Зиёфат дар қаср

Зиёфат дар қаср

Зиёфат дар қаср

Буд набуд як подшоҳи хеле сарватманде буд. Ва рӯзе подшоҳ хост, то одамон аз сарват ва бузургиаш бохабар шаванд. Барои ин вай қарор дод, ки қасри зебое бунёд кунад ва онро бо ороишоти пурқиммат зиннат диҳад. Дар натиҷа қаср сохта шуд.

Ӯ фармон дод, дастархонҳои зиёде густуранд ва онҳоро бо ҳар гуна таомҳои лазиз ва нӯшокиҳо биороянд. Сипас, вакили худро барои ба қаср даъват намудани одамон фиристод. Вакил дар баробари даъват, дастури дар қаср чӣ тавр муносибату рафтор кардани меҳмононро низ дошт ва ба шахсони даъватшуда онро фаҳмонид. Вакили подшоҳ одамонро дар утоқҳои қаср мегардонд.

Ӯ ба онҳо он таомҳо ва тӯҳфаҳое, ки подшоҳ барояшон тайёр карда буд, пешкаш намуд. Баъди анҷоми маросими тӯҳфасупорӣ, ба меҳмонон дар бораи подшоҳ нақл карданро оғоз намуд: «Эй мардум! Подшоҳи мо, соҳиби ин қаср хоҳиш дорад, ки шумо дар бораи ӯ чизҳои бештарро донед. Ва аз ин ҷиҳат ин қаср ва ҳамаи чизе, ки дар он мавҷуд аст, ба шумо нишон дод. Ӯ бо ин зиёфат ва тӯҳфаҳо то чӣ андоза ҳамаи шуморо дӯст доштанашро изҳор намуд. Ва шумо ба ин ҳама аҷру эҷоз бояд бо муҳаббат ва эҳтиром ба ӯ ҷавоб гӯед. Ин тӯҳфаҳои зиёди ба шумо бахшидашуда нишонаи саховат ва меҳрубонии Ӯст. Шумо дар ҷавоби ин сама подошу мукофотҳо сипосгузорӣ кунед ва эҳтироми ӯро ба ҷо оред. Дар ҳамаи ашё ва ҷавоҳироти дар ин қаср буда, шумо мӯҳри ин подшоҳро мебинед. Кӯшиш кунед, дар бораи соҳиби ҳамаи ин сарват зиёдтар бидонед ва бузургиву умқи меҳрубониашро бештар бифаҳмед». Бо ин нутқи зебо, вакил кӯшиш намуд меҳмононро бо қаср ва подшоҳ шинос намояд. Баъди ин шиносоӣ, меҳмонон ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд.

Меҳмонони гурӯҳи аввал, ба ҳарфҳои вакил гӯш доданд ва суханҳояшро қабул намуданд. Онҳо даъвати вайро пазируфтанд ва қаноатманд гаштанд. Дар муддати ташрифашон дар қаср, қоидаҳои муқарраркардашударо риоя намуда, хоксорона ва боэҳтиром рафтор намуданд. Онҳо ба подшоҳ барои даъват ба қаср, зиёфат ва тӯҳфаҳои гуногун ташаккуру минатдорӣ изҳор намуданд. Подшоҳ аз рафтори меҳмонони ин гурӯҳ қаноатманд гардид. Аз ин ҷиҳат, вай онҳоро ба қасри боз ҳам зеботар ва пуршукӯҳтар бурд. Ва онхо дар он ҷо хушбахтона ва бо осоишу сафо абадан зиндагӣ мекарданд. Меҳмонон аз гурӯҳи дигар ба ҷуз аз хӯрдану ошомидан, ба чизи дигаре таваҷҷӯҳ накарданд. Онҳо ба суханони вакил диққат надоданд. Ҳама гуна нӯшокиҳоеро, ки якҷоя карданашон мамнӯъ буд, якҷоя карда нӯшиданд ва сархуш гардиданд. Онҳо ғавғо ва баҳсу мунозира мекарданд ва ба меҳмонони дигари дарбор халал мерасонданд. Ба ҷои он ки барои таом ва тӯҳфаҳое, ки ба онҳо дода шуда буд, изҳори ташаккур кунанд, доду фарёд зада мегуфтанд, ки ин кам аст ва ба ҳамаи онҳо намерасад. Барои ин рафтор, посбонони қаср онҳоро дастгир намуданд ва ба зиндон партофтанд. Дар он ҷо онҳо ба ҷазои сахт гирифтор шуданд.

Саволхо: Дар ин ҳикоя подшоҳ тимсоли Аллоҳ таъоло мебошад. Ба фикри шумо дар ин ҳикоя қаср чиро таҷассум мекунад? Дар зери таом ва тӯҳфаҳо чӣ дар назар дошта шудааст? Вакил кист? Меҳмонони ба даргоҳ даъватшуда ташбеҳ ба киҳоянд? Дар зери меҳмонони гурӯҳи якум кӣ дар назар дошта шудааст? Дар зери меҳмонони гурӯҳи дуввум кӣ дар назар дошта шудааст? «Қасри боз ҳам пуршукӯҳтар», ки меҳмонони гурӯҳи аввал ба он ҷо фиристода шуданд, чист? Дар зери мафуми “зиндон” ки меҳмонони гурӯҳи дуввум ба он ҷо партофта шуданд, чӣ дар назар дошта шудааст? Чаро ба фикри шумо, меҳмонон аз гурӯҳи дуввум ба суханони вакил гӯш надоданд?

Ҷавобҳоятонро ба мо фиристед 8-967-939-65-62.

(“Дини зебои ман”)

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд

Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.   Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60...


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


Тоҷикистон бо Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дар моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23-юми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи...