Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Маънои ҳаҷ чист ва далели фарз будани он чист?

Ҳаҷ дар истилоҳи шариат ба маънои қасди махсус дар вақти махсус ба макони махсус аст. Ҳаҷ бо ояти Қуръон, ҳадиси набавӣ ва иҷмои уммат фарз шудааст. Далели фарзияти он аз Қуръон ин оят аст, ки Худованд мефармояд: «Ва ҳаҷҷи ин хона фаризаи илоҳӣ аст бар касоне, ки тавоноӣ(и молӣ ва баданӣ) барои рафтан ба он ҷоро доранд».(“Оли Имрон”, 97) Далел аз суннати набавӣ ин ҳадиси Пайғомбар ﷺ аст, ки фармудаанд: «Эй мардум! Ҳаҷ бар шумо фарз шудааст, ҳаҷ кунед». (Ривояти Муслим)

Дар ривояти дигаре фармудаанд: «Касе барои Худо ҳаҷ намояд ва дар (рафти баргузории) он шаҳватпарастӣ ва фисқ наварзад, аз ҳаҷ ба монанди он рӯзе бармегардад, ки модараш нав ӯро зодааст». (Ривояти Бухорӣ)

Далели субути ҳаҷ бо иҷмоъ ин аст, ки уммати исломӣ аз замони Пайғомбар ﷺ то кунун бар фарзияти ҳаҷ иттифоқ доранд ва касе онро хилоф накардааст.

(Любоб)

 

 

 

Устод, мегуфтед, ки ҳаҷ бар инсон кай воҷиб мегардад?

Дар сурати фароҳам будани шартҳои зайл ҳаҷ барои инсон фарз мегардад: Мусулмон будан, оқилу болиғ будан, тавоноии молӣ доштан, саломатии ҷисмонӣ, набудани монеае аз анҷоми ҳаҷ, амнияти роҳ, маҳрам барои зан.

(Ихтиер)

 

 

Оё ман метавонам ба ҷои модари фавтидаам ҳаҷҷи умра кунам. Кадом намуди ҳаҷ барои модарам ҷоиз аст, зеро бисёр мехостанд, ки ҳаҷ кунанд, вале шароити рафтан надоштанд?

Шумо метавонед аз ҷониби модари марҳуматон ҳаҷҷи бадал ва умра анҷом диҳед ва савобашро ба модаратон ҳадя кунед.

(Дурар Мухтор)

 

 

 

Оё касе, ки умра анҷом додааст, дар ҳар иди Қурбон бояд қурбонӣ кунад?

Қурбонӣ кардан ба умра ё ҳаҷ вобастагӣ надорад, балки ҳар касе соҳиби нисоб бошад, қурбонӣ кардан бар ў воҷиб аст, хоҳ умра карда бошад ё на.

 

 

 

Ман хоҷагии деҳқонӣ дорам, андози заминро супоридам, пули обро додам, хароҷоти кишту кор ва нуриҳои минералиро ҳисоб кардем, вале маблағи хароҷоти сарфшуда набаромад. Оё дар ин ҳолат мо ушр медиҳем?

Пеш аз баровардани хароҷоти замин нисфи ушр дода мешавад, яъне аз 20 ҳисса як ҳиссаи ҳосил ба фақире ё мискине пардохта мешавад.

(Дурарул Хукком)

 

 

 

Касоне, ки аз роҳи дур барои адои умра мераванд, оё мисли ҳаҷ тавофи қудум ё видоъ анҷом медиҳанд?

Умра аз ҳаҷ фарқ дорад, дар умра тавофи қудум ва видоъ вуҷуд надорад.

(Ҷавҳару Нейра)

 

 

 

Оё ман метавонам ба ҷои падару модарам ҳаҷ раваму ба онҳо бахшам?

Агар волидайни шумо бемор ё барҷомонда бошанд, метавонед, ки ба ҷои онҳо ҳаҷи бадал ба ҷо оред.

(Любоб)

 

 

 

Агар мусалмон гўшти хукро ҳалол гўяд, яъне ин сухан нохост аз даҳонаш барояд, чӣ ҳукм дорад? Вале худаш он гўштро истеъмол намекунад.

Дар ин сурат аз Ислом хориҷ намешавад, лекин калимаи шаҳодатайнро ба забон оварда, тавбаву истиғфор кунад.

(Фикхул Акбар)

 

 

 

Вақте ки ман таваллуд шуда будам, зане маро шир додааст. Набераи ҳамон зан ба ман маъқул шудааст, оё метавонам, ки бо ў никоҳ кунам?

Никоҳи шумо бо набераи он зан дуруст нест, зеро барои шумо хоҳарзодаи разоъӣ мешавад.

(Фикхул Ислом)

 

 

 

Ҳамон ҳадисе, ки дар он гуфта шудааст, ки ватандорӣ як гўшаи имон аст, ба кадом навъи ҳадис дохил мешавад? Дар бораи ватандўстӣ ягон ҳадиси саҳеҳе ҳаст?

Ягон ҳадисе бо ин лафз, ки ватандорӣ аз гўшаи имон аст, наомадааст, вале дар қавли бузургони Ислом ишоратҳо омадааст, ки Расули Худо ﷺ вақте ҳиҷрат карданд, ба сўи Маккаи Мукаррама бо ҳасрат чанд бор рўи мубораки худро гардонданд, то ин ояти карима нозил шуд: «Ҳамон касе, ки Қуръонро бар ту фарз кард, туро ба ҷойгоҳ ва зодгоҳат бозмегардонад». (Сураи «Қасас», ояти 85)

Пас аз нузули ин оят Расули акрам ﷺ хурсанд шуда ва сафарашонро ба сўи Мадинаи Мунаввара идома доданд. Бар асоси ҳамин ишорат ватандорӣ ва ватандўстӣ як амри зарурӣ аст ва барои ҳифзи ватан ҷоннисорӣ бояд кард.

 

 

 

Шахсе, ки намоз намегузорад, агар хайре кунад, оё хайраш қабул мешавад? Шахсе, ки намоз намехонад садака кунад кабул мешавад?

Намоз амали ҷудогона аст ва хайру эҳсон амали ҷудогона, бинобар ин касе, ки хайру эҳсоне анҷом медиҳад, умед аст, ки ин амалаш пазируфта шавад.

 

 

Шахсе аз пеши намоз гузарад, намоз фосид мешавад? Агар аз пеши намозгузор кӯдаки хурдсол гузарад, намоз фосид мешавад ё на?

Ба сабаби гузаштан аз пеши намозгузор намоз фосид намешавад, хоҳ гузаранда калонсол бошад ё хурдсол. Вале агар шахси калонсол қасдан гузарад, он шахс гунаҳгор мешавад.

(Мароки Фалоҳ)

 

 

 

Оё писар метавонад, ки пинҳонӣ аз падару модараш бо духтаре никоҳ кунад?

Агарчи тибқи мазҳаби ҳанафӣ бе иҷозати волидайн никоҳ дуруст мешавад, вале иҷозати волидайн барои издивоҷ амри зарурӣ мебошад. Таҷриба нишон додааст, ки он ҷавононе, ки бе ризояти волидайн издивоҷ мекунанд, зиндагии бобаракат намебинанд ва оқибат пушаймон мегарданд. Бинобар ин, хидмати волидайнро қадр бояд кард ва дар ҳама корҳои зиндагӣ иҷозат ва дуои неки онҳоро бояд гирифт.

 

 

 

Вақте ки дар намози ҷамоати чаҳорракъатӣ дер монда як ракъати охирро дарёбем, боқимондаи намозро чигуна адо мекунем?

Дар ин ҳолат як ракъат бо замми сура гузорида, қаъда мекунад, сипас ду ракъати дигар, яке бо замми сура ва яке бе замми сура мегузорад.

(Мароки Фалоҳ)

 

 

 

Зане духтареро дар хурдсолияш муддати як ҳафта шир додааст, оё метавонад ин духтарро келин кунад?

Ин зан наметавонад он духтарро келин кунад, зеро ў ҳамчун фарзанди насабияш ҳисоб мешавад ва хоҳари фарзандонаш ба шумор меравад. Худованд ба шумо тавфиқу комёбӣ ато фармояд.

(Любоб)

2026-08-01 (Сафари соли 1448) №8.


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...


Тарбуз давои фарбеҳӣ

Табибон тарбузро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз фарбеҳӣ азоб мекашанд. Онҳо мегӯянд, ки гирифторони фарбеҳӣ ба осонӣ метавонанд бо истеъмоли тарбуз вазнашонро кам кунанд.   Тарбуз дар таркиби худ 90-95 фоиз об дорад ва он шифобахш аст. Зеро оби тарбуз дистиллатсияшуда...


Алимамад Боймамадов – соҳибкор ва яке аз чеҳраҳои фаъоли ҷомеаи тоҷикони Русия

Дар миёни шахсиятҳои тоҷиктаборе, ки тайи солҳои охир дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодии Федератсияи Русия нақши назаррас бозидаанд, номи Алимамад Баймамадов ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ на танҳо ҳамчун соҳибкори муваффақ, балки ҳамчун яке аз фаъолони маъруфи ҷомеаи тоҷикони муқими Русия шинохта...


Дар Шаҳристон комплекси сайёҳӣ бунёд мешавад

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон – эко резорт шинос шуд.   Ин иншооти сайёҳӣ аз чор марҳилаи сохтмонӣ иборат аст ва то ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон бунёд...


10 сабаби фарбеҳӣ

Фарбеҳӣ дар ҷаҳони муосир ба як масъалаи ҷиддӣ табдил ёфтааст. Пӯшида нест, ки фарбеҳӣ натанҳо ба симои зоҳирии инсон таъсири манфӣ мерасонад, балки ба саломатӣ низ зиён дошта, боиси пайдоиши як қатор бемориҳо мегардад. 10 сабаби гирифторӣ ба фарбеҳиро пешкаши шумо мегадонем.   1. Сустшавии...