Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.

 

Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну солҳои гуногун нигарон мекунад. Бо вуҷуди ин, он маънои бемор будани инсонро надорад. Чӣ қадар рехтани мӯй муқаррарӣ аст? Одатан инсон дар як рӯз аз 50 то 100 тор мӯй аз даст медиҳад. Ин як қисми табиии давраи рушди мӯй аст: мӯй муддате фаъолона месабзад, баъдан ба давраи оромӣ мегузарад ва дар ниҳоят мерезад. Азбаски ин раванд дар ҳамаи мӯйҳо ҳамзамон сурат намегирад, мо одатан рехтани мӯйро ба таври ҷиддӣ эҳсос намекунем. Мӯй бештар ҳангоми шустан ё шона кардан мерезад. Агар миқдори он дар ҳадди муқаррарӣ бошад, ин ба ғафсии умумии мӯй таъсири назаррас намерасонад, зеро ба ҷойи мӯйҳои рехта мӯйҳои нав месабзанд. Кай рехтани мӯй метавонад нишонаи беморӣ бошад? Рехтани ғайримуқаррарии мӯйро алопетсия меноманд. Дар ҳолатҳои зерин бояд ба ин масъала ҷиддӣ муносибат кард: - Мӯй дар шона, рӯйи болишт ё дохили обрави ҳаммом назар ба пеш ба таври возеҳ бештар ҷамъ мешавад; - Ҷойҳои каммӯй пайдо мешаванд, масалан, ҷудоии мӯй васеъ шуда, пӯсти сар намоён мегардад; - Мӯй на танҳо мерезад, балки борик, заиф ва зудшикан мешавад. Баъзан рехтани мӯй метавонад ногаҳон ва хеле зиёд ба назар расад. Масалан, пас аз фишори шадиди равонӣ, таваллуд ё бемории сироятӣ чунин ҳолат рух медиҳад. Дар ин вазъ мӯй метавонад ба таври даста-даста резад, ҳарчанд сабаби асосӣ ҳатман аз меъёри рӯзонаи рехтани мӯй зиёд шудани он нест. Сабабҳои асосӣ Сабабҳо гуногун буда, аксаран якчанд омил ҳамзамон таъсир мерасонанд: - Ихтилоли ҳормонӣ - бемориҳои ғадуди сипаршакл, бемории тухмдонҳои серкиста, давраи қатъ шудани ҳайз, ҳомиладорӣ ва дигар тағйироти ҳормонӣ. - Ихтилоли низоми масуният - дар баъзе ҳолатҳо низоми масуният ба решаҳои мӯй ҳамла мекунад ва боиси пайдо шудани ҷойҳои даврашакли бемӯй мегардад. - Норасоии моддаҳои ғизоӣ - камбуди оҳан, руҳ, селен, баъзе витаминҳои гурӯҳи В, витамини D ва аминокислотаҳои зарурӣ метавонад ба ҳолати мӯй таъсир расонад. - Фишори равонӣ ва хастагии зиёд - зарбаи шадиди асабӣ, камхобии доимӣ, таваллуди вазнин ё якбора кам кардани вазн метавонанд боиси рехтани зиёди мӯй шаванд. - Бемориҳои пӯсти сар - дерматити себореягӣ, псориаз ва бемориҳои занбуруғӣ боиси илтиҳоб ва осеб дидани решаҳои мӯй мешаванд. - Истифодаи шонаи сахт, бастани мӯй ба таври хеле танг, истифодаи зуд-зуди асбобҳои гармкунандаи мӯй ва таъсири моддаҳои кимиёвӣ метавонанд мӯйро заиф кунанд. - Кандани маҷбурии мӯй - одати беихтиёр ё маҷбурии кандани мӯй низ метавонад боиси камшавии он гардад. - Истифодаи баъзе доруҳо - бархе доруҳо метавонанд ҳамчун таъсири иловагӣ боиси рехтани мӯй шаванд. - Заҳролудшавӣ ва таъсири омилҳои зараровари беруна - аз ҷумла таъсири баъзе металлҳои вазнин, шуоъдиҳӣ ва табобати кимиёвӣ. - Омили ирсӣ - майли ирсӣ низ метавонад сабаби бемӯйшавии тадриҷӣ гардад. Дар кадом ҳолат бояд ба табиб муроҷиат кард? Агар шумо афзоиши ғайримуқаррарии рехтани мӯйро мушоҳида кунед, ташрифи табибро ба таъхир нагузоред. Аввал метавонед ба табиби умумӣ муроҷиат кунед. Дар ҳолати зарурӣ ӯ шуморо ба мутахассиси мувофиқ, аз ҷумла табиби бемориҳои мӯй, пӯст, ғадудҳои дарунӣ ё дигар мутахассисон равона мекунад. Муҳим аст, ки сабаби рехтани мӯйро худсарона муайян карда, бе маслиҳати табиб ба табобат шурӯъ накунед. Муайян кардани сабаби мушкилот дар марҳилаи аввал ва сари вақт муроҷиат кардан ба мутахассис метавонад имкони бартараф кардани онро бештар кунад.

 

(«Пресса.тж»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...