7 маслиҳати муфид ба модароне, ки кӯдакашон дандон мебарорад

7 маслиҳати муфид ба модароне, ки кӯдакашон дандон мебарорад

7 маслиҳати муфид ба модароне, ки кӯдакашон дандон мебарорад

Писарчаи шашмоҳаам дандон бароварда истодааст ва бисёр беқарорӣ карда, ангуштонашро мегазад. Азбаски модари ҷавон ҳастам, ҳанӯз таҷриба надорам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

 

Посух: - Табибони кӯдакона мегӯянд, дандонбарорӣ як амри табиӣ аст. Организми кӯдак пурқувват бошад, аз 4-6 моҳагӣ ба дандонбарорӣ сар мекунад. Маъмулан дар давраи дандонбарорӣ кӯдак таб мекунад, бар замми ин, дард ва хориши решаҳои дандон, ки ҳанӯз аз даруни гӯшт берун нашудаанд, намегузорад, ки тифлак орому бароҳат хоб равад. Аксари кӯдакон аз ҳамин сабаб вақти дандонбарорӣ инҷиқ шуда, бисёр гиря мекунанд. Оби даҳони кӯдак шорида, дар ӯ хоҳиши сахти газидан пайдо мешавад. Аз ҳамин сабаб тифлак пистони модарро мегазад ё ангуштони ягон шахси калонсоли дар наздаш бударо ба даҳон бурда, бо тамоми қувваташ газиданӣ мешавад.

 

Модар дар ин давра бояд чӣ кор кунад?

 

Бозичаи резинӣ харед

Барои он ки дандонҳои ширии кӯдак бе ягон душворӣ бароянд, волидон бояд ба фарзанди худ ёрӣ расонанд. Пеш аз ҳама хориши решаҳои дандонро бартараф намудан лозим аст. Шумо метавонед аз аптека бозичаҳои махсуси резинӣ (прорезывател) бихаред, ки махсус барои давраи дандонбарорӣ пешбинӣ шудаанд. Маъмулан тифлакон бо газидани чунин бозичаҳо хеле оромтар мешаванд. Фақат диққат диҳед, ки бозича аз ягон ҷинси сахт сохта нашуда бошад, то решаи дандонҳои нозуки кӯдак осеб набинад. Ҳангоми харид ҳамчунин бозичаро бо ягон рӯймолчаи намнок пок карда, санҷидан лозим аст, ки рангаш мебарояд ё не. Рангҳои сунъӣ (красителы) ба саломатии кӯдак зарар доранд, бинобар ин, волидон бояд аз харидани бозича ва хӯрданиҳое, ки дар таркибашон рангҳои сунъӣ вуҷуд доранд, худдорӣ намоянд.

 

Кӯдакро навозиш кунед

Дар давраи дандонбарорӣ бо сабаби дард ва хориши решаҳои дандон тифлакон бисёр асабонӣ ва инҷиқ шуда, бисёр гиря мекунанд. Хатои аксари волидон дар он аст, ки худро ба даст гирифта натавониста, ба сари тифлак дод мезананд ва кӯшиш мекунанд, ки бо зӯрӣ кӯдакро ором созанд. Ин хатои маҳз аст. Одамчаи хурдакаки шумо давраи душворро аз сар мегузаронад ва ба меҳрубонӣ ниёз дорад, бинобар ин, кӯдакро ба оғӯш гирифта, сарашро бо меҳр сила ва навозиш карда, суханони пур аз меҳру муҳаббат гӯед. Тифлакон меҳрубониро хеле хуб дарк мекунад. Навзишҳои бо меҳри шумо дарди фарзандатонро кам карда, барои солим ва пурқувват баромадани дандончаҳояш ёрӣ мерасонанд.

 

Дандонҳои кӯдакро маҳс кунед

Маъмулан дар ин давра дар тифлакон хоҳиши газидану хоидан пайдо мешавад. Шумо метавонед бо як пора бинти тозаи намнок вораҳои дандон (десни)-и фарзандатонро маҳс намоед ё бо сарпӯши махсус (насадка) ин амалро анҷом диҳед, то ки хориш камтар шавад. Роҳи аз ҳама хуб ба кӯдак себ додан аст. Албатта мо гуфтанӣ нестем, ки як себи бутунро ба даҳони кӯдак гузоред. Метавонед як пораяки себро ба дасти кӯдак диҳед, то ки оҳиста-оҳиста макидан гирад. Дар баробари сахт буданаш себ ҳамчунин хушмазза буда, аз витаминҳо саршор аст ва ба саломатии тифлакон фоида дорад. Фақат эҳтиёт шавед, ки тифлак ягон пораи калони себро канда фурӯ набарад, чунки эҳтимоли дар гулӯи кӯдак дармонданаш вуҷуд дорад. Дар гаҳвора ба кӯдак себ ё ягон хӯрдании дигар додан қатъиян манъ аст!

 

Бо хирсак алла мекунем

Кӯдак шабона бисёр инҷиқӣ мекарда бошад, ягон бозичаи махмалинро дар кати хобаш гузоред. Албатта то хобаш бурдан тифлак бо ин бозича овора шуда, кӯшиши газидани онро мекунад. Хирсаки махмалин оби даҳони кӯдакро ҷаббида мегирад ва аз сурхшавии манаҳи фарзанди шумо пешгирӣ менамояд.

 

Дору ва гелро бе маслиҳати духтур нахаред!

Аксари волидон, хоса модарони ҷавон бо маслиҳати дугона ва дӯстони худ дар давраи дандонбарорӣ ба фарзандашон ҳар хел доруҳои гӯё оромкунанда медиҳанд ва ба вораҳои дандон гелҳои гуногунро мемоланд, ки ин хатои маҳз аст. Гап дар сари он аст, ки организми кӯдакон бисёр ҳасос аст ва дору ё гел метавонад боиси пайдоиши аллергия гардад. Гел ва доруҳои таскинбахшро танҳо бо тавсияи табиби кӯдакона истифода бурдан мумкин аст.

 

«Оила.тж»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...