Наҷоти писар...

Он рӯз хушабхтии бузург буд. Мансур ва Зарина барои писари ягонаашон ҷашвораи хубро ният карда, ба қароре омада, сӯйи куллаи куҳи баланд раҳсипор шуданд.
Муҳаммад тифле буд, ки хонавода дер интизораш буд ва хеле дӯсташ низ доштанд. Мансуру Зарина чанд сол баъд ба ҳам пайваст (издивоҷ) карданд. Муддати дароз соҳиби фарзанд ҳам нашуданд.
– Кай таваллуд хоҳед кард?
– Мушкилӣ дар кист? Дар Шумо? Дар шавҳаратон?
– Шумо худро табобат доред?
– Ана Зарина омада истодааст, ки 8 сол инҷониб фарзанд намеёбад.
Ноҳурматии мардум ва пурсишҳои беодобона ҳолати маъмулӣ шуда, сабабгори резондани ашк аз ҷашмони зани ҷавон мешуд. Зан кӯшиш мекард, ки ғаму андӯҳи худро ба ҳамсараш нишон надиҳад, вале ҳар вақте мешунид, ки дар хонаводаи ҳамсояе, шиносе, ё аз хешон фарзанде ба дунё омадааст, ғамгину дилтанг мегашт.
Ба пурсиши дуру наздикон ӯ (зан) доимо бо лаби хандон ҷавоб медод, ки: “Бале, табобатро давом дода истодаем, вале Худованд беҳтар медонад. Барои ҳамин ягона умеди мо аз Ӯст”. Зану шавҳар барои дарёфти иллати ин табобат ва рафтан ба ҳар гуна беморхонаро кайҳо бас карда буданд. Аз ягона коре, ки онҳо даст накашида буданд, ин сиголиш (дуъо)-хонӣ буд ва акнун Худованди Бузург беҳтарин туҳфашон дода, дар хонавода писар ба дунё омад. Қарор қабул карданд, ки писарро номи яке аз дӯстдоштарини Худованд, Муҳаммад ниҳанд.
Муҳаммад бузург шуда, дар чаҳраи ӯ гармиву хушнудӣ пайдо шудан гирифт, ки чашми бинанда роҳат мекард. Рафтори писар орому дилгарм буд, ки худ ва падару модари хушбахт гаштаро хеле хушҳол мекард.
Дар баландии куҳ Зарина матои тунукро паҳн кард. Шамоли гарм тез-тез вазида, гушаҳои гилемчаи нозукро бардошта, парешон мекард, ки шавқи кӯдакро зиёд мекард.
– Ана имрӯз бо падарат хостем бароят хурсанӣ ороем.
– Имрӯз зодрӯизи ман аст?-бо саддагӣ пурсид писар.
– Не, имрӯз рӯзи оддӣ аст, ки бо падарат хостем онро бароят ғайриоддӣ кунем.
– Шумо аз беҳтаринҳоед! Аз дӯстони ман ҳеч кадомаш чунин падару модари беҳтарро надоранд! –аз таҳти дил мафтун шуда, гуфт писар.
Зарина болои дастмоли сафеди қоғазин (салфетка) нон, панири хонагӣ, гуҷи фарангӣ (помидр) ва ҷуваримака (кукуруза)-и дар об пухтаро ороста кард. Дар термос ҷойи гарм аз гиёҳҳо буд, ки барои ҷойнӯшӣ ширинии бомаззае, ки Мария пухта буд гузошта шуд.
Ғизо хӯрда, каме истироҳат намуда, туббозӣ карданд. Сипас, падару писар атрофро қадам зада, пудинаи куҳӣ (душица), бобуна (ромашка)-ҳоро ҷамъ оварданд. Тути фарангӣ (земляника)-еро ёфта, хушҳол пеши модар баргаштанд. Ин рӯзи хеле олиҷанобе буд, ки ин хонавадаи мустаҳкамро боз ҳам наздиктар кард.
Рӯзи дигар Муҳаммад ба модараш шикоят кард, ки шикамаш дард мекунад. Зарина фикр кард, ки ғизои дирӯза барои ӯ муносиб набудааст, вале вақте, ки пероҳани ӯро бардошта, кабудиеро дид. Ин ҳолат ӯро ба таҳлука оварда тарсонд.
– Мансур, дирӯз замони гашт карданатон писар афтода буд? Ин кабудӣ аз куҷост?
Бале. Ҳангоми пойини куҳ фаромадан, дасташ аз ман ҷудо шуда, ба шикам афтод, лекин гиря накарда буд. Баъд чӣ?
Зарина кабудии ишкамро ба ҳамсараш нишон дод. Ӯ ғамгин шуд, ки чӣ тавр писар уфтода, аз зарби сахт дар ишкамаш кабудӣ пайдо шудааст.
Писар аз дарди шикам шикоят мекарду каме пажмурда ҳам шуда буд ва бади чанде аз бистари хоб хеста, даву тоз кардан гирифт.
Хонавода бошад, зиндагии оромона дошт. Ҳеҷ мушкилие пеш намеомад, лекин баъди 1 моҳ дард дар писар бозгашт. Ба он дараҷае, ки писарро ашкрезон кард. Зарина сахт тарсида, зуд ба ӯ доруи бедардкунанда дод. Дарди писар ба зудӣ ором гашт, лекин баъди ин ҳодиса меъда ҳар рӯз ба дард даромад. Муроҷиат ба табиб ва гузаштани ташхис, сабаби дардмандии писарро дорёфт карда натавонист. Ҷусуҷӯйи зиёдеро барои табобат оғоз карданд. Ҳар рӯз аҳволи кӯдак бад мешуд, ки бадтар.
Бо гузашти замон, симои писар тағйир кардан гирифт. Хароб шуда, ранги пӯсташ парид, зери ҷашмон халтаи сиёҳ пайдо шуд.
– Фарзанди Шумо варам дорад. Эҳтимол аст, ки ягон осеби сахт дида аст, – хушку холӣ гуфт табибе, ки яке аз беҳтарин пизишки замон дар ин соҳа ба шумор мерафт.
– Мумкин ягон кас ба ишками ӯ лағади сахт зада бошад? Фавран лозим аст, ки ӯро дар бемористон бистарӣ кунем. Аҳволаш вазинин аст.
Ҳамсарон парешон ба якдигар нигоҳ карданд. Онҳо ба шунидани чунин хулоса омода набуданд. Аҳволи Зарина бад шуд. Табиб кӯшиш кард, ки ӯро ором кунад ва ба ӯ об дод.
– Худро ба даст гиред. Мо нигоҳубин, табобат хоҳем кард. Шумо бошед, умед ба беҳбудӣ кунед, ки гоҳе муъҷиза ҳам рух медиҳад...
– Аз дафтар (кабинет) баромадан замон, Мансур худро рӯйи сандалӣ (кресло) партофт. Бо рангу рӯйи парида ва аз андуҳи зиёд, сар хам карда, чанд дақиқа нишист. Дар ин лаҳза чӣ мушкилиро ӯ аз сар мегузаронд, танҳо Офаридгор медонаду тамом.
Чанд моҳ сипарӣ гашт. Табобат натиҷаи хуб надод. Ташхис (диагноз) доимо гуногун буд. Зарина ба хулосае омад, ки ин санҷиши Худованд аст ва худро ба даст гирифт.
– Мансур, биё Муҳаммадро бубарем ба хона. Алакай дару девори беморхона ӯро дилгир кардааст. Агар тақдир ҳамин бошад, ин ихтиёри Парвардигор аст, ки қабул хоҳем кард. Он тавре бояд кард, ки то рӯзи охирин, писарамон дар паҳлӯйи мо, дар хона хушбахт бошад.
Зарина ҳамсарашро ба оғӯш кашида, гиряи талх кард. Мансур ҳам занашро оғӯш карда гуфт, ки ин қарори дуруст аст. Кӯдакро ба хона бурданд. Дар хона ӯро меҳру дилгармӣ ва ғамхорӣ иҳота кард.
Зарина ҳар рӯз сиголиш (дуъо) мекарду аз Худованд мадад мехост. Дар сиголишҳои шабҳои дароз, соатҳо аз Ҷонофарин беҳтаршавии писари худро металабид. Ҳарчанд мефаҳмид, ки агар чунин (яъне беҳ) шавад, муъҷиза хоҳад шуд, чунки Худованд тавоност.
Мухор ҳам намозгузорӣ карда, аз Ҷонофарин наҷоти писарашро хоҳиш мекард. Шабу рӯз ҳамсарон кӯмаку раҳматро интизор буданд. Онҳо омодаи ҳама гуна санҷиш буданд. Аз ҷумала агар... (яъне фавтад), вале ҳар яки онҳо дар дили худ умед ба беҳшавӣ доштанд ва интизор ҳам буданд.
Ҳамин тавр шаб, ҳафтаҳо сипарӣ шуданд, вале ногаҳон писаре, ки кайҳо аз ғизо чизе намепурсид, шӯрбо хост.
Зарина аз ҳад зиёд хурсанд шуда, барои омода кардани ғизо ба шаст, дохили ошхона шуд. Рӯзи дигар, Муҳаммад хоҳиши рафтан ба зиёфати берун аз шаҳр (пикник)-ро кард. Мисли дафъаи гузашта.
Падару модар (волидайн) тарсиданд, ки аз чунин дигаргунии дархости писар хурсандӣ кунанд. Пас аз истироҳат дар табиат, дар ҳамон ҷойи пештарае, ки ин хонавода 1 сол пеш вақтро хуш гузаронида буд, писарбача шукфтан гирифт ва тез-тез ба хушнудӣ даромад.
Ба наздикӣ, дар хонадон аллакай хандаи фараҳбахши ӯ садо додан гирифт. Падару модар чунин хушбахтиро бовар карда наметавонистанд. Ҳамсарон ба қароре омаданд, ки писарро бори дигар пеши табиб бурда, аз назар гузаронанд ва тааҷҷубовар ҳам он шуд, ки ягон дарде дар бадани писар пайдо накаранд, ки боиси беқарорӣ гардад.
– Бигӯед, ки Шумо ба хориҷи кишвар сафар карда будед?-нобоварона пурсид табиб.
– Не, ҳамту дар хона нигоҳубинаш кардем, -бо хиҷолат гуфт Зарина.
– Аммо ин (яъне чунин шифоёбӣ) ғайриимкон аст! Барои чӣ ростӣ (ҳақиқат)-ро пинҳон мекунед? Чунин варам, ё обила худ ба худ нопадид намешавад! Чӣ мегӯед Шумо?
Ин замон Мансур ба суҳбат ҳамроҳ шуд.
– Аммо ин (яъне сиҳатшавии писар) дуруст аст. Ягона коре, ки мо анҷом додем ин ҳам бошад барои сиҳатманд шудани ӯ сиголиш мекардем ва Худованди Бузург моро шунид. Мардони дар либоси сафед ба якдигар нигоҳ карданд. Онҳо барои илова кардан чизе надоштанд.
Ба ростӣ, як чизи ғайри чашмдошт (муъҷиза)-е рух дод. Намозгузории волидайн барои фарзандон рад нахоҳад шуд ва силоҳи асосӣ ва доруи дармонбахши мусалмон аз таҳти дил бо сиголиш (дуъо)-хонӣ муроҷиат ба Офаридгор аст.
Мансур, Зарина ва Муҳаммад чун ҳамеша зиндагӣ доранд. Баъди 1 сол, хонаводаи онҳо бо 1 ҷони дигар зиёдтар шуд.
СОФИЯ МУСОЕВА
Аз русӣ тарҷумаи Шамсиддини Муқим