Ҳусни духтар одоби ӯст

Ҳусни духтар одоби ӯст

Ҳусни духтар одоби ӯст

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» модари ҳаштоду сесола, сокини деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аъзамова Ширин мебошанд.

 

Суоли мо ба меҳмони азизамон чунин аст:

Мегўянд, ки роҳ ба дили мард аз меъдааш оғоз мегирад, яъне мардон занонеро дўст медоранд, ки дар табохӣ ҳамто надоранд. Назари шумо ба ин гуфта чӣ гуна аст?

Мо мардуми тоҷик аз азал ҳамин ки духтардор шудем, аз синни кўдакӣ ба онҳо сирри пухтупазро меомўзем. Зеро зан-модар будан рисолат аст ва барои бар дӯш то охир бурдани ин рисолат бояд аз бисёр ҳунарҳо баҳравар бошӣ. Ман гумон мекунам, ки ҳусни духтар ин одоби ўст ва зани боодобу боиффатро на танҳо шавҳараш, балки хушдоману хусур, хоҳаршӯву додаршӯ, хешу ақрабо, ҳаққу ҳамсоя дўст медоранду эҳтиром мекунанд.

Акнун дар боби ҳунари пазандагӣ доштани зан. Аҷдодони мо, хоса дар Самарқанду Бухоро дар арафаҳои идҳои миллӣ як сабқате ороста мекарданд, ки он ҷо духтарони ҷавон ҳунари худро ба намоиш мегузоштанд. Хўроку шириниҳои пухтаи духтарон аз тарафи занҳои калонсол санҷидаву баҳогузорӣ мегардиданд ва духтарони пурҳунарро оилаҳои хуб келин мекарданд.

Зан бояд қоидаҳои пухтупазро донад, модарони мо имрўз бо маводи пур аз заҳрҳои кимиёии мағозаҳо иктифо карда, хўрокҳои миллии худамонро гум карда истодаанд.

Ман шаш фарзандро ба воя расонидааму имрўз се келину се домод дорам, ману шавҳари раҳматиям ҳарду кори давлат мекардем, аммо ҳеҷ гоҳ фарзандонамон бе субҳона, хўроки нисфирўзӣ ва ғизои шом набуданд. Ҳамон вақтҳо низ хўроки нимтайёру ошхонаву ҳама чиз буд, хўрока арзонӣ, аммо худам бо дастони худам барои фарзандон хўрок тайёр мекардам.

Саволи додаи шумо ҳам ҳақиқат дорад, дар урфият мегўянд, ки «Зан ҳарчипаз шавад, мард ҳарчихўр мешавад». Агар модари хонадон хўрокҳои болаззат пазад, мард ҳам бегоҳ ҳушаш ба ошхонаю тарабхона нашуда, ба хона бармегардад. Хўроки дилхоҳашро ба оилааш фармуда, гирди як дастурхон бо фарзандони ширинаш нишаста, суҳбату дилхушӣ мекунад. Ана ҳамин чизҳо муҳаббатро зиёд мегардонанд. Боқӣ, ба ҳамаи шумо хушбахтиҳоро орзу дорам.

 

Суҳбати Дилошӯб

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...