Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Домулло як савол дорам. Барои кӣ ҳаҷ фарз аст?

Ҳаҷ барои шахсони зерин фарз аст. Инсон бояд:

  1. Мусалмон бошад;
  2. Ба балоғат расида бошад;
  3. Боақл бошад;
  4. Донад, ки ба ҷо овардани ҳаҷ фарз мебошад;
  5. Ба қадри кифоят мол ва пуле дошта бошад, ки то баргаштанаш аҳли хонаводааш харҷи рўзгор намоянд;
  6. Барои роҳи рафту омади ҳаҷ пул дошта бошад. (Фикҳу Муяссар)

Шунидам ки ҳаҷ чанд намудҳо дорад ин рост аст?

Бале бародари азиз ин рост аст. Се намуди ҳаҷ мавҷуд мебошад:

1. Ҳаҷи Ифрод.

Ин ба ҷо овардани ҳаҷи беумра мебошад. Шахсони ҳаҷро ба ҷо оваранда, баъди эҳромро дар бар кардан ниятро танҳо барои ҳаҷ мекунад ва фарзҳои ҳаҷро фақат ба ҷо меоварад. Барои онҳое, ки ҳаҷи Ифродро ба ҷо меоваранд, қурбонӣ кардан воҷиб намебошад.

2. Ҳаҷи Таматтўъ

Ин ба ҷо овардани умра ва ҳаҷ мебошад, ки барои ҳар яке ҷудогона эҳромро дар бар мекунанд. Шахси ҳаҷро ба ҷо оваранда, барои умра эҳром мебандад ва онро ба ҷо оварда, аз эҳром мебарояд ва баробари расидани вақти ҳаҷ боз аз сари нав барои ба ҷо овардани ҳаҷ эҳром мебандад. Барои ба ҷо оварандагони ҳаҷи Таматтўъ курбонӣ кардан воҷиб мебошад.

3. Ҳаҷи Қирон.

Ин ба ҷо овардани ҳаҷ ва умра дар як эҳром мебошад. Пеш аз эҳром бастан зиёраткунанда ҳам барои ҳаҷ ва ҳам барои умра ният мекунад. Аввал зоир умраро ба ҷо оварда, сипас аз эҳром набаромада, ба адои ҳаҷ шурўъ мекунад. Барои ба ҷо оварандаи ҳаҷи Қирон қурбонӣ низ воҷиб мебошад. Ҳар касе, ки азми ба ҷо овардани ҳаҷро дорад, мувофиқи назардошти худ, ба яке аз ин се намуди ҳаҷ ният мекунад. (Ибни Обидин)

Шартҳои ба ҷо овардани ҳаҷ кадомҳоянд?

Шартҳои ба ҷо овардани ҳаҷ:

  1. Сиҳату саломат бошад (кўр, пир ва барои ба ҷо овардани ҳаҷ тавоноии баданӣ дошта бошад);
  2. Барои рафтани ҳаҷ монеа вуҷуд надошта бошад (масалан, инсон набояд дар маҳбас бошад);
  3. Роҳ бояд бехатар бошад;
  4. Зан бояд бо ҳамроҳии шавҳар, ё дигар маҳрам (шахсоне, ки ба онҳо ба шавҳар баромада наметавонад) бошад;
  5. Зан дар ҳолати идда набошад. Зани талоқгардида метавонад маросими ҳаҷро баъди идда (се давраи бемории моҳонаи занона) ба ҷо оварад. (Ихтиёр)

Думулло ин калимаҳои эҳром, талбия, тавоф, саъй ва вуқуфро дар арафа каме шарҳ медоден?

Ин муваққатан барои зоирон манъ гардидани баъзе амалҳо мебошад. Шахси нияти ҳаҷ карда ва талбияро ба забон оварда ба эҳром дохилшуда ҳисобида мешавад.

Эҳром

Ин муваққатан барои зоирон манъ гардидани баъзе амалҳо мебошад. Шахси нияти ҳаҷ карда ва талбияро ба забон оварда ба эҳром дохилшуда ҳисобида мешавад.

Барои шахси дар эҳром буда манъ аст:

  1. Пўшидани либоси дўхташуда (ба ғайри занон);
  2. Муқаддамоти мубошират, ба монанди мисос кардан ё бўсидани зан, ҷимоъ кардан;
  3. Бўи хуш задан;
  4. Сайд кардан, ё ба сайёдон кумак кардан;
  5. Шохҳои сабзро буридан, шикастан, алафҳоро кандан;
  6. Ришу мўи сар тарошидан.

Талбия

Дар ҳолати «эҳром» мардон бо овози баланд ин дуоро мехонанд. (занон пасттар мехонанд): «Лаббайкаллоҳумма лаббайк. Лаббайка ло шарика лака, лаббайк. Инна-л-ҳамда ва-н-ниъмата лака ва-л-мулк. Ло шарика лак».

Тавоф

Ин маросими давр задан дар атрофи Каъба мебошад. Ҳафт маротиба дар атрофи Каъба ба муқобили ҳаракати соат ҳаракат карда, давр мезананд. Маросимро дар ҷои муқобили санги сиёҳ шурўъ мекунанд.

Саъй

Ин ҳаракати тез миёи ду пўшта - Сафо ва Марва мебошад, ки дар наздикии Каъба дар Масҷидулҳаром ҷой гирифтаанд. Аз Сафо сар када, бояд 7 маротиба рафт. Аз Сафо то Марва 4 маротиба ва аз Марва то Сафо 3 маротиба.

Вуқуф

Ин маънии вақти муайян истодан дар Арафат ва водии Муздалифаро дорад. Дар Арафат истодан фарз мебошад. Дар водии Муздалифа будан воҷиб аст. (Ҳидоя шариф)

Амалҳои фарз, воҷиб ва суннати ҳаҷро номбар мекардед? Фарзҳои ҳаҷ:

  1. Истодан дар водии Арафот;
  2. Тавофи зиёрат (маросими давр гаштани гирди ҳарами Каъба).

Воҷиботи ҳаҷ:

  1. Эҳром бастан дар Миқот;
  2. Даст кашидан аз амалҳое, ки ҳангоми дар эҳром будан манъ карда шудаанд;
  3. Баъди ҳар тавоф ду ракъат намоз мегузоранд. (яъне баъди 7 маротиба давр задан);
  4. Бо таҳорат будан дар вақти анҷоми тавоф ва саъи;
  5. Саъй намудан миёни Сафо ва Марва;
  6. Истимрор (давом ёфтани) вуқуф дар Арафот то ғуруби офтоб;
  7. Тартиб барои муфрид, миёни рамй ва ҳалқ ва барои қорин ва мутаматиъ миёни рамй, забҳ ва ҳалқ;
  8. Вуқуф дар Муздалифа баъд аз тулӯи фаҷри рӯзи наҳр (рӯзи ид);
  9. Рамй ҷимор (сангзанак);
  10. Онҳое, ки ҳаҷи Қирон, ё ҳаҷи Таматтўъро ба ҷо овардаанд, қурбонӣ мекунанд;
  11. Баъди анҷом ёфтани сангпартоӣ дар Мино, дар муддати се рўзи аввали ид муйҳои сарро метарошанд;
  12. Тарошидани сар ва ё паст кардани муй дар Ҳарам
  13. Дар рўзҳои иди Қурбон тавофи «Ифода» (зиёрат) кунад;
  14. Тавофи видоъ ё тавофи садар барои касоне, ки аз хориҷи миқот меоянд.

Суннатҳои ҳаҷ:

  1. Ғусл ё вузуъ гирифтан дар ҳангоми иҳром бастан;
  2. Гузаронидани ду ракаати намоз баъд аз нияти иҳром;
  3. Бисёр дуои талбия гуфтан;
  4. Тавофи қудум барои шахсоне, ки аз хориҷи миқот меоянд ва ҳам барои қорин;
  5. Рамал ва изтибоъ (китфи рост луч) дар тавофе, ки баъд аз он иродаи саъй миёни Сафо ва Марва дошта бошанд;
  6. Рафтан ба сӯӣ Мино дар рӯзи ҳаштум, ки онро «явми тарвия» гӯянд. Сипари намудани шаби оянда дар Мино;
  7. Берун шудан аз Мино ва ҳаракат ба сӯи Арафот баъд аз баланд шудани рӯзи арафа;
  8. Сипари кардани шаби ид ё шаби явми наҳр дар Муздалифа;
  9. Ғусл намудан дар Арафот;
  10. Сипари кардани шабҳои айёми наҳр рӯзҳои ид дар Мино;
  11. Забҳи ҳайвон барои ҳоҷии муфрид. (Виқоя)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...