Китоби Росткорӣ

Китоби Росткорӣ

Китоби Росткорӣ

Дар деҳаи дурдасте Довуд ном ҷавоне зиндагӣ мекард. Ҳама чиз дошт. Тани дуруст, тавонойӣ, зебойӣ, зеҳни баланд, дили меҳрубон, хонавода, дӯстони зиёд, аммо хушбахт набуд.

Фикрҳои пуч ва бепарвойӣ ӯро ором намегузошт. Шабона рӯйи бистар печу тоб хӯрда, дар фикр мешуд, ки аз барои чӣ ӯ зиндагӣ дорад. Маънии зиндагӣ дар чист? Баъди аз дунё рафтани ӯ бо дигарон чӣ мешуда бошад? Барои пур кардани фикри холӣ, ӯ кӯмак ба дигаронро оғоз намуд. Ба кори нек, сухани хӯш ва дастгирии дӯстона сар кард. Ин иқдом хубӣ меовард, лекин барои ҷавон кам буд.

Барои ҳамин Довуд ба худ дигар корро пеша кард. Аз таҳти дил ба омӯзиш гузашта, дониши пайдо кардаашро ба кӯдакони деҳа медод. Марди ҷавон фикр мекард, ки акнун маънои зиндагиро дар он мебинад, ки донишманд шуда, онро ба дигарон бидиҳад. Вақт мегузашту қаноатмандӣ аз пешаи гирифта пойдо намекард. Бисёре аз атрофиёни меҳрубонаш ба Довуд маслиҳат медоданд, ки маънои зиндагӣ дар фарзанддор шудану аз худ гузоштани пайвандон аст.

Баъд аз ин, Довуд қарор дод, ки хонадор шавад. «Ана, мебинем, ки фарзанддор шуда, барои давом додани насли хонавода асос мегузорам»-гуфта, рӯзи дигар ба хонаи духтараки Лайлӣ хостгор фиристод. Лайлӣ духтари зебо, хоксор ва аз хонаводаи хеле муътабар буд. Дер боз ба ӯ меҳр баста, интизорӣ дошт. Лайлӣ бо дили гарм пешниҳодро қабул кард. Арӯсии хеле зебое барпо карда, баъди чанде дар ин хонаводаи ҷавон Мариям ва Мусои дугоник ба дунё омад. Довуд хеле хушҳол гашт. Ҳамсар ва фарзандонро бисёр дӯст медошт, аммо ҳанӯз ҳам ӯ ба худ намеомад. Чизи хеле муҳиме аз даст рафтагӣ барин, дилаш қарор надошт. Лайлӣ хост ба ҳамсараш кумак кунад ва маслиҳат дод, ки ба ибодатгоҳ биравад. Дар деҳаи онҳо асосан будпарастон буданд. Ҳар кас ба парастиш омада, пешдастие оварда, барои дастгирӣ муроҷиат мекард.

-Шояд худоён кумак кунанд?- гуфта, бо умеди зиёд пурсид Лайлӣ. Довуд бошад будпарастиро намеписандид ва суҳбатро идома дод. -Лайлӣ, чӣ гуна санги тарошидаву тасвиру наққошӣ шудаҳо ба ман кумак мекунанд?! Чӣ гуна метавон чизеро анҷом дод, ки аллакай бо дасти инсон сохта шуда аст? Боварӣ надорам! Ҳамин хел умр ба сар мебурданд, то рӯзе ба деҳаи онҳо 1 пирамарди ғарибе омад. Ба монанди дигар мусофирони ба ин деҳа омада, пирамардро ба хонаи Довуд равон карданд, зеро ӯ дар меҳмондорӣ марди саховатманди машҳури ин минтақа буд.

Пирамард бо эҳтиёт дари хонаро зад. Дарро соҳиби хона (Довуд) ба рӯйи ӯ кушода, дуруд (салом) гуфта, хушҳолона ба хона даъват кард. Баъди зиёфати шомонаи хеле хуб, пирамард саргузашти аҷоиберо дар бораи кишварҳои дидааш ривоят карда, нигоҳе кард.

-Довуд, маро бубахшед, агар беҳудагӯйӣ нашавад, мебинам, ки бо ман меҳрубонӣ кардед, ки аҳамият надоданам низ хуб нест. Ба ман багӯй, ки аз куҷо ғамгину дар чашмонат андӯҳ пайдо шудааст.

Довуд бо хиҷолат ба пирамард нигоҳ кард. Оҳи сард кашида, он чӣ ки ӯро дуру дароз ғам дода, ба хобу роҳати зиндагӣ халалдор мекардаро нақл кард. Пирамард бо диққат гӯш кард. Баъди пойини сухани Довуд, каме фикр карда, суҳбатро идома дод.

-Ба назарам, ман метавонам кумакат кунам,-гӯфта, борхалтаи худро гирифта, даст дохили он бурда, ба кофтукоби чизе даромад. Довуд бо шавқи зиёд ва дили пурҳаяҷон ба пирамард назар кард.

“Наход, ки ин рост бошад? Наход, ки ин мусофир ҳоли ҳозир ба суолҳои солиёни дароз маро азоб дода, ҷавобе дошта бошад?- гуфта, дар фикр рафт. Дилаш танг шуда, нигоҳ мекард, ки пирамард аз дохили борхалта чизеро, ки бо порчаи либос печондаро баровад.

-Ин чист? Китоб аст магар?- тоқат накарда, пурсид Довуд. Пирамард табассум кард.

-Ооо! Ин китоби оддӣ нест! Ин навишта аз муқаддасот, амри худи Офаридгор аст. Мо онро китоби “Қуръон” меномем.

-Шумо мо гуфта, киро дар назар доред?-аз нофаҳмӣ гуфт Довуд.

-Мо, яъне мусалмонон,-бо сабр ҷавоб дод пирамард.

-Мо танҳо Аллоҳро парастиш мекунем, ки Офридгори мост. Бузугворе, ки ҳамаи ҳастиро офаридааст,-гӯфта, пирамард дастро гирди худ давр зада, ишора кард. -Ҳммм...-бовар накарда, гуфт Довуд. Пирамард ором шуда, китфи ӯро сила карда, ишора ба китоб кард. -Исботи гуфтаҳоямро ин ҷо хоҳӣ ёфт. Ҳамчунин посухи дигар саволи худро низ пайдо хоҳӣ кард. -Бигир, бигузор он (Китоб) сипосгузорӣ барои меҳмонавозию меҳрубонии ту бошад,-баъди ин гуфта, Китобро ба тарафи соҳиби наваш, яъне Довуд гузошт.

Вақти рафтани ман ҳам расид. Довуд меҳмонро то назди дарвоза гусел намуда, аз пушти ӯ хеле нигоҳ кард. Баъди ба хона баргаштан, ба китоб нигоҳ кард. Ба худ ҷалб карда бошад ҳам, лекин каме ҳам тарсид. Сари худро таккон дода, китоби “Қуръон”-ро аз болои миз ба даст гирифт. -Ана ин боз 1 китоби дигаре аст, ки мисли кӯдак дида, шодӣ дорам. Ҳозир кушода, дар он навиштаро хоҳам дид. Дар куҷойи он ҷавоби суолҳои ман ҳаст?-ба худ гуфта, бо ангӯшт сатреро ишора намуда, ба хондан сар кард. “Офаридаам ҷину инсонро магар барои он, ки бипарастанд маро” (Қуръон, сураи “Зорийот”, ояи 56, тарҷумаи Саидҷаъфари Қодирӣ). Пойи Довуд каме қад шуда, дастонаш ба ларза омад.

Мард (яъне Довуд) ба зону афтода, Китобро рӯйи миз бо ду дасти ларзон гузошт. “Магар ин хел мешавад?”- тарсида ба фикр фурӯ рафта, ба атроф нигоҳе кард. Гӯё, ҳамон тавре пеш аз ин мехост, ки касе дасташ бигирад ва ҳамон навиштаеро нишон бидиҳад, ки хеле дер аз ҳад зиёд зарураш буд. Албатта, ӯ ҳеҷ касро наздаш надид, вале дар ҳайрат омада, ба дилаш боварӣ даромад, ки хондааш аз сухани дуруст (ҳақ) аст. Довуд бетоқат шуда, хост зудтар фаҳмад, ки Аллоҳи пирамард гуфта кист. Бинобар сабаб, Китобро гирифта, бодиққат ба хондан сар кард. Субҳи рӯзи дигар дар ин деҳа аввалин мусалмон пайдо шуд. Тавре, ки пирамард ваъда дода буд, Довуд аз Китоби муқаддас ба суолҳои хеш ҷавоб ёфт. Қуръон ба ин мард оромӣ, боварӣ ва донишро бахшид. Дили холии ӯро аз боварӣ (имон) саршор карда, рӯзгори осойиштааш фаро расид.

ИННА БАЙРАМҚУЛОВА

Аз русӣ тарҷумаи Шамсиддини Муқим

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...