Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ ба 2 миллиону 661 ҳазору 238 сомонию 35 дирам баробар мебошад.

 

Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағи баргардонидашуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 6 миллиону 711 ҳазору 702 рубл зиёд мебошад. Ба гуфтаи Намояндагӣ, ин нишондиҳанда аз идомаи ҳамкории самаранок бо мақомоти дахлдори давлатии Русия ва тақвияти чораҳо барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Бо вуҷуди ин, дар муқоиса бо ҳафт моҳи соли гузашта ҳолатҳои пардохт нашудани музди меҳнати шаҳрвандони Тоҷикистон афзоиш ёфтаанд. Яке аз сабабҳои асосии ба миён омадани чунин мушкилот, ба гуфтаи масъулон, фаъолияти меҳнатӣ бе бастани шартномаи меҳнатӣ мебошад.

Ҳамчунин, истифода аз хизматрасонии миёнаравҳо ҳангоми пайдо кардани ҷойи кор, фаъолият дар ширкатҳои хизматрасонии тозакунӣ ё клининг бе шартномаи меҳнатӣ ва сари вақт ҳимоя накардани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ аз ҷониби шаҳрвандон аз омилҳои дигари мушкилоти мавҷуда арзёбӣ мешаванд.

Дар баъзе ҳолатҳо худи корфармоён низ уҳдадориҳои худро дар назди кормандон дуруст иҷро намекунанд. Дар натиҷа байни корфармо ва корманд баҳсҳои меҳнатӣ ба миён омада, пардохти музди меҳнат ба таъхир меафтад ё умуман анҷом дода намешавад.

Намояндагӣ таъкид мекунад, ки бархе аз шаҳрвандон муносибатҳои меҳнатии худро бар асоси созишҳои шифоҳӣ ба роҳ мемонанд. Ҳатто иҷрои вазифаҳои иловагӣ ва корҳои дигар низ баъзан танҳо бо забон мувофиқа мешавад. Дар сурати ба миён омадани баҳс, чунин муносибат метавонад исботи ҳаҷми корҳои иҷрошуда ва талаб намудани музди меҳнати дахлдорро хеле душвор созад.

Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо, Намояндагӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки баъд аз гирифтани патент барои фаъолияти меҳнатӣ ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатиро дар шакли хаттӣ ба имзо расонанд. Як нусхаи аслии шартнома низ бояд дар дасти худи корманд нигоҳ дошта шавад.

Шартномаи меҳнатӣ яке аз муҳимтарин кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқи корманд буда, вазифа, уҳдадориҳои тарафҳо, шароити кор ва пардохти музди меҳнатро мушаххас мекунад. Ҳамчунин, он дар сурати сар задани баҳси меҳнатӣ барои ҳимояи ҳуқуқҳои корманд заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар сурати пардохт нашудани музди меҳнат, ба миён омадани баҳсҳои меҳнатӣ ё дигар мушкилоти ҳуқуқӣ метавонанд ба намояндагиҳои он дар минтақаҳои гуногуни Русия муроҷиат намоянд.

Барои тамос бо Намояндагӣ дар шаҳри Москва рақамҳои +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02 ва дигар рақамҳои минтақавӣ пешниҳод шудаанд. Ҳамчунин шаҳрвандон метавонанд тавассути почтаи электронии prmstj@mail.ru муроҷиат намоянд.

Масъулин таъкид мекунанд, ки бастани шартномаи меҳнатии хаттӣ ва нигоҳ доштани нусхаи он яке аз қадамҳои муҳим барои пешгирии поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Чипсҳои картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.   Тарзи таҳия: Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед....


САВОЛУ ҶАВОБ

Мехоҳам маънои сано, тасбеҳот, тасмеъу таҳмид ва зикру дуоҳоеро, ки дар дохили намоз хонда мешаванд, бидонам. Тарҷумаи зикрҳо ва дуоҳое, ки дар намоз хонда мешаванд, ба сурати зайл аст: Сано: «Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


Тоҷикистон бо Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дар моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23-юми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи...