Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

 

Ман зино кардам. Оё никоҳ ман бурида мешавад?

Зино гуноҳи кабира аст, ки сабаби бебаракатӣ дар хонадон мешавад, аммо ба сабаби зино кардан никоҳ аз байн намеравад ва талоқ воқеъ намешавад. Аз ин амали қабеҳ тавба бояд кард ва аз Худованд истиғфор бояд хост. «Любоб»

 

 

 

Дар вақти ҳаҷ ва умра занҳо барои ба таъхир андохтани ҳайз дору истифода бурданашон мумкин аст ё не?

Агар ин кор ба саломатӣ зарар надошта бошад, барои ба таъхир андохтани ҳайз дору истифода бурдани занҳо аз лиҳози шариат боке надорад. Агар пас аз истифодаи дору замони ҳайз фаро расад, вале ҷараёни хун мушоҳида нашавад, даромадани зан ба масҷид ва тавоф карданаш ҷоиз аст. Дар ҳолати зарар расонидан ба саломатӣ беҳтар аст, ки чунин доруҳоро истифода набарад, балки баъд аз сипарӣ шудани айёми ҳайз тавофи худро анҷом диҳанд. «Фиқҳи Ҳанафӣ»

 

 

 

Соҳибкор дар болои маҳсулоти харидааш як баробар мондан ва фурўхтан дуруст аст?

Тоҷир дар болои маҳсулоти харидааш мувофиқи имону инсофаш нарх гузошта мефурўшад. Кўшиш кунад, ки ба худ ва ба харидор ҷабру зулм накунад ва аз нархи бор аз се як қисмашро болои маҳсулоти харидааш монад ва фурўшат хуб аст. «Фиқҳул Ислом ва Адиллатуҳу»

 

 

 

Оё касе, ки умра анҷом додааст, дар ҳар иди Қурбон бояд қурбонӣ кунад?

Қурбонӣ кардан ба умра ё ҳаҷ вобастагӣ надорад, балки ҳар касе соҳиби нисоб бошад, қурбонӣ кардан бар ў воҷиб аст, хоҳ умра карда бошад ё на. «Любоб»

 

 

 

Маънои ҳаҷ чист ва далели фарз будани он чист?

Ҳаҷ дар истилоҳи шариат ба маънои қасди махсус дар вақти махсус ба макони махсус аст. Ҳаҷ бо ояти Қуръон, ҳадиси набавӣ ва иҷмои уммат фарз шудааст. Далели фарзияти он аз Қуръон ин оят аст, ки Худованд мефармояд: «Ва ҳаҷҷи ин хона фаризаи илоҳӣ аст бар касоне, ки тавоноӣ (и молӣ ва баданӣ) барои рафтан ба он ҷоро доранд».(“Оли Имрон”, 97) Далел аз суннати набавӣ ин ҳадиси Пайғомбар ﷺ аст, ки фармудаанд:

«Эй мардум! Ҳаҷ бар шумо фарз шудааст, ҳаҷ кунед».(Муслим)

Дар ривояти дигаре фармудаанд: «Касе барои Худо ҳаҷ намояд ва дар (рафти баргузории) он шаҳватпарастӣ ва фисқ наварзад, аз ҳаҷ ба монанди он рӯзе бармегардад, ки модараш нав ӯро зодааст». (Бухорӣ)

Далели субути ҳаҷ бо иҷмоъ ин аст, ки уммати исломӣ аз замони Пайғомбар ﷺ то кунун бар фарзияти ҳаҷ иттифоқ доранд ва касе онро хилоф накардааст. «Любоб»

 

 

 

Ҳаҷҷи акбар дар кадом вақт рост меояд? Мегӯянд, ки агар рӯзи Арафа рӯзи ҷумъа бошад, ҳаҷҷи акбар аст, оё ин дуруст аст?

Дар баъзе ривоятҳо омадааст, ки агар вуқуфи Арафот ба рӯзи ҷумъа рост ояд, онро ҳаҷҷи акбар меноманд. Зеро он соле, ки Расули Худо ﷺ ҳаҷ анҷом доданд, вуқуфи Арафот дар рӯзи ҷумъа буд. Ин қавли баъзе уламо аст, аммо қавли аксари уламо бар ин аст, ки ҳаҷҷи акбар ҳаҷҷи ҳарсоларо гӯянд, ҳаҷҷи асғар бошад, ин умра аст, ҳамин қавл дуруст аст.

 

 

 

Ба ҷои шахси фавтида дигар нафар ҳаҷ кунад, ҷоиз аст ё не?

Шахсе, ки ҳаҷ барои ӯ фарз шуда, вале онро анҷом надода даргузашт, агар васият карда бошад ва сеяки ҳиссаи меросаш барои адои ҳаҷ мерасад, васияти ӯ бояд иҷро карда шавад. Агар васият накарда бошад, ворисонаш аз номи ӯ ҳаҷ карда метавонанд. Масалан, Ҳазрати Пайғамбар ﷺ барои нафаре, ки ҳаҷ ба вай фарз шуда буд, вале онро анҷом надода даргузаштааст, анҷом додани ин қарзашро ба ворисонаш тавсия додаанд. (Бухорӣ). «Дурарул Ҳуккам»

 

 

 

Касоне, ки аз роҳи дур барои адои умра мераванд, оё мисли ҳаҷ тавофи қудум ё видоъ анҷом медиҳанд?

Умра аз ҳаҷ фарқ дорад, дар умра тавофи қудум ва видоъ вуҷуд надорад. «Фиқҳи Муяссар»

 

 

 

Илтимос дар мавзӯи ҳаҷҷи умра маълумот медодед?

Умра кардан агарчи фарз нест, аммо аз фазилатҳои бисёре бархӯрдор аст. Чунончи Паёмбари Ислом ﷺ фармудаанд: «Аз ин умра то умраи дигар гуноҳон маҳв мегардад».

Хусусан подоши умра кардан дар моҳи мубораки Рамазон ба ҳаҷ баробар аст. Тарзи умра кардан ин аст, ки аз миқот эҳром баста, нияти умра мекунад, сипас тавофи хонаи Худо карда, дар миёни Сафо ва Марва саъй мекунад ва сари худро тарошида ё кӯтоҳ намуда, аз эҳром мебарояд. Дар ҳаҷҷи умра нишастан дар Арафот, ба Минову Муздалифа рафтан ва санг задан вуҷуд надорад. Умра барои касе аст, ки шароити молӣ дорад. «Ҷавҳарату Нейраҳ»

 

 

 

Оё малоика ҳам мемиранд?

Оре, тамоми махлуқот мемиранд, малоика ҳам махлуқ ҳастанд. «Фиқҳул Акбар»

 

 

 

Агар дар ҳини тавоф ё саъй таҳорат шиканад, бояд чи кор кунад?

Агар шахсе дар ҳолати тавоф таҳораташ шиканад, лекин дидаву дониста тавофашро бе таҳорат анҷом диҳад, ба зиммаи ӯ як гусфанд забҳ кардан воҷиб мегардад. Дар ин ҳолат хуб аст, ки тавофкунанда аз сари нав таҳорат намуда, тавофи худро идома диҳад. Агар таҳорати нав намуда, тавофро аз сари нав шурӯъ кунад, хуб аст ва ҷиноят ҳам лозим намегардад. Агар дар аснои саъй байни Сафо ва Марва таҳораташ шиканад ва онро бе таҳорат анҷом диҳад, ин амалаш ҷиноят ба шумор намеравад, аммо беҳтар аст, ки онро бо таҳорат анҷом диҳад. «Ихтиёр»

 

 

 

Оё ман метавонам ба ҷои модари фавтидаам ҳаҷ ё ҳаҷҷи умра кунам? Зеро бисёр мехостанд, ки ҳаҷ кунанд, вале шароити рафтан надоштанд.

Шумо метавонед аз ҷониби модари марҳуматон ҳаҷҷи бадал ва умра анҷом диҳед ва савобашро ба модаратон ҳадя кунед. «Дурарул Ҳуккам»

 

 

 

Оё ман метавонам ба ҷои падару модарам ҳаҷ раваму ба онҳо бахшам?

Агар волидайни шумо бемор ё барҷомонда бошанд, метавонед, ки ба ҷои онҳо ҳаҷи бадал ба ҷо оред. «Фиқҳи Ҳанафи»

 

 

 

Ҳаҷ бар инсон кай фарз мегардад?

Дар сурати фароҳам будани шартҳои зайл ҳаҷ барои инсон фарз мегардад: Мусулмон будан, оқилу болиғ будан, тавоноии молӣ доштан, саломатии ҷисмонӣ, набудани монеае аз анҷоми ҳаҷ, амнияти роҳ, маҳрам барои зан. «Ихтиёр»

 

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Чипсҳои картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.   Тарзи таҳия: Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед....


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...