Бемориҳои тирамоҳӣ

Бемориҳои тирамоҳӣ

Чаро сар дард мекунаду одам камқувват мешавад?

 

Сабабҳои асосии хуруҷи бемориҳои музмин дар фасли тирамоҳ ба тағйирёбии боду ҳаво вобаста аст, ки сабабгори гирифтории дарди сар ва камқувватӣ мешавад.

 

Дар ин давра одамон бояд бештар дар ҳавои тоза сайругашт намоянд, чунки нарасидани оксиген яке аз омилҳои асосии дарди сар ба ҳисоб меравад. Ҳангоми иҷрои кор бояд давра ба давра танаффус карда, худро ором намоянд, тирезаҳои хона ё идораҳоро кушода монанд, то ҳаво иваз шавад. Нӯшидани на камтар аз 1,5 литр об дар як рӯз, маҳдудияти нӯшидани чой ва қаҳва, даст кашидан аз тамокукашӣ ва истеъмоли машруботи алкоголӣ ҳатмӣ мебошад. Инчунин дар як шабонарӯз инсон бояд аз 7 то 8 соат хоб равад. Ба изтироб дода нашуда, худро аз ҳолатҳои ҳаяҷони сахт (стресс) бояд канор гирифт. Зарур аст, ки бештар ғизоҳои камнамак истеъмол карда шавад.

Дигаршавии боду ҳаво ба вазъи саломатии одамони синну соли гуногун бетаъсир набуда, баръакс дар ивазшавии бофтаҳои бунияи инсон ва фаъолияти муназзами онҳо таъсир мерасонад. Дар ин шабу рӯз ба мо беморони зиёде бинобар пайдо шудани дарди сар муроҷиат мекунанд, ки аксаран дарди сари онҳо ба аломатҳои бемориҳои дигари организм вобаста мебошад.

Дарди сар асосан дар мавзеи сару атрофи он пайдо шуда, ҳолати психофизиологии инсонро тасвир намуда, бо таъсири ангезандаҳои пурзӯру зараррасон ба вуҷуд меояд. Агар дарди сар мунтазам такрор ёбад, ҳатман ба асабшинос (невролог) ё духтури оилавӣ муроҷиат кардан зарур аст.

Дарди сар органикӣ ва ғайриорганикӣ мешавад. Инчунин мигрен, сарборӣ, дарди сари кластерӣ ё гистаминӣ мавҷуданд, ки ба онҳо невралгияи асаби сегона ва асаби паси сар низ дохил мешаванд. Аломатҳои дигари дарди сар осеби сар ҷараёнҳои омосӣ, остеохандрози қисми гардан, дистонияи вегетативӣ, бемории фишорбаландӣ, камхунӣ, бемориҳои занона ва ғайра мебошанд.

Агар дар инсон асабонияти тез, хиратабъӣ, беҳолӣ, хоболудӣ, торикшавии пеши чашмон, баъзан халалдоршавии ҳиссиёт, ба мисли карахтшавӣ ва сихзании як тарафи рӯй, дарди нимсара мушоҳида шаванд, ин намуди аз ҳама паҳнгаштатарини дарди сар – дарди сари сарборӣ ё мигрен мебошад. Намудҳои дигари дарди сар ба омилҳои гуногуни узвҳои инсон рабти бештар доранд. Барои ташхиси дақиқи дарди сар гузаронидани муоинаҳои комплексӣ зарур аст.

Барои ташхиси пурра анҷом додани муоинаҳои зерин лозим аст: томографияи компютерӣ, барои хурдсолон муоинаи ултрасадоии майнаи сар (УЗИ), рентгенографияи косахонаи сар, элекроэнсефалография (ЭЭГ) ва озмоишҳои лабораторӣ.

Шифокорон табобатро ба ҳар бемор бо назардошти сабабҳои беморӣ, ҷинс, синну сол ва хусусияти организми онҳо тавсия медиҳанд. Инчунин барои пешгирии дарди сар роҳу воситаҳои гуногун мавҷуданд, аз қабили иҷрои машқҳои варзишӣ – давидан, шиноварӣ, гимнастика ва ғайра, ки ба саломатии инсон фоидаи зиёд доранд.

 

(«Пресса.тж»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...