САВОЛУ ҶАВОБ

САВОЛУ ҶАВОБ

Дар бораи амалҳои макрӯҳ дар вақти рӯзадорӣ нақл кунед?

1. Чашидани маззаи чизе (фурӯ набурда).

2. Фурӯ бурдани оби ҷамъшудаи даҳон.

3. Бисёр супурдани хун, ки боиси заифшавии ҷисм мегардад.

4. Кори пурмашаққат

Дар кадом вақт ва чӣ гуна нияти гирифтани рӯза карда мешавад?

Шарти асосии рӯза нияти он мебошад. Рӯзаи беният қабул карда намешавад. Нияти рӯза дар тамоми вақт аз шаб то субҳ карда мешавад. Беҳтарин вақт барои нияти рӯза баъди саҳарӣ (таъоми пеш аз азони бомдод) мебошад.

Аммо шахси рӯзагир саҳарӣ аз хоб бедор шуда натавонист, метавонад нияташро баъди вақти имсок (имсок – вақти ба охир расидани мӯҳлати ғизои саҳарӣ) намояд, агарчи офтоб аллакай баромада бошад, фақат то нисфирӯзӣ дер набояд кард. Аз ҳама муҳиммаш он аст, ки аз амалҳои шиканандаи рӯза баъди расидани вақти имсоқ, даст бояд кашид. Ҳар шахсе азми саҳархезӣ надорад, нияти гирифтани рӯзаашро аз сари шаб кунад. Агар рӯзаи моҳи шарифи Рамазон дар гардани шахс қарз афтад, бояд дар моҳҳои дигар ин рӯзаро чун қарз адо намояд. Дар ин ҳолат ниятро пеш аз ғуруби офтоб, яъне аз сари шаб кардан беҳтар аст. Ниятро то дамидани субҳ намудан ҳатмӣ мебошад. Барои рӯзаи қазоӣ ва рӯзаи каффорат дар ният ақиб мондан манъ карда шуда, онро баъди имсоқ кардан мумкин нест.

Нияти рӯза дар дил карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки одами бо дил нияти рӯзаро карда, дар воқеъ нияткарда ҳисобида мешавад. Инчунин одаме, ки бо мақсади хӯрдани ғизои саҳарӣ барои гирифтани рӯзаи рӯзи минбаъда аз хоб бармехезад, низ нияткарда ҳисобида мешавад. Шахси рӯзагиранда нияташро чӣ бо овози паст ва чӣ баланд карда метавонад: “Ният кардам рӯза дорам рӯза моҳи шарифи Рамазонро аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб”.

Вазъияти онҳое, ки бесабаб дар моҳи рамазон рӯза нагирифтаанд?

Агар мусалмон рӯзаи моҳи Рамазонро бесабаб тарк карда бошад, вай бояд рӯзҳои тарк намудаашро бо гирифтани рӯзаи қазоӣ ҷуброн намояд. Агар шахси мусалмон бесабаб аввали рӯзаро тарк карда бошад, он вазифадор аст, ки на танҳо рӯзаи қарзиро ба ҷо оварад, боз инчунин каффоратро низ месупорад.

Ҳар касе, ки дар моҳи шарифи Рамазон бесабаб рӯза надоштааст, гунаҳгор ҳисобида мешавад. Шахсони тарки рӯза намуда, бояд дар назди Аллоҳ Таъоло тавба намуда, авфи гуноҳ талабанд. Шахсони гунаҳгор бояд Аллоҳ Таъолоро барои бахшидани гуноҳҳояшон ибодат намуда, вақтро аз даст надода, рӯзаи қазоӣ доранд ва агар зарур бошад, тақсими каффорат ба ҷой оваранд. Ҳазрати Муҳаммад ﷺ мегӯяд: “Агар касе, ки рӯзаро дар Рамазон шиканад, ба ғайри онҳое, ки Аллоҳ Таъоло ба онҳо иҷозат додааст (мусофир, ҳомиладор, бемор ва ғ). , пас ӯ ҳеҷ гоҳ наметавонад ин рӯзро пурра намояд (чунин савобро дарёфт кунад), агар ҳатто тамоми умр ҳам рӯза дорад”. (Бухорӣ, Абӯдовуд, “Ат-Тоҷ”, 2, саҳ. 68).

Кадом амалҳое, ки ҳангоми рӯзадорӣ макрӯҳ ҳисобида намешаванд?

  1. Атрро бӯй кардан ва истифода намудан.
  2. Дандонҳоро тоза кардан, бо мисвок.
  3. Даҳонро бо об бо эхтиет ғарғара намудан.
  4. Биниро об бо эхтиет гирифта афшонидан.
  5. Шустушӯй бадан намудан.

Ҳолатҳои шикананда ва талабкунандаи қазои рӯза кадомҳоянд?

  1. Фурӯ бурдани ашёҳои ғайри ғизоӣ (қоғаз, хок, пахта, ва ғ).
  2. Чаконидани дору дар бинӣ.
  3. Чаконидани дору дар гӯш.
  4. Ҳангоми ғарғара намудани даҳон бо об ва гирифтани об дар бинӣ, ки ба нохост об ба даруни одам меравад.
  5. Қурт додани оби ҷамъгардидаи даҳон, ки ғашу омехтахои ҳархела доранд.
  6. Маҷбуран шикастани рӯза.
  7. Об рехтан ба гулӯи шахси хобрафта.
  8. Ангуштҳоро ба даҳон ворид намуда, қай намудан.
  9. Пеш аз мӯҳлат, надониста, ифтор кардан (гумон мекунанд, ки гӯё вақти намози шом расидааст).
  10. Хӯрдани ғизо баъди итмом расидани вақти саҳар (гумон мекунанд, ки вақти саҳарӣ ба охир нарасидааст).

Кадом ҳолатҳое, ки рӯзаро намешикананд?

  1. Аз рӯи фаромӯшхотирӣ нӯшидан ва хӯрдан ва ҷимоъ намудан. Агар шахс баъди ин ба хотир оварад, ки рӯзадор аст, ҳамоно хӯрдан ва нӯшиданро қатъ намуда, ғизои дар даҳонаш бударо пас гирад, рӯзаи ӯ намешиканад. Агар баъд аз ба хотир омаданаш, луқмаро фурӯ барад, дар ин ҳол рӯзаи ӯ мешиканад.
  2. Ба гӯш даромадани об.
  3. Чаконидани дору ба чашм.
  4. Қай кардан (ғайри иҷборӣ).
  5. Эҳтилом. (ҷудогардии манӣ дар хоб).
  6. Супурдани хун.
  7. Нохост ба гулу даромадани чанг ва дуд.
  8. Фурӯ бурдани оби даҳон.

Дар бораи тавба ва истиғфор нақл кунед?

Агар тавбаи муъмин бо ихлос ва самимият бошад, соҳибашро аз гуноҳонаш пок мегардонад, чун тиллои тоза, инсонро пок мекунад ва қадру қиматашро баланд мекунад. Бинобар инсонро мебояд, ки доима бо тавба ва истиғфор бошад. Расули акрам ﷺ фармуданд: “Эй инсонҳо, ба Худо тавба кунед. Ба дурустӣ, ман дар як рӯз сад маротиба тавба мекунам.” (Саҳеҳи Муслим)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...