Рӯзадорӣ ва гуруснагӣ

Рӯзадорӣ ва гуруснагӣ

Хадиҷаи Шумо боз бо шумост ва умедворам, ки дилгир нахоҳед шуд, ва аз ҳама муҳим он аст, ки бори дигар ба 1 хулосаи муҳиме оед, ки дар хато накардан ёрирасони шумо гардад.

 

Ҳусейн бо дӯсташ дар наздикии мадраса зиндагӣ мекард. Ҳини рафтан ба мактаб, пиразанеро медиданд, ки канори роҳ нишаставу дар даст навиштаи: “Кӯдаконам чанд рӯз аст, ки чизе нахӯрдаанд”-ро медиданд. Зан аз роҳгузар кӯмак металабид. Касе дастгирӣ мекарду дигаре гузашта мерафт. Бачаҳо бошанд, на ба зану на ба навишта аҳамияте намедоданд.

 Боре сари дастархон, модари Ҳусейн гуфт, ки: “... фардо моҳи Шаъбон меояд. Дар ин моҳ рӯза гирифтан хеле матлуб аст. Ҳусейн дарҳол барои рӯза гирифтан омодагии худро нишон дод, вале дар хиҷолат буд. Аввалин бор аст, ки рӯзадорӣ хоҳад кард ва намедонист, ки аз ӯҳдааш мебарояд, ё не.

Субҳ расид. Пас аз наҳорӣ Ҳусайн бо падар барои гузоштани намози бомдод сӯйи масҷид шуданд. Баъди чанде ӯ ҳис кард, ки гурусна шуда истодааст. Канори масҷид, аз пеши мағозаҳо гузашта, чашмаш ба шириниҳо расида бошад, ҳам кӯшиш мекард, ки дар бораи хӯрок фикр накунад.

Нисфи рӯз ҳам гузашт. Барои хӯрокхурдан чанд соате монда буд. Писари ҷавон хеле сахт гурусна шуда буд. Дар мактаб бошад, баъзе аз талабаҳо шириниву дигаре чизи бомаззаеро мехӯрд. Ба болои ин, бӯйи ошхонаи мактаб ба димоғаш расида, сараш чарх мезад.

Замони ба хона омадан ҳамон зане, ки кӯмак талаб мекард, аз пешаш гузашт. Ҳусейн дар фикр афтод, ки 1 рӯзи рӯзадорӣ ин қадар дарозу сахт бошад, пас, ҳар рӯз гурусна мондани фарзандони ин зан чӣ хел мегузарад.

Ҳусейн бо модар пеш аз хӯрдан (ифтор) кардан, рӯймолро пур аз хӯроки боллазат баста карда, пеши пиразан бурданд, ки худ ва фарзандонро сер кунад. Аз ин баъд, Ҳусейн аҳволи сахти камбизоатонро фаҳмид, ки рӯзҳои дароз гурусна мемонанд.

Ҳусен метавонист, ки хона рафта, чизе бихӯрад, лекин ин бечораҳо чунин имкон надоранд.

Шафқату ҳамдардиро ҳар яки мо бояд дошта бошем. Сахтдил нашуда, меҳрубон бошем.

Биёед ба атроф бодиққат назар кунем. Шояд ба касе кумаки мо лозим ояд. Мумкин аст, ки аз мо ягон чиз пурсиданро шарм мекунанд. Бо чашми диққат ба атроф нигарем ва бубинем, ки мо то чӣ андоза дастгир шуда метавонем.

Омина Абдуллоева

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...