Ҳалли мушкили

Ҳалли мушкили

Ҳалли мушкили

Суол: Ҳолатам хеле вайроншуда аст. Баъди ҷудошавӣ аз ҳамсари аввалам, дар ман як навъ ноумедие ғалаба дорад, ки барои оғози муносибати нав тарси зиёд низ оварда истодааст. Пас аз ҷудошавӣ метарсам, ки кӯдаконро чӣ тавр тарбия кунам. Чӣ тавр пас аз ҷудошавӣ, боз ба шавҳар метавон баромад?

Ҷавоб: Пеш аз ҳама, зарур аст, ки Шумо ҳолати шуда, яъне сабаби ҷудошавиро борҳо дурустар аз назар гузаронед. Он чизҳоеро хуб таҳлил кард, ки сабабгори ин ҷудошавӣ шудаанд, ки маҳз хатойи кардаи худи шумо дар куҷост. Агар чунин корро ба анҷом расонед, эҳтимол аст, ки оянда бори дигар ба чунин хато рӯ ба рӯ нашавед.

Агар ин нофармонӣ пеши Худованд бошад, Ӯ мунтазири пушаймонӣ (тавба)-и мост ва ҳозир аст, ки моро бубахшад. Агар вазъияти ногувор бинобар иҷро накардани вазифаи аслӣ, аз нодонӣ ва бо гуноҳи худи шумо рух дода бошад, пеш аз ҳама, аз ононе, ки малолу ранҷонидаед, бахшиш пурсед, ки эҳтимол дорад аз гардани шумо чунин бори вазниние афтад.

Баъдан шумо дарк бояд кунед, ки магар ин ҳама ба қудрату тавоноии амри Худо ва далели сарнавишт иттифоқ афтодааст. Мо бояд бо он мувофиқ бошем ва иқдоми хешро рӯй ба ризояти Худованд созем. Парвардигори мо ба ҳеҷ чизе эҳтиёҷ надорад. Гоҳе Ӯ мушкилие ба бандагони хеш мефиристад то, ки сарфаҳм рафта, дигарбора пеши худ гайридурустӣ (ноҳақӣ) накунем. Набошад, баъди аз дурустӣ (ҳақ) дур шудан ҷавоб бояд дода, боз ҳам ба сӯйи Ӯ муроҷиът карда, дастгирӣ металабанд.

Ин ҷаҳон-ҷаҳони озмойишҳои сахтест, ки дар он ба касе бехатариву оромие кафолат дода намешавад. Худованд дар як ояе овардааст, ки: “Ҳатман шуморо бо камтарин тарс, гуруснагӣ, аз даст додани молу мулк, фавти наздикон ва тифлакон озмойиш хоҳад карда, сабру тоқати шуморо месанҷад. (сура «Бақара», ояи 155).

Аз ин рӯ, шумо набояд ба гузашта нигоҳ кунед, баръакс, барои умед ба раҳми Худованд ҳар он чӣ аз даст омадаро истифода карда, ба сӯйи рӯзгори хуш рафта, ҳамроҳи одами дӯстдошта, бахту саъодат оваред.

Муҳаммадфарух Азимов

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...