Саволу ҷавоб
Пас аз адои намози фарз иваз кардани макон барои намозгузор зарурӣ аст?
Пас аз адои фарз иваз кардани макон барои намози дигар мустаҳаб ва хуб аст. («Мароки Фалох»)
Бо азоне, ки аз телефон шунидааст, намоз гузоридан дуруст аст?
Дуруст нест, зеро уламо овози азон ва Қуръонро, ки аз телефон ва дигар таҷҳизоти савтӣ шунида мешавад, ба акси садо қиёс кардаанд ва он ҳукми азони ҳақиқиро надорад. Аз ин ҷиҳат бо шунидани азон аз телефон суннати азон ба ҷо намеояд, бояд азон гуфта шавад. («Хошияту Тахтови»)
Дар ороишоти тиллоии занон закот воҷиб аст ё на?
Заноне, ки ба андозаи 85 гр ороишоти тиллоӣ ё 600 гр ороишоти нуқрагин дошта бошанд, дар он закот воҷиб мегардад. Аз зеварҳои тиллоӣ 2,125 гр тилло ва аз зеварҳои нуқрагин 15 гр нуқра ё қимати онро пардохт мекунанд. («Дурарул Хукком»)
Шахсе хона надорад ва барои соҳиби хона шудан як гурдаашро фурўшад, ин амалаш аз нигоҳи шариат ҷоиз аст?
Ин амали ў ҷоиз нест, зеро ҷисми инсон ва аъзои баданаш амонати илоҳӣ аст. Аз нигоҳи шариат фурўхтани аъзои бадан ҳаром аст ва ҳар касе, ки ин корро анҷом медиҳад, гунаҳгори азим мешавад. («Фикхил Ислом»)
Агар сари парандаҳои хурд мисли гунҷишку кабўтар ва амсоли он бо даст канда шавад, дар ин ҳолат хўрданаш ҳалол мешавад ё на?
Дар ин сурат хўрдани он ҳаром мегардад, зеро дар забҳи шаръӣ гуфтани “Бисмиллоҳ” ва буридани сари ҳайвон бо олати тезина шарт аст. Агар сари парандае бо даст канда шавад, гўшти он паранда ҳаром мегардад ва ҳукми худмурдаро дорад. («Ихтиёр»)
Ман зани оиладор ҳастам ва нав дар батнам фарзанд шудааст. Шавҳарам аз сабаби сеҳру ҷоду намехоҳад, ки бо ман бошад. Ман медонам, ки ҳолати равонии ў дар ҷояш нест, аммо бовар намекунад. Ман чӣ кор кунам?
Хоҳари азиз, агар имкон бошад, шумо бо шавҳаратон дуохонӣ кунед, иншоаллоҳ мушкилатон бартараф мешавад. Худованд ба шумо фарзанди солеҳ ва ба шавҳаратон шифои комил иноят фармояд.
Оё зане, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст, нафақааш бар зиммаи кист?
Нафақаи ў бар зиммаи касоне мебошад, ки дар Қуръон баён шудааст. Худованд дар ояти 215-уми сураи “Бақара” мефармояд: “Аз ту суол мекунанд: «Чӣ (навъи харҷ кардан) харҷ кунанд?» Бигў: «Он чӣ аз мол харҷ мекунед, пас, бояд барои падару модар ва хешовандон ва ятимон ва дарвешон ва мусофирон бошад. Ва ба дурустӣ ки Худо ба он чи аз некӣ мекунед Доно аст”. Тибқи таълимоти Ислом бенафақа гузоштани занон дуруст нест. Нафақаи духтарон то вақти издивоҷ бар зиммаи падар ва пас аз издивоҷ дар зиммаи шавҳар аст. Агар шавҳар надошта бошад, пас нафақаи ў дар зиммаи падар аст, агар падар надошт, дар зиммаи бародарон аст. Агар инҳо имконияти молӣ дошта бошанд, вале ўро бе нафақа гузоранд, ҳама дар пеши Худованд гунаҳгор мешаванд.
Оё шахси мусофир намозҳои суннатро дар аснои сафар мегузорад?
Шахси мусофир дар аснои сафар намозҳои суннатро мегузорад. Дар “Мабсут”-и Сарахсӣ, ки яке аз китобҳои муътабари мазҳаби ҳанафӣ аст, чунин мегўяд: “Ба сабаби сафар намози суннат ва нафл қаср карда намешавад ва бидуни зарурат тарк ҳам карда намешавад, зеро Худованд дар ҳолати сафар фақат ба қаср кардани намозҳои фарз амр намудааст”. («Мабсут»)
Оё пас аз таваллуд шудани фарзанд харидани гаҳвора бар дўши волидони зан шарт аст?
Дар дини Ислом то ба балоғат расидани фарзанд таъмини хўроку пўшок, ҷойи зист ва дигар заруриёти зиндагӣ, инчунин табобати ў бар зиммаи падари фарзанд воҷиб аст, зеро Худованд дар ояти 233-уми сураи “Бақара” мефармояд: “Ин ҳукм барои касе аст, ки мехоҳад муддати шир доданро тамом кунад; ва хўроку пўшоки ин занони ширдеҳ ба ваҷҳи писандида дар (уҳдаи) падар аст”. Аз ин ҷиҳат харидани гаҳвораи тифл бар зиммаи падари кўдак аст. («Фикхил Ислом»)
Оё дандони “имплант” мондан ҷоиз аст ё на?
Нигоҳ доштани ҳаёти инсон ва дур кардани зарарҳое, ки ба ҳаёти ў осеб мерасонанд, яке аз ҳадафҳои асосии дини мубини Ислом аст. Аз ҳамин ҷиҳат ҳамаи уламои мазҳаб дар ҳолати зарурат гузоштани дандони тилло ё нуқраро барои саломатии инсон ҷоиз медонанд. («Фикхил Ислом»)
Касоне, ки аз роҳи дур барои адои умра мераванд, оё мисли ҳаҷ тавофи қудум ё видоъ анҷом медиҳанд?
Умра аз ҳаҷ фарқ дорад, дар умра тавофи қудум ва видоъ вуҷуд надорад. («Любоб»)
Оё зани талоқшуда идда дорад ва муддати он чӣ қадар аст?
Агар зане аз шавҳараш лафзи “талоқ” шунавад ё лафзе, ки ба талоқ далолат кунад ва пас аз пурсидани аҳли илм донад, ки дар ҳақиқат талоқ воқеъ шудааст, аз ҳамин замон муддати иддаи ў оғоз мешавад. Муддати идда ба ҳолати занон вобаста аст. Агар зан ҳайзбин бошад, иддааш пас аз талоқ се ҳайзи комил аст. Агар зани ҳомила бошад, пас аз таваллуд иддааш тамом мешавад. Агар зане бошад, ки аз сабаби хурдсолӣ ё калонсолӣ ва ё беморӣ ҳайз намебинад, иддааш се моҳ аст. («Дурарул Мухтор»)
Истифодаи зару зевар барои зане, ки дар ҳолати эҳром аст, дуруст аст ё на?
Бале, занҳое, ки дар эҳром қарор доранд, истифодаи зару зевар ва пўшидани либосҳои абрешимин барояшон боке надорад. Дар китоби “Бадоеъус-саноеъ”, роҷеъ ба ин масъала чунин баён мекунад: “Назди аксари уламо барои занҳое, ки дар эҳроманд, пўшидани либосҳои абрешимин ва ороиш бо ҳар гуна зару зевар боке надорад”. («Бадоеъус-саноеъ»)
Оё зинат додани рўй таҳоратро мешиканад?
Зинат додани рўй таҳоратро намешиканад, вале агар чизе бошад, ки аз он об нагузарад (мисли лакҳое, ки дар нохун мемоланд), таҳорат дуруст намешавад. Он лакро аз узв тоза карда, сипас таҷдиди таҳорат бояд кард. («Нурул Изох»)
Оё сўрох кардани гўши духтар барои зинат дуруст аст ё на?
Сўрох кардани гўши духтар ба хотири зинату ороиш дар шариат дуруст аст, зеро ҳамсарони Расули Худо ﷺ ин корҳоро анҷом додаанд ва он Ҳазрат ﷺ ононро манъ накардаанд. («Фикхил Ислом»)
Агар ягон хешованд аз дунё гузарад, барои мотами ў то як сол куртаи кабуд пўшидан аз нигоҳи дини мубини Ислом чӣ ҳукм дорад?
Ин амал аз нигоҳи шариат дуруст нест, фақат барои зане, ки шавҳараш аз олам гузаштааст, муддати 4 моҳу 10 рўз мотам гирифтан ҳатмӣ аст, яъне аз пўшидани либосҳои сурху абрешимӣ ва истеъмоли хушбўӣ худдорӣ мекунад. Агар ҳомила бошад, то таваллуди фарзанд аз ин корҳо даст мекашад.