САВОЛУ ҶАВОБ

САВОЛУ ҶАВОБ

Агар дар меҳмонӣ гӯшт пешниҳод кунанд, ҳалол будани онро пурсидан мумкин аст, ё не?

Ҳангоми меҳмонӣ чунин пурсиш аз рӯйи одоб нест. Дар ин бора пеш аз меҳмонӣ рафтан фикр бояд кард. Агар дар меҳмонии диндор бошед, пурсидан ҳоҷат нест. Агар бинед, ки меҳмондор ба покизагии ғизо, яъне гӯшт аҳамият намедаҳад, он гаҳ аз хурдани ин гӯшт худдорӣ кунед.

Ҳайвони ахташуда қурбонӣ карда мешавад ?

Бале. Ҳайвони ахташуда қурбонӣ карда мешавад.

Дар як қурбонӣ чанд нафар якҷоя шуда метавонанд?

Гусфанд ва бузро танҳо як нафар қурбонӣ карда метавонад. Ҳайвонҳои калонро ба мисоли уштуру гов ҳафт нафар метавонанд якҷо шуда қурбонӣ кунанд.

Шахси дар сафар буда бояд қурбонӣ кунад ?

Шахси дар сафар буда барои қурбонӣ кардан мукаллаф нест. Агар, ки нафареро ваколат диҳад ва қурбонӣ кунад, савоби мегирад. Барои шахси дар сафар буда қурбонӣ кардан нафл (суннат) аст.

Дар рўзи иди Қурбон барои падари гузаштаам қурбонӣ кунам ҷоиз аст?

Дар рўзи иди Қурбон барои шахси мутаввафо (аз ин дунё гузаштагй) қурбонӣ кардан ҷоиз аст. Гўшти қурбонии барои шахси мутаввафо баҷо овардаро метавонанд тақсим кунанд, ё ки барои худ нигоҳ доранд. Аммо гўшти ҳайвони аз рўи васият қурбонишударо ҳамаашро ба камбағалон тақсим карда медиҳанд.

Гўшт ва пўсти ҳайвони қурбониро чӣ кор мекунанд?

Гўшти ҳайвони қурбониро метавонанд тақсим кунанд, ё ин ки барои худ монанд. Беҳтар (мандуб) аст, ки онро се тақсим карда, як қисмашро ба хешовандон ва дўстон, дигар қисмашро ба камбағалон ва боқимондаашро барои худ монанд. Хуб мешуд, ки ҷигари ҳайвони қурбонӣ кардашударо дар аввал худи соҳиби қурбонӣ хўрад. Гўшт ва пўсти ҳайвони қурбониро фурўхтан ва ё ҳамчун дастмузд қассобро додан макрўҳ мебошад. Ба худи соҳиби қурбонӣ истифода намудани пўсти он иҷозат дода мешавад. Инчунин онро ба одами камбағал, ё созмони хайрия додан мумкин аст. Ба ғайри мусалмон додани гўшти қурбонӣ, чун тўҳфа, иҷозат дода мешавад.

Суратгириро аз рӯйи мазҳаби ҳанафӣ фаҳмонед?

Донишманди шинохтаи замони мо АзЗуҳайлӣ дар китоби «Аль-Фиқҳ ул-Исломия ва одиллатуҳу»-и хеш навиштааст, ки суратгирӣ иҷозат ҳаст ва дар девори хона, ё ҷойи дигаре низ овезон кардани он манъ карда нашудааст. Дар мавриде иҷоза дода намешавад, ки расми гирифта, ба иғвогарӣ, васваса, ё гумроҳӣ орад. Ба монанди тани луч (урён)-и зан ё мард.

Ба ҷойи қурбонӣ кардан, садақа додан ҷоиз аст?

Нафари доро ҳатман қурбонӣ бояд кунад ва албатта ки метавонад дар баробари қурбонӣ кардан боз хайру садақа намояд. Ҳазрати Расулуллоҳ ﷺ пас аз амри Худо, ҳар сол қурбонӣ мекарданд. (Бухорӣ, Ҳаҷ,)

Дар бораи Қурбони назрӣ мефаҳмондед ?

Назрӣ қурбонӣ ин қурбоние мебошад, ки бояд ҳамагӣ қурбонӣ кунанд. шахс онро ихтиёран барои худ анҷом медиҳад. Ин навъи қурбонӣ амри воҷиб мебошад. Назрӣ қурбонӣ ду намуд аст:

1. Назре, ки ба ин ё он шарт алоқае надорад. Масалан, мегўянд: “Ман қурбониро аз барои Аллоҳ мекунам”. Дар ин ҳол шахс озод аст, ҳар вақте ки хоҳад ин қурбонро мекунад.

2. Назре, ки ба ин ё он шарт алоқаманд аст. Масалан, касе мегўяд: “Агар ин бемор сиҳат шавад, ман аз барои Аллоҳ Таъоло қурбонӣ мекунам, баъд аз ин бемор сиҳатӣ ёфтан, курбонӣ кардан ҳатмӣ мегардад. Мўҳлати амалӣ гардидани хоҳишро нигоҳ накарда, қурбонӣ кардан низ мумкин аст. Гўшти назрӣ қурбониро касе, ки онро барои қурбонӣ овардааст, истеъмол карданаш мумкин нест. Ҳамчунин ин гўштро истеъмол кардани зан, волидон, бибӣ ва бобо, фарзандон ва наберагони ин шахс дуруст нест. Ба ғайр аз ин гўшти назрӣ қурбониро шахсони сарватманд, яъне шахсони соҳиби нисоб набояд истеъмол кунанд.

Ба қассоб барои ҳақи куштан, аз гушти қӯрбонӣ дода мумкин аст ё не?

Фурӯхтани сар, равған, по, пашм, шир ва пуст чорвои қурбоншуда макрӯҳ аст. Ба қассоб барои ҳақи куштан, аз гушти қӯрбонӣ дода намешавад. Ҳазрати Алӣ ривоят мекунад, ки; «Вақти қурбонии уштурҳо Раулуллоҳ e болои сари мо истод ва амр кард, ки пустҳо ва пашмҳои уштурҳоро тақсим кунам. Аз узвҳои уштурҳо барои ҳақи қассобро пардохт кардан, манъам кард. Ҳақи қассобро мо худамон пардохтем». (Муслим) Соҳиби қурбонӣ пусти чорворо метавонад барои худ ҷойнамоз бикунад ва ё метавонад ба фақире садақа кунад.

Агар дар як хона падару модар ва чанд бародар якҷо зиндагӣ кунанд ва ҳамаашон дорои мол (соҳибнисоб) бошанд, бояд ҳамагӣ қурбонӣ кунанд?

Бале, бояд ҳамагӣ қурбонӣ кунанд. Ҳамчунон ки бар марди сарватманд қурбонӣ воҷиб мешавад, бар зани сарватманд низ қурбонӣ воҷиб аст. Агар падару модар соҳибнисоб бошанду қурбонӣ кунанд ва фарзандашон низ соҳибнисоб буда, ҳама дар як хона бошанд, аз зиммаи фарзанд қурбонӣ соқит намешавад, бояд ҳамагӣ қурбонӣ кунанд.

Бархе аз мардум фикр мекунанд, ки агар як сол қурбонӣ кунанд, ҳар сол қурбонӣ кардан ба онҳо воҷиб мегардад, агарчи қудрат надошта бошанд ?

Ин андеша ғалат аст ва асоси шаръӣ надорад, зеро шарти воҷибшавии қурбонӣ сарватманд будан аст.

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Чипсҳои картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.   Тарзи таҳия: Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед....


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...