Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

 

Агар зан ба фарзандаш “бар падарат лаънат” гўяд, гуноҳ мегирад?

Сабаби чунин алфозро гуфтани зан надонистани мақому ҷойгоҳи шавҳар аст, зан ба сабаби лаънат гуфтан ба шавҳараш гунаҳгору осӣ мешавад. Барои ҳалли ин мушкил хуб мешуд, ки китобҳои дар бораи масоили хонавода ба табъ расидаро дастрас намоед, умед аст, ки он хоҳар пас аз мутолиа ба хулосаи зарурӣ меояд. Фақат аз роҳи насиҳат кор гиред, иншоаллоҳ ислоҳ мешавад. Ҳоло фақат ҳамин қадар мегӯем, ки “падарлаънат” гуфтани зан фарзандашро мукин нест.

 

 

Одами мастро рӯзгораш ҳалол аст ё ҳаром? Мард дар ҳолати мастӣ занро талоқ диҳад, талоқ ҳисоб мехӯрад?

Дар мазҳаби мо одам дар холати мастӣ занашро талоқ диҳад, талоқ воқеъ мешавад. Вале рӯзгори одами мастҳалол аст. Фақат худаш одами гунаҳкор аст, барои он ки ҳукмӣ Худоро поймол мекунад. (Дурар ль-Мухтор)

 

 

Домулло! Дар бораи намози истихора маълумоти муфассал диҳед?

Истихора ба маънои талаби хайр кардан аст. Ҳазрати Паёмбар ﷺ тариқи адои истихораро ба ёронаш таълим медод, зеро ҳар фарди мусалмон ба он ниёз дорад ва дар зиндагии ӯ бисёр муҳим аст.

Ҳазрати Ҷобир мегӯяд: «Паёмбар ﷺ дар тамоми корҳояш истихораро монанди сураҳои Қуръон ба мо омӯзиш медод ва мефармуд: «Ҳар гоҳ касе аз шумо ба анҷоми коре тасмим гирифт, ду ракъат намози нафл бигузорад, сипас чунин дуо кунад: «Худовандо! Бо илми Ту аз Ту хайр талаб дорам ва бо қудрати Ту аз Ту қудрат талаб мекунам ва аз лутфи бузурги Ту мепурсам, чун Ту Тавоноӣ ва ман нотавон, Ту медонӣ ва ман намедонам, Ту Донандаи ғайбҳо ҳастӣ. Худовандо! Агар Ту медонӣ, ки ин кор сабаби хайри дину дунё ва оқибати неки корам мешавад, пас онро бароям муқаддар ва осон гардон. Агар медонӣ, ки ин кор сабаби зарару зиён дар дину зиндагии дунё ва оқибати бади корам мешавад, пас ба лутфи худ онро аз ман дур соз ва маро аз он дур кун ва хайру хубиҳоро, ҳар ҷо ки бошад, бароям муяссар гардон, сипас маро бар он хушнуд кун», пас ҳар ҳоҷате, ки дошта бошад, зикр кунад».

Ҳадаф аз истихора ин аст, ки пеш аз ҳар коре бо ҳузури қалб дуо кунем, ба умеди ин ки Худованд ба фазли хеш моро ба беҳтарин корҳо ва роҳҳои дуруст роҳнамоӣ кунад ва бадиро бо қудрати хеш аз мо дур карда, аз ҳар гуна гумроҳӣ ва лағжишу инҳироф раҳоӣ бахшад. «Мароки ль-Фалох»

 

 

Барои чӣ тавба мекунем ва тавба чи фоида дорад?

Тавба дар урф тарки гуноҳ аст ва тафсири он ба бозгаштани ба Худои субҳонаҳу ишорат аст. Ва он касе, ки бетавба асту иртикоби маосӣ мекунад, бандаест бигрехта аз Худованди худ чун тавба кард ва тарки гуноҳ карду бозгардид ба соҳиби худ.

Агар тавбаи муъмин бо ихлос ва самимият бошад, соҳибашро аз гуноҳонаш пок мегардонад, чун тиллои тоза, инсонро пок мекунад ва қадру қиматашро баланд мекунад. Бинобар инсонро мебояд, ки доима бо тавба ва истиғфор бошад.

Ва дар тавба се чиз зарурист, ки бе он се чиз тавба вуҷуд нагирад. Яке аз онҳо тааллуқ ба гузашта дорад, дуввум тааллуқ ба ҳол дорад, саввум тааллуқ ба оянда дорад. Он, ки тааллуқ ба гузашта дорад, пушаймонист аз гуноҳи гузашта. Ва он, ки тааллуқ ба ҳол дорад, он аст, ки филҳол боз истода бошад. Ва он, ки тааллуқ ба истиқбол дорад, он аст, ки бад-ин азимат бошад, ки баъд аз ин ҳаргиз ба сари он гуноҳ наравад. Ва чун ин се чиз ба ҳосил омад, тавба дуруст шуда гуноҳ омурзида гардид. Ва агар боз ба сари он гуноҳ равад, агарчи тавба шикаста шавад, аммо ӯро аз гуноҳи пеш нахоҳанд пурсид.

Шарти тавба се чиз аст: Пушаймонӣ ба дил ва узр ба забон ва ба тан боз истодан аз гуноҳ.

Пас гуфт Амиралмуъминин Али , ки: Тавба исмест, ки воқеъ мешавад бар шаш маънӣ, яъне шаш чиз мебояд то тавба дуруст ояд. Аввал мазаммат бар гуноҳони гузашта ва дигар қазои фароизи зоеъшуда ва дигар радди мазолим ва дигар гудохтани нафс бар тоат ҳамчунон, ки тарбият кардаӣ ӯро дар маъсият ва дигар чашонидани талхии тоат ҳамчунон, ки чашонидаӣ ӯро ширинии гуноҳ ва дигар гиря ба ҷои ханда кардан. Расули акрам ﷺ фармуданд: “Эй инсонҳо, ба Худо тавба кунед. Ба дурустӣ, ман дар як рӯз сад маротиба тавба мекунам.” (Муслим)

 

 

Ману шавҳарам якуним сол боз ҷудо зиндагӣ мекунем. Муносибатамон бо шавҳарам миёна аст, вале ӯ ихтиёран ҷойгаҳи хобашро ҷудо кард. Оё никоҳи мо вайрон шудааст?

Агар аз забони мард калимаи талоқ набаромада бошад, никоҳи шумо вайрон нашудааст. (Ихтиёр)

 

 

Пештар калонсолон духтарҳо ва ҷавонзанҳоро ҳамеша насиҳат карда мегуфтанд, ки номи шавҳарро гирифтан гуноҳи бузург аст. Ин гуфтаҳои кампиракон ягон асос доранд ё не? Номи шавҳарро гирифтан аз нигоҳи дини мубини ислом гуноҳ аст?

Номи шавҳарро гирифтани зан аз нигоҳи шариат манъ нест, вале агар сабаби озурда шудани хотири шавҳар гардад, беҳтар аст, ки ӯро ба номаш садо накунад. Аслан, ин вобаста ба урфу одати ҳар минтақа аст.

 

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


Тоҷикистон бо Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дар моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23-юми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи...


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


Чипсҳои картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.   Тарзи таҳия: Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед....