Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Мегӯянд, ки модар набояд ба сари қабри фарзанд равад… Гӯё ба зиёрат рафтани ман фарзандамро дар гӯр беқарор мекунад. Ин гуфтаҳо асос дорад?

 

Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад ﷺ рафтани занҳоро ба қабристон аввал манъ карда буданд, вале дар охир иҷозат доданд, ба шарте, ки ризогии шавҳар бошаду меъёрҳои шариат, ки барои зан муайян кардааст, риоя шуда, зан амалҳои номашруъро анҷом надиҳад. Ба амалҳои номашруъ кандани мӯю рӯй, доду фиғон бардоштан, чок кардани гиребон дохил мешаванд.

Мо ба шумо ҳар ҳафта ба сари қабри фарзандатон рафтанро тавсия намедиҳем, вале гоҳ-гоҳ зиёрат кардан ва як каф дуо фиристодани шумо манъ нест. (Ибни Обидин)

 

Бисёр вақт ҳангоми хӯрдани таом гуфтани “Бисмиллоҳ”-ро фаромӯш мекунем. Дар ин ҳолат луқмае, ки мехӯрем, ҳалол аст ё ҳаром?

Гуфтани “Бисмиллоҳ” дар вақти хӯрдани таъом суннат аст, агар саҳван фаромӯш шавад, боке надорад ва бо сабаби фаромӯш шудани “Бисмиллоҳ” ҳаргиз луқма ҳаром намешавад.

Касе дар оғози хӯрдани таъом гуфтани “Бисмиллоҳ”-ро фаромӯш кунад ва аснои хӯрдан ба ёдаш расад, агар “Бисмиллоҳи аввалаҳу ва охираҳу” гӯяд, суннат ба ҷо меояд.

Модари муъминон Оиша d ривоят мекунад, ки Расули Худо ﷺ фармуданд: «Ҳар гоҳ яке аз шумо ба хӯрдани хӯрок оғоз кунад, «Бисмиллоҳ» бигӯяд ва агар фаромӯш кард, пас «Бисмиллоҳи аввалаҳу ва охираҳу» бигӯяд». (Мароқи фалоҳ)

 

 

Ҷумлаи “Астағфируллоҳа ва атубу илайҳ” чӣ маъно дорад?

Бародари азиз, маънои ин ҷумла чунин аст: Аз Худованд (барои гуноҳонам) омурзиш мехоҳам ва ба сўи Ў тавба мекунам.

 

 

Оё пул гирифтан барои таълим додани Қуръон дуруст аст?

Бале, музд гирифтан барои таълими Қуръон бино бар саҳеҳтарини ду дидгоҳи донишмандон бо назардошти умуми сухани паёмбар ﷺ ҷоиз аст.

Паёмбар ﷺ мефармояд: «Шоистатарин чизе, ки дар муқобили он музд гирифтаед, китоби Аллоҳ аст». (Ривояти Бухорӣ).

 

 

Ҳамаи мо ҳамсоя дорем ва гоҳо мешавад, ки муносибатамон бо ҳамсояҳо нохуб мегардад. Фаҳмидан мехостам, ки ислом вобаста ба фазилати ҳамсоядорӣ чиҳо мегӯяд?

Бояд тазаккур дод, ки ҳақи ҳамсоядорӣ дар дини мубини ислом ба ҳақи падару модар баробар аст.

Ҳамсоя се гуна аст: Якум, ҳамсояе, ки як ҳақ дорад. Ин ҳамсояи ғайри дин аст ва фақат ҳақи ҳамсоягӣ дораду халос. Дуюм, ҳамсояе, ки ду ҳақ дорад. Он ҳамсояи мусулмон аст, ки ҳақи ҳамсоягӣ ва ҳақи мусулмонӣ дорад. Сеюм, ҳамсояе, ки се ҳақ дорад. Он ҳамсояи хешованд аст, ки ҳақи мусулмонӣ, ҳақи ҳамсоягӣ ва ҳақи хешовандӣ дорад.

Аз Абухурайра   ривоят аст, ки Расули Худо ﷺ фармуд: «Хар касе ба Худо ва рўзи қиёмат имон дорад, бояд ҳамсояашро озор надиҳад ва ҳар касе ба Худо ва рўзи охират имон дорад, бояд меҳмонашро эҳтиром кунад ва касе, ки имони ба Худо ва рўзи охират дорад, бояд сухани некў бигўяд ё сукут ихтиёр намояд». (Бухори ва Муслим хадиси мазкурро ривоят карданд.) (Риёзун-носиҳин)

 

 

Бо кадом роҳ аз сеҳру ҷоду халос шудан мумкин аст, то ки дигар таъсир накунад?

Бародари азиз, барои муолиҷаи шахси ҷодушуда ва эмин мондан аз таъсири он сураҳои зайл хонда мешавад: Сураи “Фотиҳа”, “Оятул-Курсӣ”, сураҳои “Ёсин”, “Ториқ”, “Шарҳ”, “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”. Инчунин, бо сидқу ихлоси комил нўшидани оби Замзам сабаби раҳоӣ ва эмин мондан аз ҳар навъ сеҳру ҷоду аст.

 

 

Шайтон аз ҷин бо кадом хусусияташ фарқ мекунад?

Бародари азиз, ҷинҳо мавҷудоте ҳастанд, ки аз оташ офарида шудаанд ва қудрати ба ҳар шакл тағйир додани худро доранд. Онҳо аз назари инсонҳо пўшидаанд, бинобар ин, бо номи ҷин номгузорӣ шудаанд. Баъзе ҷинҳо мусулмонанд ва баъзе дигар кофиранд. Шайтон низ аз ҷин аст ва он махлуқи нофармони саркаш буда, моломол аз шарорату макру найранг аст. Шайтон душмани инсон аст ва ҳадафаш аз роҳи ҳақ берун кардану гумроҳ намудани инсон аст. (Ақидату Таҳави)

 

 

 

Фаҳмидан мехостем, ки пас аз бомдод ва аср хондани намозҳои қазоӣ иҷозат аст ё на?

Пас аз намози бомдод ва аср гузоридани намози қазоӣ дуруст аст, ба шарте, ки вақти тулуъ ё ғуруби офтоб набошад. (Алвиқоя)

 

Ман оиладорам, аммо ба сабаби беморие фарзанддор шуда наметавонам. Духтурон мегўянд, ки табобат карда намешавад. Барои рафъи ин беморӣ ва фарзанддор шуданам дуое тавсия диҳед?

Бародари азиз, фарзанд неъмати Худованд аст, кадом вақте ки хоста бошад, онро ба бандааш ато мефармояд. Аз ин рў, шитоб накунед ва ноумед ҳам нашавед. Пас аз ҳар намоз аз Худованд фарзанди солеҳ талаб кунед, иншоаллоҳ мақсудатон ҳосил хоҳад шуд. Худованди меҳрубон ба шумо шифои комил ва фарзанди солеҳ ато фармояд.

 

 

Холаам ба бародарам шир додааст, аммо ба ман на. Оё ман метавонам бо духтари холаам издивоҷ кунам?

Бародари азиз, шумо метавонед, ки бо духтари холаатон издивоҷ кунед. (Любоб)

 

 

Ман дар Русия дар як ресторан кор мекунам. Ҳар моҳ бо ҳар баҳона маошамро кам медиҳанд. Ман аз ин ресторан панҷ дона қошуқ гирифтам. Оё ин кори ман дуздӣ ҳисоб мешавад?

Бародари азиз, агарчи онҳо дар додани маоши ту кўтоҳӣ ҳам кунанд, вале набояд ту ба моли корхона дастдарозӣ кунӣ. Мусулмон бояд ахлоқи нек дошта бошад ва зарараш ба касе нарасад.

 

 

Ман як миқдор пулро барои садақа ният карда будам, аммо онро барои харидани пойафзоли фарзандонам дар оила сарф кардам. Оё ин кори ман дуруст аст?

 

Бародари азиз, ин кори шумо дуруст аст ва аз он аҷру подош хоҳед гирифт.

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Тоҷикистон бо Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дар моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23-юми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


7 маслиҳати муфид ба модароне, ки кӯдакашон дандон мебарорад

Писарчаи шашмоҳаам дандон бароварда истодааст ва бисёр беқарорӣ карда, ангуштонашро мегазад. Азбаски модари ҷавон ҳастам, ҳанӯз таҷриба надорам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?   Посух: - Табибони кӯдакона мегӯянд, дандонбарорӣ як амри табиӣ аст. Организми кӯдак пурқувват...


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...