Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Кӣ бояд закот супорад ?

Пардохти закот бар чунин нафарон фарз аст:

1. Мусалмон бошанд;

2. Боақл бошанд;

3. Ба балоғат расида бошанд;

4. Озод бошанд;

5. Сарватманд бошанд (он бояд мол, ё пули ба андозаи нисоб (тахминан 350 ҳ. рубл) расида дошта бошад, ба ғайр аз тарҳ кардани пардохти қарз ва ашёи зарурии рўзгор). («Закоти мол»)

Лутфан ба ман бигӯед, ки дар роҳи сафар ба кор, намозгузорӣ чӣ тавр дуруст аст?

Агар бидонед, ба ҷое меравед, ки 15 рӯз ва бештар аз он бошад, пас ҳақ надоред, ки намози чаҳор ракъатро ҳангоми расидан ба он ҷо ду ракаат хонед. Шумо бояд ин намозҳоро танҳо дар роҳ кутоҳ кунед, агар масофаи як тараф 81 км ва зиёда аз он бошад. Инчунин дар сурати камтар аз 15 рӯз дар ҷое нияти рафта мондан дошта бошед. («Мароқ ал-фалоҳ»)

Падарам менӯшад, зино, рибо, фиреб ва ҳар кори ҳаромро мекунад. Ман бо як мусулмони ботақво издивоҷ кардам. Падару модарам мехостанд маро ба хеши худамон хонадор кунанд, аммо ман рад карда, бо касе, ки дӯстдоштаам ва ӯ маро низ дӯст медорад, издивоҷ кардам. Падарам ба издивоҷи мо розӣ шуд. Ҳоло маро сарзаниш мекунад, ки бе ризоияташ издивоҷ кардам. Ману шавҳарам рӯзгори хуб дорем, духтарчаамон калон мешавад. Ҳар боре, ки падарам чунин мегӯяд, дилам шикаста мешавад. Ман намедонам, ки ба ӯ чӣ намерасад. Мо аз ӯ чизе талабгор нестем, низ ба ӯ халал ҳам намерасонем. Ӯ бояд шод бошад. Ҳеҷ касро эҳтиром намекунад, касеро дӯст намедорад. Бародаронашро аз намозгузорӣ манъ кард. Баъзан ба ӯ хеле раҳмам меояд! Ӯ барои тамоми оила масъул аст, ба фарзандон чӣ ибрат нишон медиҳад?! Намедонам, ки модарам ин қадар сол бо чунин шахс чӣ гуна зиндагӣ мекунад. Албатта барои ӯ дуъо мекунам, аммо шояд ҳеҷ гоҳ дигар нашавад, заррае имон надорад. Бо вуҷуди ин, умедворам, ки рӯзе дигар шуда, роҳи ислоҳро пеш мегирад.

Шумо бо падаратон душворӣ мекашед, аммо фаромӯш накунед, ки мо волидони худро интихоб намекунем. Мо вазифадорем, ки онҳоро эҳтиром кунем. Новобаста аз он, ки падар, ё модар чӣ қадар бад аст, ӯро эҳтиром бояд кард - на барои он, ки шумо ба тарзи зиндагияш розӣ ҳастед, ё не, барои он, ки ӯ падари шумост.

Дар ҳадиси Паёмбар ﷺ омада, ки марде аз ӯ пурсид: “Беҳтарин амал чист?”. Паёмбар ﷺ ҷавоб дод: “Намоз дар сари вақт гузоштан, рафтори нек бо падару модар кардан аст». “Бухорӣ”

Аз ин рӯ, новобаста аз он, ки падар ба Шумо ва шавҳаратон чӣ гуна муносибат мекунад, рафтори ӯро бо душманӣ қабул накунед. Шумо менависед, ки намедонам, ки модарам ин қадар сол бо чунин одам чӣ хел зиндагӣ карда аст. Хоҳари азиз! Ин хел нагӯед! Саргузашти Осият, зани Фиръавнро, ки хидмати ӯ карда буд, ба ёд оред, ки фармони итоат ба шавҳарро иҷро мекард. Падари Шумо Фиръавн нест. Фақат дар рафтораш сарсону саргардонӣ дорад. Модаратон, агар тамоми ин муддат дар ғамхории ӯ бо амри Худованди мутаъол - итоаткор буда, бо шавҳараш бошад, аз Худованди мутаъол савоби бузурге хоҳад гирифт. Ба ҳеҷ ваҷҳ мо падаратро дар нофармонии Офаридгор дастгирӣ намекунем, аммо аз рӯйи ҳиссиёт ва ғарази худ ҳукм кардан лозим нест. Мегӯед, ки: “...Дар бораи шавҳарам бад мегӯяд...”, ё “...Моро дӯст намедорад...”. Шояд падари Шумо ба чизе ниёз дошта бошад. Фикр кунед, ки Шумо чӣ кор карда метавонед, то падаратон дастурҳоро иҷро карда тавонад. Шояд дар ин маврид бояд бо имоми маҳаллаатон машварат кунед, ё бо дӯстону шиносонаш, ки дастури Худовандро иҷро кунанд, суҳбат кунед. Пайваста ба Худованди мутаъол дуъо кунед, то ба роҳи рост ҳидоят кунад ва гуноҳашро биомурзад.

Шумо дуруст менависед, ки ба ислоҳи он умед ҳаст. Зимнан, илова мекунем, ки агар тавба кунад, Худованди мутаъол тавбаи ӯро қабул хоҳад кард, умед ҳам ҳаст, зеро дар ҳадиси Паёмбар ﷺ омадааст, ки: «Худованд тавбаи холисонаи тавбакунандагонро мепазирад». (Бухорӣ)

Шароити мол ё пуле, ки аз онҳо закот супорида мешавад?

1) Расидан ба миқдори нисоб, яъне тахминан 80 грамм тилло, ё 561 грамм нуқра;

2) Ин миқдор, ё дороии аз он бештар бояд як соли қамарӣ дар ихтиёри шахси закотдиҳанда бошад.

3) Дороӣ бояд сифати зиёдшавӣ дошта бошад.

Нисоб

Нисоб ин андозаи дороиест, ки дини мубини Ислом муқаррар намудааст. Мувофиқи қонуни динӣ – шахси сарватманд он касе ҳисобида мешавад, ки ба ғайр аз баровардани ҳисоби пардохти қарз ва арзиши ашёи зарурии рўзгор, соҳиби мол ва ё пуле ҳаст, ки ба миқдори нисоб расида бошад. Барои додани садақаи “Фитр”, ё ин ки қурбонӣ кардан, инчунин доштани баробарии миқдори ниҳоят ками нисоб мол ва ё пул ҳатмӣ мебошад. Барои ин тамоми сол соҳиби мол будан ва афзоиши он талаб карда намешавад. («Закоти мол»)

Оё талоқи шавҳари маст буда, ҳисобида мешавад?

Аксари уламо мегӯянд, ки талоқ дар ҳолати мастӣ ҳисобида мешавад. Чунин ҳукм як навъ ҷазо барои шахси маст аст. Гузашта аз ин, донишманд Зоҳидӣ гуфтааст, ки: «Талоқ ҳисобида мешавад, агарчӣ дар ҳолати мастӣ айби ӯ набошад, масалан, шахсро маҷбур нӯшонида бошанд», зеро ӯро маҷбур накарданд, ки талоқ диҳад, худаш чунин тасмим гирифтааст. («Лубоб»)

Ман як писар дорам, мехоҳам номи пайгамбарамон Муҳаммад ﷺ-ро диҳам. Хешовандон маро аз ин тасмим манъ карда, мегӯянд, ки номи Муҳаммад мондан хуб нест. Ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Ба муносибати таваллуди писаратон Шуморо табрик мегӯем. Бигзор инсони арзанда ба воя расида, сазовори номи Паёмбари азизи мо гардад. Писаратонро Муҳаммад номгузорӣ кардан мумкин аст. Зиёда аз ин, ин номи зеборо гузоштан хуб мешавад. Дар бораи иззат бо номи паёмбар ﷺ чунин омадааст, ки: “Рӯзи қиёмат нидо мекунанд, ки: «Ононе, ки номи Муҳаммадро доранд, бархезанд ва барои иззати паёмбар Муҳаммад ﷺ ба биҳишт дохил шаванд”. («Субулу Салом»)

Оё дар қабристон намози ҷаноза хондан мумкин аст?

Мумкин аст ва дар ин ҳеҷ мамнуъият нест. Агар фавтида дар болои ҳайвон, ё нақлиёт бошад, намози ҷаноза хонда намешавад. («Мароқ ал-фалоҳ»)

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...


7 маслиҳати муфид ба модароне, ки кӯдакашон дандон мебарорад

Писарчаи шашмоҳаам дандон бароварда истодааст ва бисёр беқарорӣ карда, ангуштонашро мегазад. Азбаски модари ҷавон ҳастам, ҳанӯз таҷриба надорам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?   Посух: - Табибони кӯдакона мегӯянд, дандонбарорӣ як амри табиӣ аст. Организми кӯдак пурқувват...


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...