Саволу ҷавоб
Аз кадом мол закот дода мешавад ва миқдори закот аз ин молҳо?
Шарти дурусти пардохти закот нияти он ба ҳисоб меравад, ки закотдиҳанда бояд пеш аз пардохти закот ният намояд. Бо овози баланд талаффуз кардани он ҳатмӣ нест.
1.Тилло: 85 г ва бештар 1/40 (аз чиҳил як ҳисса);
2.Нуқра: 595 г ва бештар 1/40 (аз чиҳил як ҳисса);
3.Пул: миқдори нисоб, ё ин ки бештар 1/40 (аз чиҳил як ҳисса);
(нисоби пул ба нисоби тилло баробар ҳисоб карда мешавад, яъне маблағи пул бояд ҳамарзиши 80 г тилло бошад).
4.Ашёҳои тиҷоратӣ: пули андозаи нисоб ва бештар. Аз арзиши ҳамагуна мол 1/40 (аз чиҳил як ҳисса) пардохта мешавад;
5.Нисоби буз ва гўсфанд; 40 сар. Закот як буз, ё як гўсфанд;
6.Нисоби гов ва говмеш: 30 сар. Закот як гўсолаи яксола;
7.Нисоби шутур: 5 сар. Закот як гўсфанд, ё як буз.
Баробари афзоиш ёфтани саршумори ҳайвонот тарзи пардохти закот тағйир меёбад. Пардохти закоти молҳои дар боло номбаргардидаро ҳам бо худи мол ва ҳам бо пул метавон анҷом дод. (Ибни Обидин)
Рӯзадори дар моҳи Шаввол суннат аст?
Рӯзадори дар моҳи Шаввол, чунин савоб мегирад, ки гӯё тамоми сол рӯза дошта бошад. Рӯза доштани моҳи Шаввол камбудиҳои рӯзаи моҳи Рамазонро ҷуброн мекунад.
Имом Ҳасан ибни Аммор дар китоби «Мараки-л-фалаҳ» менависад:
«Шаш рӯз рӯза доштан дар моҳи Шаввол суннат аст, зеро ба дурустӣ ривоят аст, ки Расули Худо ﷺ фармуданд: «Ҳар касе, ки Рамазони шарифро рӯза дорад ва сипас шаш рӯзро аз моҳи Шаввол илова мекунад, монанди рӯза гирифтани тамоми сол хоҳад буд». Зеро Аллоҳи Мутаол изҳор доштааст, ки ба як ҳасана даҳ маротиба бештар подош хоҳад дод. Ҳамин тавр, савоби рӯзаи даҳрӯза ба шахсе дода мешавад, ки як рӯз дар моҳи Рамазон рӯза бигирад. Ҳамин тариқ, рӯзаи Рамазон даҳ моҳ ва рӯзаи шашрӯза аз моҳи Шаввол ду моҳ арзиш дорад. Онҳое, ки ба ин тартиб риоят мекунанд, подоши рӯзаи тамоми солро хоҳанд гирифт. Ин шаш рӯзи рӯза дар моҳи Шаввол метавонад яке паси дигаре ё алоҳида бошад. Имконияти рӯза гирифтан дар ин шаш рӯз далели он аст, ки рӯзаи Рамазони Шариф мақбул аст. Зеро вақте ки Аллоҳи Мутаол кори бандаро мепазирад, ба ӯ имкон медиҳад, ки пас аз худ як амали солеҳро анҷом диҳад. Рӯзаи Рамазон сабаби омурзиши гуноҳҳои гузашта аст. Рӯзаи шашрӯзаи Шаввол шукри ин неъмат барои бахшоиш хоҳад буд. (Хошияту Тахтови)
Нияти намози таробеҳ ва тасбеҳи таробеҳро мегуфтед?
Нияти намози таровеҳ чунин аст: «Ният кардам бигузорам ду ракъат суннати намози таровеҳ, рӯй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, (агар бо ҷамоат хонад, “иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода”), холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар».
Пас аз хондани чор ракаъати намози таровеҳ, каме нишаста, истироҳат мекунед, ҳангоми истироҳат тасбеҳи таровеҳ хонда мешавад, ки чунин аст:
Тасбеҳи таробеҳ
“Субҳона Зил-мулки вал-малакут, субҳона Зил-ъиззати вал-ъазамати вал-қудрати вал-кибриёи вал-ҷабарут, субҳонал-Маликил-Ҳаййиллазӣ ло яному ва ло ямут, Суббуҳун Қуддусун Раббуно ва Раббул-малоикати вар-рӯҳ, ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳ, насъалукал-ҷанната ва наъузу бика минан-нор”.
Тарҷума: Пок аст Худованди соҳиби мулку малакут, пок аст Худованди соҳиби иззату бузургӣ ва қудрату кибриё ва фармонравоӣ, пок аст Худованди зиндаву поянда, ки на мехобад ва на мемирад, бисёр пок ва бисёр муназзаҳ, Парвардигори мо ва Парвардигори фариштагону Рӯҳ аст. Нест худое барҳақ ба ҷуз Аллоҳ, аз Худованд омурзиш мехоҳем. Аз Ту биҳиштро хосторем ва ба Ту аз дӯзах паноҳ мебарем.
Пас аз шаби Лайлатулқадр (бо баъзе маъхазҳо даҳаи охири Рамазон) тасбеҳ ба чунин тарз хонда мешавад:
«Субҳонал ҳаннонил маннон, субҳонал малики-д-дайён, алмаъруфу бил эҳсон вал мавсуфу бил ғуфрон. Алвадоъ, алвадоъ ё шаҳра Рамазон, Алфироқ, алфироқ ё шаҳра-т-таровиҳи ва-т-тасобиҳи ва хатмил Қуръон. Аввалуҳу раҳматун ва авсатуҳу мағфиратун ва охируҳу ъитқун мина-н-нирон. Ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳа ва насъалукал ҷанната ва наъузу бика мина-н-нор».
Ман тилловории зиёд дорам. Вале онҳо барои тиҷорат нестанд. Тилловории ман гӯшвор, дастбанд, ангуштарин ва ғайра мебошад, ки ҳама ороишоти занона ҳастанд. Хоҳарам мегӯяд, ки бояд закоти онҳоро пардохт кунам. Оё дар ороишоти тиллоии занон закот воҷиб аст ё не?
Бале закот додан барои шумо фарз аст. Заноне, ки ба андозаи 85 гр ороишоти тиллоӣ ё 595 гр ороишоти нуқрагин дошта бошанд, дар он закот воҷиб мегардад. Аз зеварҳои тиллоӣ 2,125 гр тилло ва аз зеварҳои нуқрагин 14,875 гр нуқра ё қимати онро пардохт мекунанд. (Любоб)
Дар бораи нишонаҳои шаби Қадр мегуфтед?
Махфӣ будани шаби Қадр дар ин моҳ, ба он хотир аст, ки мӯъминон ҳар як шаби ин моҳро шаби Қадр дониста, бо тоату ибодат сипарӣ кунанд. Расулуллоҳ ﷺ баъзе аз аломатҳои шаби Қадрро чунин баён фармудааст: Он шаб осмон соф ва беғубор, ҳаво бисёр латиф буда, сард ва ё гарм намешавад. Субҳи он рӯз офтоб андаке пажмурда тулӯъ мекунад. Ибодат дар ин шаб беҳтар аз ибодати ҳазор моҳ мебошад. Ба Пайғамбари Худо ﷺ умри умматҳои гузашта нишон дода шуд. Бинобар ин умри умматашро бисёр андак ёфт. Ба ин хотир Худованд шаберо эҳсон кард, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Дар шаби Қадр тамоми малоика ба замин фуруд меоянд, то асрори илоҳиро мушоҳида кунанд. Бинобар бисёршавии махлуқ дар он шаб, рӯи замин танг мегардад, ки яке аз маъноҳои Қадр тангӣ низ мебошад. Имоми Шаъронӣ шаби Қадрро назар ба рӯзи аввали ин моҳ чунин муайян кардааст. Рамазони шариф: Агар рӯзи якшанбе дарояд, рӯзи 28, шаби 29, шаби Қадр мебошад. Агар рӯзи душанбе дарояд, рӯзи 20, шаби 21 ,шаби Қадр мебошад. Агар рӯзи сешанбе дарояд, рӯзи 26, шаби 27, шаби Қадр мебошад. Агар рӯзи чоршанбе дарояд, рӯзи 18, шаби 19, шаби Қадр мебошад. Агар рӯзи панҷшанбе дарояд, рӯзи 24, шаби 25, шаби Қадр мебошад. Агар рӯзи ҷумъа дарояд, рӯзи 16 ,шаби 17, шаби Қадр мебошад. Агар рӯзи шанбе дарояд, рӯзи 22, шаби 23, шаби Қадр мебошад. Имоми Шаъронӣ 30 сол бо ҳамин усул ба шаби Қадр мушарраф шудаанд. Бисёре аз дӯстони Худо бо ҳамин усул шаби Қадрро дарёфтаанд. Дар шаби Қадр осмон соф ва беғубор мешавад. Дар он шаб ҳама чиз ба Худо саҷда мекунад. Оби баҳрҳо як лаҳзае ширин мегардад. Мӯъминон ба авфи Илоҳӣ ва мағфирати Худо ноил мегарданд. (Асосҳои ислом)
Дар бораи садақаи фитро каме баён мекардед ?
Агар садақаи фитро пардохт накунем то охири умр дар зиммаи инсон ҳамчун қарз боқӣ хоҳад монд. Дар закоти фитра ният лозим мебошад. Бе ният раво намебошад.
Алалхусус ба талабаи улум (толибилмон), зоҳид, муттақӣ ва ба бандаҳои солеҳ додан авлотар аст. Ба олимони фақире, ки бо илмашон амал мекунанд, фитра додан аз ҳама афзалтар ба шумор меравад. (Рисолаи Закот)