Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Домулло дар бораи дуоҳои ва зикрҳои ҳаҷҷу умра мегуфтед?

 

Дуо ва зикрҳои ҳаҷҷу умра

Талбия (лаббайк гуфтан): «Лаббайка-ллоҳумма лаббайк, лаббайка ла шарика лака лаббайк, иннал ҳамда ван ниъмата лака вал мулк, ла шарика лак».

Вақте, ки тавофкунанда ба ҳаҷарул асвад рў ба рў шавад, бо дасташ ба ҳаҷарул асвад ишора карда, мегўяд: «Бисмиллоҳ, Аллоҳу акбар».

Дуое, ки байни рукни ямонӣ ва ҳаҷарул асвад хонда мешавад: «Роббана атина фиддуня ҳасанатав ва фил ахирати ҳасанатав ва қина азабан нар».

Дуое, ки дар Сафо ва Марва хонда мешавад: «Иннас софа вал марвата мин шаъаириллаҳ. Абдау бима бадааллоҳу биҳ. Ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ъала кулли шайин қодир. Ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳ, анҷаза ваъдаҳу ва насара ъабдаҳу ва ҳазамал аҳзаба ваҳдаҳ».

Ин дуоро се бор такрор менамояд ва дар байни он, дуо мекунад ва дар Марва низ ҳамин амалро анҷом медиҳад.

Дуои рўзи Арафа: «Ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ъала кулли шайин қодир».

 

Зикр дар назди Машъарул ҳаром

Шахси ҳоҷӣ дар Машъарул ҳаром, рў ба қибла истода, дуо менамояд ва «Аллоҳу акбар» мегўяд, сипас «Ла илаҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ла шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ъала кулли шайин қодир» мегўяд. Дар онҷо дуо карда, меистад. Сипас пеш аз баромадани офтоб ба сўи Мино ҳаракат мекунад.

 

Зикр дар вақти сангпартоӣ

Бо баробари задани ҳар як санг, дар ҷамараи аввал «Аллоҳу акбар» мегўяд, сипас ба тарафи қибла рўй оварда, ду дасташро боло карда дуо мекунад. Инчунин дар ҷамараи дуввум, ин амалҳоро анҷом медиҳад. Аммо дар ҷамараи саввум, бо баробари задани ҳар як санг «Аллоҳу акбар» мегўяд, вале дуо накарда меравад. Бародарон ва хоҳарони гиромӣ мо ин ҷо дар бораи ҳаҷ мухтасар баён намудем. Иншоаллоҳ шумо маълумоти пурраро аз китобҳои барои ҳаҷ нашргардида хоҳед омӯхт. (Дурар уль-Мухтор)

 

 

Домулло Суннатҳои ҳаҷ кадомҳоянд?

 

Суннатҳои ҳаҷ:

  1. Ғусл ё вузуъ гирифтан дар ҳангоми иҳром бастан;
  2. Гузаронидани ду ракаати намоз баъд аз нияти иҳром;
  3. Бисёр дуои талбия гуфтан;
  4. Тавофи қудум барои шахсоне, ки аз хориҷи миқот меоянд ва ҳам барои қорин;
  5. Рамал ва изтибоъ (китфи рост луч) дар тавофе, ки баъд аз он иродаи саъй миёни Сафо ва Марва дошта бошанд;
  6. Рафтан ба сӯӣ Мино дар рӯзи ҳаштум, ки онро «явми тарвия» гӯянд. Сипари намудани шаби оянда дар Мино;
  7. Берун шудан аз Мино ва ҳаракат ба сӯи Арафот баъд аз баланд шудани рӯзи арафа;
  8. Сипари кардани шаби ид ё шаби явми наҳр дар Муздалифа;
  9. Ғусл намудан дар Арафот;
  10. Сипари кардани шабҳои айёми наҳр рӯзҳои ид дар Мино;
  11. Забҳи ҳайвон барои ҳоҷии муфрид. (Фикҳу Муяссар)

 

 

Домуллои азиз! Ба мо мефаҳмондед, ки ҳаҷ чанд намуд дорад ?

 

Се намуди ҳаҷ мавҷуд мебошад:

 

  1. Ҳаҷи Ифрод.

Ин ба ҷо овардани ҳаҷи беумра мебошад. Шахсони ҳаҷро ба ҷо оваранда, баъди эҳромро дар бар кардан ниятро танҳо барои ҳаҷ мекунад ва фарзҳои ҳаҷро фақат ба ҷо меоварад. Барои онҳое, ки ҳаҷи Ифродро ба ҷо меоваранд, қурбонӣ кардан воҷиб намебошад.

 

  1. Ҳаҷи Таматтўъ.

Ин ба ҷо овардани умра ва ҳаҷ мебошад, ки барои ҳар яке ҷудогона эҳромро дар бар мекунанд. Шахси ҳаҷро ба ҷо оваранда, барои умра эҳром мебандад ва онро ба ҷо оварда, аз эҳром мебарояд ва баробари расидани вақти ҳаҷ боз аз сари нав барои ба ҷо овардани ҳаҷ эҳром мебандад. Барои ба ҷо оварандагони ҳаҷи Таматтўъ курбонӣ кардан воҷиб мебошад.

 

  1. Ҳаҷи Қирон.

Ин ба ҷо овардани ҳаҷ ва умра дар як эҳром мебошад. Пеш аз эҳром бастан зиёраткунанда ҳам барои ҳаҷ ва ҳам барои умра ният мекунад. Аввал зоир умраро ба ҷо оварда, сипас аз эҳром набаромада, ба адои ҳаҷ шурўъ мекунад. Барои ба ҷо оварандаи ҳаҷи Қирон қурбонӣ низ воҷиб мебошад. Ҳар касе, ки азми ба ҷо овардани ҳаҷро дорад, мувофиқи назардошти худ, ба ҳар кадоме аз ин се намуди ҳаҷ ният мекунад. Ҳангоми риояи тамоми шартҳо ҳар кадоми онҳо дуруст мегарданд. (Фикҳу Муяссар)

 

Домулло дар бораи эҳром, талбия, тавоф, саъй ва вуқуфро дар арафа мефаҳмондед?

Маънои ҳар калимаро муфассалтар мефаҳмонем ва аз эҳром сар мекунем.

 

Эҳром

Ин муваққатан барои зоирон манъ гардидани баъзе амалҳо мебошад. Шахси нияти ҳаҷ карда ва талбияро ба забон оварда ба эҳром дохилшуда ҳисобида мешавад.

 

Барои шахси дар эҳром буда манъ аст:

1.Пўшидани либоси дўхташуда (ба ғайри занон);

2.Муқаддамоти мубошират, ба монанди мисос кардан ё бўсидани зан, ҷимоъ кардан;

3.Бўи хуш задан;

4.Сайд кардан, ё ба сайёдон кумак кардан;

5.Шохҳои сабзро буридан, шикастан, алафҳоро кандан;

6.Ришу мўи сар тарошидан.

 

Талбия

Дар ҳолати «эҳром» мардон бо овози баланд ин дуоро мехонанд. (занон пасттар мехонанд):

«Лаббайкаллоҳумма лаббайк. Лаббайка ло шарика лака, лаббайк. Инна-л-ҳамда ва-н-ниъмата лака ва-л-мулк. Ло шарика лак».

 

Тавоф

Ин маросими давр задан дар атрофи Каъба мебошад. Ҳафт маротиба дар атрофи Каъба ба муқобили ҳаракати соат ҳаракат карда, давр мезананд. Маросимро дар ҷои муқобили санги сиёҳ шурўъ мекунанд.

 

Саъй

Ин ҳаракати тез миёи ду пўшта - Сафо ва Марва мебошад, ки дар наздикии Каъба дар Масҷидулҳаром ҷой гирифтаанд. Аз Сафо сар када, бояд 7 маротиба рафт. Аз Сафо то Марва 4 маротиба ва аз Марва то Сафо 3 маротиба.

 

Вуқуф

Ин маънии вақти муайян истодан дар Арафот ва водии Муздалифаро дорад. Дар Арафот истодан фарз мебошад. Дар водии Муздалифа будан воҷиб аст. (Фикҳу Муяссар)

 

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...