Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Оё дар моҳи шарифи Рамазон истифода бурдани ҳар гуна хушбўӣ ва бўй кашидани гулҳо дуруст аст?

Истифодаи хушбўӣ ва бўй кашидани гул дар ҳолати рўза кароҳат дорад, аммо ба машом расидани бўйи хуш бидуни ихтиёри рўзадор боке надорад. «Мароки Фалох»

 

 

Оё дар ҳолати рўза ғарғара кардани даҳон ҷоиз аст?

Дар ҳолати рўза об гардонидани даҳону бинӣ ҷоиз аст, аммо ғарғара кардан ҷоиз нест, чунки бими фурў рафтани об дар ҳалқ вуҷуд дорад. Бинобар ин эҳтиёт бояд кард, то об дар ҳалқ дохил нашавад. «Ал Фиқҳул исломийю ва адиллатуҳу»

 

 

Дар аснои мисвок аз дандон хун ҷорӣ шавад, рўза мешиканад?

Агар аз дандон, бинӣ ё ягон ҷойи бадан хун ҷорӣ шавад, рўза фосид намешавад, аммо вузў мешиканад. Агар даҳон хун шуд ва онро бо оби даҳон фурў бурд, агар хун ғолиб аст ва мазаи онро маълум кард, рўза фосид аст ва бояд қазоӣ ба ҷо оварад ва агар хун ғолиб набувад ва мазаи онро маълум накард, рўза фосид намешавад. «Хулосатул масоил»

 

 

Дар кадом ҳолатҳо рўза мешиканад?

Рўза дар ҳолатҳои зерин мешиканад:

  1. Қасдан хўрдан ё ошомидан.
  2. Алоқаи ҷинсӣ кардан бо ҳамсар.
  3. Бўсидан ё ламс кардани ҳамсар, ки сабаби инзоли мани гардад.
  4. Сангреза, оҳан ё донаи меваеро фурў бурдан.
  5. Дар мақъад, бинӣ ва гўш даво чакондан.
  6. Ба гумони ин ки субҳ надамидааст, саҳарӣ хўрдан ё ғуруби офтобро мушоҳида карда ифтор намудан, ҳол он ки субҳ дамида ва ё офтоб ғуруб накардааст.
  7. Қасдан қай кардан.
  8. Ба таври маҷбурӣ хўрондан ё нўшонидан. «Ихтиёр»

Агар зан дар ҳолати бемории занона қарор дошта бошад, намоз гузоридан ва рўза гирифтанаш дуруст аст?

Дар ҳолати одати моҳона намоз гузоридан ва рўза гирифтан манъ ва ҳаром аст. Дар намоз қазо лозим намешавад ва лекин пас аз моҳи Рамазон дар рўза қазо лозим мешавад. «Дурарул Хуккам»

 

 

Дар моҳи Рамазон истифодаи мисвок ё шоткаи дандоншўӣ бе хамираи он мумкин аст ё на?

Дар ҳолати рўза тоза кардани дандон бо мисвоки табиъӣ ҷоиз аст ва ба рўза нуқсоне ворид намекунад, агарчи талхии он маълум шавад, вале оби онро фурў набарад. Шустани дандон бо мисвоки маснуъӣ (шотка) бидуни хамираи он ҷоиз аст, аммо бо хамира макрўҳ аст, агар аз хамираи он чизе ба ҳалқ фурў равад, рўза фосид ва қазо лозим мешавад. «Любоб»

 

 

Агар зан панҷмоҳа ҳомила бошад, дар моҳи мубораки Рамазон рўза мегирад?

Агар ў тавони рўза гирифтан дошта бошад ва рўза ба ў ё тифлаш зарар накунад, дар ин ҳолат рўза мегирад, дар акси ҳол, рўзаро мехўрад ва баъдан қазои онро медорад. «Бадаиу Санаъи»

 

 

Дар шабҳои моҳи Рамазон ҳамхоба шудан бо ҳамсар дуруст аст ё на?

Ҳамхоб шудан бо ҳамсар дар шабҳои моҳи муборак манъ нест, фақат дар рўзона манъ аст. «Нурул Изоҳ»

 

 

Зане, ки ҳамли ду-се ҳафтаина дорад, аз нигоҳи дини Ислом бояд рўза дорад ё на?

Агар дар рўза доштани ин зан ба саломатии ў ё ба ҳамлаш зараре пеш ояд, дар ин ҳолат метавонад, ки рўза надорад. Пас аз таваллуди фарзандаш дар вақти муносиб қазои рўзаро медорад. «Дурар»

 

 

Дар охири моҳи Шаъбон рўза гирифтан мумкин аст?

Дар охири моҳи Шаъбон ду рўз қабл аз моҳи Рамазон рўза доштан макрўҳ аст, зеро Расули акрам ﷺ аз рўза гирифтан дар ин ду рўз манъ кардаанд, аммо дар дигар рўзҳои моҳи Шаъбон рўза доштан савоби бузург дорад. «Хашияту Тахтави»

 

 

Оё дар ҳолати ҳарорати баланд доштан молидани спирт ба бадан рўзаро мешиканад?

Молидани спирт ба бадан рўзаро намешиканад. «Фиқҳи Ҳанафи»

 

 

Оё дар ҳолати рўза аз лаб бўса кардани зан рўзаро мешиканад?

Бўса кардан дар ҳолати рўза макрўҳ аст, агар хавфи инзоли манӣ вуҷуд дошта бошад. «Хашияту Тахтави»

 

 

Оё дар моҳи мубораки Рамазон хўрдани тухми мурғ, ҳасиб (колбаса) ва нўшидани баъзе нўшокиҳо мумкин аст?

Дар моҳи Рамазон хўрдан ва нўшидани тамоми он чизҳое, ки Худованд ҳалол кардааст, дуруст ва ҷоиз аст. Аммо он чизҳое, ки Худованд ҳаром кардааст, истеъмоли он на танҳо дар моҳи Рамазон, балки дар тамоми моҳҳо мамнўъ аст. Абўҳомиди Ғазолӣ дар китоби «Арбаъин» меорад: «Рўза аз лиҳози асрор дорои се дараҷа аст ва камтарини онҳо ин аст, ки инсон фақат аз чизҳое худдорӣ менамояд, ки рўзаро ботил месозад, лекин аъзои баданро аз чизҳои макрўҳ ва нописандида нигоҳ намедорад ва ин рўзаи умум аст, ки фақат ба исми он иктифо мешавад.

Дараҷаи дувум ин аст, ки инсон бо худдорӣ аз он чизҳое, ки рўзаро ботил месозад, аъзои баданро низ ҳифз кунад. Масалан, забонро аз ғайбат, чашмро аз нигоҳ ба сўйи ҳаром ва дигар аъзоро аз аъмоли нораво нигоҳ дорад.

Дараҷаи сеюм ин аст, ки бо ҳифзи аъзо аз аъмоли нораво қалбро низ аз васваса ва афкори нописандида холӣ кунад ва фақат ба ёди Худо бошад.

Барои расидан ба ин дараҷа лозим аст, ки рўзадор бо ғизои ҳалол ва бешубҳа ифтор кунад ва аз ғизои ҳалол ҳам чандон нахўрад, ки меъдаашро сангин ва шаҳваташро тақвият намояд. Дар ин сурат фоидаи рўза аз байн рафта дар инсон танбалӣ эҷод мешавад ва мумкин аст нафъи рўза бо ин зарарҳо баробар шавад».

Аз ин суханон чунин бармеояд, ки ҳадафи рўза пок намудани қалб аз ҳама хислатҳои нораво буда барои расидан ба ин ҳадаф бояд инсон саъйу талош намояд ва то ҳадди имкон аз хўрданиҳо ва нўшиданиҳои шубҳанок парҳез кунад. «Арбаъин»

 

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Хатсайри Душанбе-Москва дубора фаъол мешавад?

Масъалаи барқарор кардани ҳаракати қатораи мусофирбари мустақим дар масири Душанбе - Маскав миёни намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин мавзӯъ дар мулоқоти муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо муовини вазири нақлиёти Федератсияи...


Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуҷҷатҳояшонро дар Тоҷикистон тахт карда, баъд ба Русия мераванд

Муҳоҷирони тоҷик ҳуқуқ пайдо карданд, ки тамоми ҳуҷҷатҳояшонро дар Тоҷикистон тахт намуда, баъдан ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.   Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи Русия “Созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар ҳудуди Русия”...


Чаро кӯдак дар хобаш гап мезанад?

Дар хобаш гап задани шахсро дар тиб «сомнилоквия» меноманд ва он аз насл ба насл мегузарад. Олимон бар он назаранд, ки сомнилоквия асосан бар асари стрессе, ки шахс дар давоми рӯз аз сар мегузаронад, пайдо шуда, дар натиҷа одам дар хоб худ ба худ гап мезанад.   Бояд гуфт, ки ин...


Ҷарроҳии нодири лапароскопӣ бори аввал дар Тоҷикистон

Бори аввал дар Тоҷикистон бо истифода аз дастгоҳи муосири “Eye Max” ҷарроҳии гузоштани анастомоз байни рӯда ва маҷрои умумии талхагузари ҷигарӣ бо усули лапароскопӣ, инчунин ревизияи роҳҳои талхагузар анҷом дода шуд.   Ин амалиёти нодири ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияҳои...


Наврасони Тоҷикистон қаҳрамони CAFA шуданд

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) қаҳрамони мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) гардид. Тими мо дар даври охир бо Ӯзбекистон мусовии 0:0 анҷом дода, бо 10 имтиёз ҷойи аввалро касб кард. Мусобиқа бо иштироки 5 даста — Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон,...