Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Оё зане, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст, нафақааш бар зиммаи кист?

Нафақаи ў бар зиммаи касоне мебошад, ки дар Қуръон баён шудааст. Худованд дар ояти 215-уми сураи “Бақара” мефармояд: “Аз ту суол мекунанд: «Чӣ (навъи харҷ кардан) харҷ кунанд?» Бигў: «Он чӣ аз мол харҷ мекунед, пас, бояд барои падару модар ва хешовандон ва ятимон ва дарвешон ва мусофирон бошад. Ва ба дурустӣ ки Худо ба он чи аз некӣ мекунед Доно аст”. Тибқи таълимоти Ислом бенафақа гузоштани занон дуруст нест. Нафақаи духтарон то вақти издивоҷ бар зиммаи падар ва пас аз издивоҷ дар зиммаи шавҳар аст. Агар шавҳар надошта бошад, пас нафақаи ў дар зиммаи падар аст, агар падар надошт, дар зиммаи бародарон аст. Агар инҳо имконияти молӣ дошта бошанд, вале ўро бе нафақа гузоранд, ҳама дар пеши Худованд гунаҳгор мешаванд. («Любоб»)

 

 

 

Оё шахси мусофир намозҳои суннатро дар аснои сафар мегузорад?

Шахси мусофир дар аснои сафар намозҳои суннатро мегузорад. Дар “Мабсут”-и Сарахсӣ, ки яке аз китобҳои муътабари мазҳаби ҳанафӣ аст, чунин мегўяд: “Ба сабаби сафар намози суннат ва нафл қаср карда намешавад ва бидуни зарурат тарк ҳам карда намешавад, зеро Худованд дар ҳолати сафар фақат ба қаср кардани намозҳои фарз амр намудааст”. («Мабсут»)

 

 

 

Агар ягон хешованд аз дунё гузарад, барои мотами ў то як сол куртаи кабуд пўшидан аз нигоҳи дини мубини Ислом чӣ ҳукм дорад?

Ин амал аз нигоҳи шариат дуруст нест, фақат барои зане, ки шавҳараш аз олам гузаштааст, муддати 4 моҳу 10 рўз мотам гирифтан ҳатмӣ аст, яъне аз пўшидани либосҳои сурху абрешимӣ ва истеъмоли хушбўӣ худдорӣ мекунад. Агар ҳомила бошад, то таваллуди фарзанд аз ин корҳо даст мекашад. («Дурор ул-Мухтор»)

 

 

 

Мо дар яке аз шаҳрҳои Русия қарор дорем. То ҳол дар ин шаҳр масҷиди ҷумъахонӣ пайдо накардем. Шаҳри дигаре, ки масҷиди ҷумъахонӣ дорад, аз мо 90 км дур аст. Барои мо дуруст аст, ки дар рўзи ҷумъа намози пешинро бо ҷамоат гузорем?

Бародари азиз, дар ин сурати масъала шумо метавонед, ки намози пешинро бо ҷамоат гузоред. («Чавхарату Нейра»)

 

 

 

Оё дар ҳолати такя ё ғелида хондани сураҳои Қуръон дуруст аст?

Дар ҳолати ба паҳлу такя карда ва ё ғелида хондани сура дуруст нест, зеро яке аз одоби хондани Қуръон нишаста ва рў ба қибла тиловат кардан аст. Вале агар зарурате ба сабаби беморӣ ё узри дигаре пеш ояд, дуруст аст.

 

 

 

Агар мард ба занаш гўяд, ки “ҷавобатро додам, ҷавобатро додам”, оё бо ин суханаш ду талоқ воқеъ мешавад?

Хоҳари азиз, дар сурати мазкур фақат як талоқи боин воқеъ мешавад, на ду талоқ. Пас аз ин моҷаро таҷдиди никоҳ ва пардохти маҳр лозим мегардад, ба шарте ки байни шумо қаблан ду талоқ воқеъ нашуда бошад, дар акси ҳол никоҳ байни шумо дигар дуруст нест. («Дурар ул-Хуккам»)

 

 

 

Агар мард дар ҳолати ғазаб тариқи телефон гўяд, ки “ҷавобатро додам”, оё ин суханаш се талоқ ҳисоб мешавад?

Хоҳари азиз, бо лафзи “ҷавобатро додам” як талоқи боин воқеъ мешавад, на се талоқ. Дар ин ҳолат таҷдиди никоҳ ва пардохти маҳр лозим мегардад.

 

 

 

Дар гўши навзод кӣ бояд азон гўяд ва то чанд рўз ин амалро бояд анҷом дод? Агар пас аз як ҳафта гуфта шавад, дуруст аст ё на?

Бародари азиз, пас аз таваллуди тифл ҳар гоҳе фурсат шавад, ин амалро анҷом додан дуруст аст, вале набояд, ки таъхир кунад. Падари тифл ё бобои ў ва ё каси дигаре метавонанд дар гўши тифл азон гўянд, муҳим ин аст, ки шахси ботақво ва солеҳ бошад ва дар ҳаққи навзод дуои нек кунад.

 

 

 

1. Тоқӣ ё салла гузоштан суннат аст? Аз ҳадисҳо далел меовардед, зеро баъзеҳо мегўянд, ки суннат нест, балки расми мардуми араб аст. 2. Чаро дар назди хонаи Худо мардон сари бараҳна ва либосҳои нимаурён намоз мегузоранд?

Бародари азиз, пўшидани сар аз ҷумлаи одоби либоси мусулмонӣ ва аз суннати набавӣ аст. Расули Худо ﷺ ҳеҷ вақт сари бараҳна намоз нагузоридаанд. Худованд дар ояти 31-уми сураи Аъроф мефармояд: “Эй фарзандони Одам, ба вақти ҳар намоз ороиши худро бигиред”. Муфассирон мегўянд, ки дар ин оят либос бо лафзи “зинат”, яъне ороиш таъбир шудааст ва ишора ба ин аст, ки ҳар намозгузоре мувофиқ ба тавоноии худ беҳтарин либосро дар вақти намоз бипўшад. Чунончи ҳазрати Имом Ҳасан (р) одат доштанд, ки дар вақти намоз беҳтарин либоси худро мепўшид ва мефармуд: “Аллоҳ таъоло зебоиро меписандад, аз ин рў, ман барои ризои Худо зебоӣ ва ороишро интихоб мекунам”. Пас пўшидани сар низ аз ҷумлаи зинат ва ороиши намоз ва аз суннати Расули акрам ﷺ аст, ки бояд риоя шавад. 2. Дар мавсими ҳаҷҷу умра вақте ки шахсе либоси эҳром мепўшад, сарро бояд бараҳна намояд, зеро ин аз талаботи ҳаҷ ва аҳкоми дин аст. Эҳром ду порча матоъи сафеди нодўхта аст, ки ҳоҷӣ дар вақти ҳаҷ ё умра онро ба тан мекунад.

 

 

 

Лутфан бигўед, ки пешоби кўдак либосро бенамоз мекунад ё на? Дар ин ҳолат оё таҳорат кардан лозим аст?

Бародари азиз, дар ҳолати расидани пешоби кўдак ба либос ё бадан он либос ва узви бадан бенамоз мешавад ва шустани он лозим мегардад, лекин таҳорат намешиканад, бинобар ин, таҳорат кардан лозим намегардад.

 

 

 

Марде ба ҳамсари ҳомилааш “се талоқ” мегўяд ва бисёр пушаймон мешавад. Касе ба ў гуфтааст, ки агар занаш писардор шавад, талоқ ҳисоб намешавад, агар духтардор шавад, як талоқ мешавад. Ҳукми ин масъала чӣ гуна аст?

Бародари азиз, ҳомила будани зан ба талоқ ҳеҷ рабте надорад, агар мард ин лафзро гуфта бошад, албатта талоқ воқеъ мегардад, хоҳ ҳамсараш писар таваллуд кунад ё духтар. Бар ҳар ҳол, шумо барои посухи дуруст гирифтан ба Раёсати фатво муроҷиат кунед, зеро масъалаи талоқ шарҳу тафсил мехоҳад.

 

 

 

Хўрдани об ё ғизое, ки ба он гурба даҳон зада бошад, ҷоиз аст ё на?

Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ пасхўрдаи гурба макрўҳ аст.

 

 

 

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам мегўяд, ки “нопурсида рафтӣ, ба Худо қасам се талоқатро медиҳам” гуфтаам. Дар дилам шубҳа аст, ки никоҳам барҷост ё шикастааст, ҳайронам.

Бародари азиз, никоҳи шумо барқарор аст, парешонхотир нашавед, зеро лафзи “талоқатро медиҳам” ё “талоқат мекунам” замони ояндаро ифода мекунад ва бо ин лафз талоқ воқеъ намешавад. Вақте ки аз Русия ба ватан омадед, барои рафъи шубҳа ва таскини қалбатон никоҳи эҳтиётӣ кунед ва зиндагиатонро идома диҳед. Кўшиш кунед, ки дар оянда талоқро на танҳо аз забон, ҳатто аз зеҳнатон дур гардонед.

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Саволу ҷавоб

Ҷумлаи “Астағфируллоҳа ва атубу илайҳ” чӣ маъно дорад? Бародари азиз, маънои ин ҷумла чунин аст: Аз Худованд (барои гуноҳонам) омурзиш мехоҳам ва ба сўи Ў тавба мекунам. Ин ҷумларо баъди намози Бомдод ва баъди намози Аср сад бори такрор кунед савоби беканор дорад. Шахсе, ки дар ватан...


Тақвими ду даври аввали бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олиро тасдиқ кард.   Мавсими 35-уми Чемпионати Тоҷикистон рӯзи 6-уми март оғоз мешавад. Мавсими нави Лигаи олӣ дар ду марҳила бо ширкати 12 даста баргузор мешавад. Дар маҷмуъ ҳар як даста 22 бозӣ анҷом...


Дуруд бар шумо хонандагони азизи мо!

Покизагии даромад ва ҳифзи ҷомеа дар замони муосир   Имрӯз, ки бисёре аз бародарону хоҳарони мо дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, ба тиҷорат ва кор машғуланд, лозим аст, ки ҳисоби солонаи молии худро ба роҳ монанд ва Закоти моли худро адо кунанд. Закот моро аз бухл ва ҳирс дур месозад ва...


Чӣ гуна моли худро пок кунем?

Ҳамду сано Худованди ягонаро, дуруду салом ба Паёмбари гиромӣ ﷺ ва тамоми олу асҳобаш бод.   Закот яке аз аркони Ислом буда дар бисёре аз оятҳои Қуръон бо намоз якҷо зикр шудааст. Худованд мефармояд: «Ҳаргиз гумон набаранд касоне, ки ба он чи Худованд ба онҳо додааст, бахилӣ мекунанд,...


Бозигарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар клубҳои хориҷӣ

Дар равзанаи зимистонии соли 2026 якбора чанд футболбози тоҷик тасмим гирифтанд, ки фаъолияти худро дар клубҳои хориҷӣ идома диҳанд, аммо аксари онҳо дар Осиё бозӣ мекунанд.   Пурсарусадотарин трансфери ин мавсим гузаштани ҳамлавари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шериддин Бобоев ба дастаи...