҳаҷҷи фарзӣ кунад ё умра анҷом диҳад, инҳо меҳмони Аллоҳ ҳастанд. Агар дуо кунад иҷобат мешавад, агар талаби мағфирати гуноҳ кунад, бахшида мешавад».

Ахта кардани ҷорво аз рӯйи мазҳаби ҳанафӣ иҷоза дорад?

Имам Аловуддин ал-Хаскафи дар китоби «АдДур ал-Мухтор» чунин навишта дорад, ки: “Ахта кардани ҷорво иҷоза дода шудааст, ҳатто гурбаро низ, лекин донишмандон инро он замон дуруст мешуморанд, ки ин амал манфиате дошта бошад. Дар сурати манфиятовар набошад ахтакорӣ манъ аст”. Имом ибни Обиддин дар тафсири сухани ал-Хаскафӣ чунин навиштааст, ки: “Сухани алХаскафӣ дар бораи қарори олимон барои ахта кардани ҳайвонот аз он назар аст, ки агар ба фарбеҳ кардан бошад, ё барои паст кардани ваҳшигарӣ. («Хашияту ибн Обидин»)

Агар дар масҷид одам барои намози якҷоя ҷамъ шуда бошад, лекин имом алакай намозгузорӣ кардааст, пас кӣ метавонад имом шуда, намозгузорӣ кард?

Дар чунин ҳолат нафари донандаи низоми намозгузорӣ имом шавад беҳтар аст. Дар баробари ин одам аз Қуръон он қадар оя донад, ки барои гузориши намози суннат ва иловагӣ кифоя кунад. Ӯ бояд касе бошад, ки аз амали зишти ошкоро боэҳтиётӣ карда тавонад, аркон, воҷиб, сунат, одоби намоз ва амалҳои ношояме, ки барои намозгузорӣ халалдор мешавад, донад. («Марак ал-Фалоҳ», «Ҳошияту Тахтови»)

Дар баъзе аз масҷидҳо замони саф кашидан ба намоз “Қомат, қомат” гӯянд. Чунин кардан мумкин аст? Ин чӣ маъне дорад?

Мутобиқи мазҳаби ҳанафӣ дар байни азон ва иқомат тасвиб кардан беҳтар аст. Тасвиб бори дигар гуфтани иқомат баъди азон аст, ки дар ҳар ҷо гуногун буда, аз тарафи бузургони ин макон ба монади “саф кашед, саф кашед” қабул шудааст. Ин садо онро мефаҳмонад, ки: “Барои адои намоз саф кашед”, ё “ас-салоҳ, ас-салоҳ”, яъне “намоз, намоз” гузорида мешавад. Ҳолатҳои дигар ҳам иҷоза аст. Иҷро кардани тавсиб дар панҷ намоз аз он хотир ба роҳ монда шудааст, ки одамон дар кори дин ба тамбалӣ роҳ доданд. Аз рӯйи баъзе амалҳо, баъд аз азон интизори вақте мешаванд, ки 20 оя хонда метавон. Баъд тавсибро такрор карда, иқомат хонда мешавад. («Хашияту Ибн Обидин»)

Мегӯянд, пайғамбар дар қиёмат уммати худро шафоат мекунад, вале агар Худованд розӣ бошад. Ба инаш ҳам бовар кунем? Пас ин чӣ хел шафоат мешавад?

Бале! Ҳабиби худо рӯзи қиёмат умматонашро шафоъат мекунад. Шафоъат, яъне кумак ё ёрӣ кардан аст, то аз зиллати он рӯз наҷот биёбӣ.

Дар 1 шумораи “Ас-салам” суоле гузошта шуда буд, ки агар бо зан даст ба даст салом кунӣ, таҳорат вайрон карда мешавад. Ҷавоб ҳам дода шуда буд, ки вайрон намешавад. Гуноҳ аст, ки дасти зани бегонаро бирасӣ? Аз ин гуфтаҳо бармеод, ки мумкин аст...

Дар ин ҳолат таҳорат шикаста нагардад ҳам, лекин наздик шудан ба зани бегона манъ аст. Дар ҳадиси Паёмбар ﷺ омада, ки: “Барои мард беҳтар аст, ки сӯзаноҳан ба сар занад, пеш аз оне, ки ба зани иҷозаи наздик шудан надорад бирасад”. (Ат-Табарӣ) Агар ҳама чизи мамнуъ вузуъро шиканад, он гоҳ туҳмат, дуруғгӯйӣ, ғайбаткорӣ, дуздӣ ва монанди инҳо шикашандаи вузуъ хоҳанд шуд. Агар зан калонсол бошад, бо ӯ дастфишонӣ гуноҳе надорад. (“Ал-Ихтиёр”)

Шунидам, ки агар ягон чизеро бихарӣ, ё фурӯшӣ, зарур аст, ки фурӯшанда: “Ман фурухтам” ва харанда: “Ман харидам”. Ин гуфта ҳақиқат дорад?

Мутобиқи фаҳмиши мазҳаби ҳанафӣ чунин амал ҳатмӣ нест. Яъне, агар фурӯшанда молро баъди пардохт ба харидор дода бошад ва ҳеч кадом “Ман фурӯхтам”-у “Ман харидам” нагуфта бошанд ҳам, маълум аст, ки бо ризогии дутарафа савдо дуруст ба анҷом расонида шудааст. («Ал-Лубоб фи шарҳ ал-Китоб»)

Кадом намозро зан бояд хонад?

Дар давраи гуломанӣ (ҳайз) ва замони баъди таваллуд занҳо намозгузорӣ карда наметавонанд ва баъдан хондани онҳо низ зарурат надорад. Дигар намози фарзие, ки бо сабаби гуногун иҷро накарда, қазойӣ бояд хонд. Агар гулдоманӣ баъд аз оғози замони намоз сар шавад ва то ба анҷоми он ин намоз фурсати таҳорат шароит бошад, занҳо ин намозро баъди гузашти гулдоманӣ ҷуброн, яъне гузориш бояд кард. Агар гулдоманӣ то оғози намоз ба поён расида бошад, ҳар чӣ зудтар таҳорат ва намозгузорӣ бояд кард. Агар пойни гулдоманӣ ба охири намоз рост ояд, намоз гузошта бояд шавад. Вақти ба пуррагӣ тоза шудани бадани зан аз гулдоманиро муайян кардан душвор аст, барои ҳамин ҳама гуна намозҳои гузашта (фарз), гузорида бояд шаванд. Агар зан ба намозҳои дар боло ишора шуда аҳамият надода, гузориш накунад, дар давоми зиндагӣ қазойӣ аз ҳад зиёд ҷамъ хоҳад шуд. («Дурар ул-Ҳуккам»)

Пеш аз аср хондани намози суннат мумкин аст?

Пеш аз фарзи намози аср мустаҳоб аст, ки 4 ракаат намози суннат гузошта шавад. Ҳадиси муътабаре ҳаст, ки: “Ҳар он, ки пеш аз фарзи намози аср 4 ракаат намози суннат гузорад, ба ӯ оташи дӯзах нарасад”. Баъзе аз донишмандон дар он ақидаанд, ки метавон 2 рукаат, ё 4 ракаатро интихоб кард. “Марак ал-Фалоҳ”

2026-08-01 (Сафари соли 1448) №8.


Тарбуз давои фарбеҳӣ

Табибон тарбузро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз фарбеҳӣ азоб мекашанд. Онҳо мегӯянд, ки гирифторони фарбеҳӣ ба осонӣ метавонанд бо истеъмоли тарбуз вазнашонро кам кунанд.   Тарбуз дар таркиби худ 90-95 фоиз об дорад ва он шифобахш аст. Зеро оби тарбуз дистиллатсияшуда...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...


Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ: Бисёр чизро метавон иваз кард, аммо Ватанро ҳаргиз!

Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ бо ҷиу-ҷитсу Тоҷикистон дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад   Моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи бонуфузи Abu Dhabi Grand Slam аз рӯи ҷиу-ҷитсу баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгари 20-сола Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ (вазни то 77 кг), ки дар...


Саволу ҷавоб

Агар ягон хешованд аз дунё гузарад, барои мотами ў то як сол куртаи кабуд пўшидан чӣ ҳукм дорад? Ин амал дуруст нест, фақат барои зане, ки шавҳараш аз олам гузаштааст, муддати 4 моҳу 10 рўз мотам гирифтан ҳатмӣ аст, яъне аз пўшидани либосҳои сурху абрешимӣ ва истеъмоли хушбўӣ худдорӣ мекунад. Агар...


Шарм аз гӯшаи имон аст

Бидон, ки аз шартҳои муридӣ пайваста оташдон будани ботини ӯст. Фузайли Иёз (қдс) гуфт: «Панҷ чиз аз нишонаҳои бадбахтӣ аст: сангдилӣ, хушкии чашмон, бешармӣ, рағбат ба дунё ва орзуи дурудароз».   Ва ҳам гуфтаанд, ки чун ҳайбат ва шарм аз банда бирафт, дар вай хайре боқӣ...