Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Дар бораи ин дуо камтар маълумот медодед, ки онро чӣ хел ва чанд бор хондан даркор аст. Агар хато навишта бошам, онро ислоҳ кунед. «Аъузу биллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозиру».

Дар ҳадиси шариф аз Усмон ибни Абулос ривоят шудааст, ки ў аз беморие, ки дар вуҷудаш эҳсос мекард, ба Расули Худо ﷺ шикоят намуд. Паёмбар ﷺ ба ў фармуданд: “Дастатро ба ҷое, ки дар вуҷудат дард мекунад, бигзор ва се бор “Бисмиллоҳ” бигў ва боз ҳафт бор бигў: «Аъузу бииззатиллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозиру». Яъне, паноҳ меҷўям ба иззату қудрати Паврардигор аз шарри он чи меёбам ва аз он метарсам. Ба шарофати дуои мазкур дард бартараф мешавад.

 

 

Дар ҳолати розӣ будани шавҳар зан метавонад, ки абрўҳояшро бичинад?

Чидани абрў аз нигоҳи шариат манъ аст. «Дурар Мухтор»

 

 

 

Аз гўшти чорвое, ки барои ақиқа забҳ мешавад, аҳли ҳамоноила истифода бурда метавонанд?

Албатта аҳли оила аз гўшти ақиқа истифода мебаранд. «Фикхул Ислом»

 

 

 

Дар вақти оғўш гирифтани ҳамсар агар аз шармгоҳ об хориҷ шавад ва ба либос расад, оё ғусл воҷиб шуда ва либос бенамоз мешавад?

Аз шармгоҳ (роҳи пеш) чор навъ об хориҷ мешавад: манӣ, мазӣ, вадӣ ва пешоб. Манӣ обе аст, ки дар ҳолати эҳтилом ё ҳамхоба шудан бо ҳамсар ва баъзан дар ҳолати нигоҳи бошаҳват ё оӣўш гирифтан бо ҷаҳиш ва шаҳват хориҷ мешавад. Мазӣ обе аст, ки дар ҳолати нигоҳи бошаҳват, оғўш гирифтан ё бўсидани ҳамсар мебарояд. Вадӣ ҳамон оби рақиқи беранг аст, ки гоҳ-гоҳе бар асари хунукзадагӣ хориҷ мешавад. Дар ҳолати хориҷ шудани манӣ ғусл воҷиб мешавад. Дар ҳолати хориҷ шудани мазӣ, вадӣ ва пешоб фақат вузў бар инсон воҷиб мешавад, на ғусл. Дар ҳама суратҳои мазкур агар либос ба яке аз инҳо олуда шуда бошад, шустани он лозим ва воҷиб мешавад. «Мароки Фалох»

 

 

 

Болои сари шахси ғайри мусулмон дар вақти маргаш талқин намудани калимаи шаҳодат дуруст аст, то имон биёрад?

Талқини шаҳодат ба шахси ғайри мусулмон дуруст аст, чунонки Расули акрам ﷺ дар болои сари як писари яҳудӣ талқини шаҳодат намуданд ва ў имон овард.

 

 

 

Агар шавҳар аз ҳамсараш ҷудо шуда ва соҳиби як фарзанд бошад, закоти худро ба онҳо диҳад, дуруст аст?

Бародари азиз, дар сурати мазкур пардохти закот ба модари фарзандатон дуруст аст, аммо ба худи фарзанд дуруст нест. «Любоб»

 

 

 

Шахсе дар ҳолати меҳмонӣ эҳтилом шавад, чӣ кор бояд кунад, ки фитна нашавад?

Дар ин ҳолат аз соҳибхона об талаб карда ғусл мекунад, зеро дар талаб кардани ҳақиқати кор, аз Худо шарм дору аз дигарон шарм мадор.

 

 

 

1. Оё пеш аз муҳлат додани закот ҷоиз аст? 2. Аз хонаҳое, ки дар сохтмонҳои баландошёна ҳастанд, аммо таъмир надоранд, закот дода мешавад ё ин ки баъд аз фурўхтан аз маблағи умумӣ ҳисоб мешавад? 3. Дар закот ба ҷои маблағ мошин додан ҷоиз аст? 4. Орду равған, қанду биринҷ ва дигар маҳсулотро харида ба чанд оилаи ниёзманд тақсим кардан дар пардохти закот ҳисоб мешавад?

  1. Пеш аз муҳлат пардохт намудани закот ҷоиз аст. 2. Агар ин хонаҳо ба нияти тиҷорат сохта шуда бошанд, агарчи таъмир ҳам надоранд, дар онҳо закот воҷиб мешавад. 3. Ба ҷои маблағ (сомонӣ ё дигар намуди асъор) додани мошин дуруст аст. 4. Дар пардохти закот додани маҳсулоти ғизоӣ дуруст ва балки беҳтар аст, зеро мардуми ниёзманд бештар ба маводди ғизоӣ эҳтиёҷ доранд. «Дурар Мухтор»

 

 

 

Баъд аз майитро дар қабр гузоштан чӣ гуна намоз гузорида мешавад?

Пас аз дафни майит ду ракъат намоз ба нияти нафл хонда мешавад, дар ҳар ракъат “Фотиҳа” ва “Оятул-Курсӣ” як бор, сураи “Такосур” даҳ бор, “Ихлос” як бор хонда, савобашро ба рўҳи майит бахшад. «Фарзи айни форсӣ»

 

 

 

Оё дар дини Ислом бибичоршанбе ё мушкилкушо вуҷуд дорад?

Дар таълимоти дини Ислом чунин амалҳое вуҷуд надорад, зеро мушкилкушо фақат Худованд аст. Агар касе ба хотири осон шудани корҳо ва рафъи мушкилоти худ садақа кунад ва ё кори неке анҷом диҳад, албатта ин амалаш дуруст аст.

 

 

 

Барои зани ҳомила нишаста адо намудани намозҳои фарзу суннат мумкин аст?

Агар дар ҳолати истода гузоридани намоз ва рукуъу саҷда кардан барои зани ҳомила мушкил бошад, дар ин сурат ҷоиз аст, ки намозро дар ҳолати нишаста гузорад. «Нурул Изох»

 

 

 

Саҷдаи саҳв чист?

Саҷдаи саҳв он аст, ки дар охири намоз анҷом дода мешавад. Агар намозгузор дар аснои намоз яке аз воҷиботи намозро тарк кард, бар ў саҷдаи саҳв воҷиб мегардад. Ҳангоме ки саҷдаи саҳв воҷиб мешавад, баъд аз хондани «Аттаҳийёт» ба ду тараф салом дода, «Аллоҳу Акбар» мегўяд ва паси ҳам ду саҷда анҷом медиҳад. Баъд аз саҷдаи дувум «Аттаҳийёт», «Салавот» ва дуоро хонда салом медиҳад. Агар саҷдаи саҳв бар имом воҷиб шуда бошад, танҳо ба тарафи рост салом дода, баъд саҷдаи саҳвро анҷом медиҳад. Саҷдаи саҳв ба сабаби яке аз панҷ иллати зайл воҷиб мегардад:

  1. Ба тақдими фарз, мисли рукуъ намудан пеш аз қироат;
  2. Ба таъхири фарз, монанди таъхир намудани ракъати сеюм ба сабаби илова кардан бар «ташаҳҳуд»;
  3. Ба такрор намудани фарз, монанди ду бор рукуъ кардан;
  4. Ба тағйир додани воҷибе, монанди баланд хондан дар намозе, ки бо овози паст хонда мешавад ва ё баръакс;
  5. Ба тарк намудани воҷибе, монанди тарк намудани қаъдаи аввал.

Дар сурати тарк шудани яке аз фарзҳои намоз саҷдаи саҳв кифоят намекунад, балки аз сар гузоридани намоз лозим мегардад. Дар сурати тарки яке аз суннатҳои намоз саҷдаи саҳв лозим намешавад. «Хошияти Тахови»

 

 

 

Дар аснои гузоридани намози фарз ба сурати танҳо каси дигаре ба ў иқтидо кунад ва танҳогузор бо дидани ин шахс такбирро баланд гуфта намозро ба сурати ҷамоат гузорад, оё ин намози онҳо ҳамчун намози ҷамоат ҳисоб мешавад ва дар он кароҳате пайдо намешавад? Оё дар ин ҳолат тартиби намоз риоя мешавад, агар шахси танҳогузор як ё ду ракъатро танҳо гузорида бошад?

Дар аснои гузоридани намози фарз ба сурати танҳо иқтидо кардани шахси дигаре ба ў дуруст аст ва ҳеҷ кароҳате надорад, агарчи танҳогузор бештари намозро гузорида бошад. Дар ин ҳолат шахси аввал такбирҳоро бо садои баланд мегўяд ва агар намози ҷаҳрӣ бошад, дар ракъати якуму дуюм бо садои баланд қироат мекунад, на дар сеюму чорум. Пас аз саломи имом муқтадӣ чанд ракъатеро, ки дарнаёфта бошад, бархоста мегузорад. Ба ин тартиб ҳар ду савоби намози ҷамоатро ҳосил мекунанд. «Чавхарату Нейра»

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


САВОЛУ ҶАВОБ

Мехоҳам маънои сано, тасбеҳот, тасмеъу таҳмид ва зикру дуоҳоеро, ки дар дохили намоз хонда мешаванд, бидонам. Тарҷумаи зикрҳо ва дуоҳое, ки дар намоз хонда мешаванд, ба сурати зайл аст: Сано: «Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...