Модар

Модар

Модар неъмати дунё ва охират, сарчашмаи муҳаббати беканор ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзиву бедорхобӣ ва бурдбории ӯ танҳо ба худаш хос аст, ки касро ба ҳайрат меорад. Фарзанд дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасад, аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзад. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти инсон аст. Модар мехоҳад, ки тифлаш бе нуқс сабзида, мададгори даврони пирӣ гардад.

Инсон баъд аз дур гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ӯро хубтар дарк мекунад, зеро мисли канори модар макони дигаре нест. Шоир барҳақ фармудааст: Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст, То ба пойи худ равон гаштем, саргардон шудем. Модар дар ҳама ҳолат чи ҳозиру ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад модар.

Мутаассифона на ҳама вақт мо бо қадри ин ганҷи бебаҳо расида метавонем, гоҳ дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ ва ишқу ҳавас заврақ меронему модарро фаромӯш месозем. Аммо баъд аз кору кирдори худ пушаймон гашта ба суроғаш меоем, аммо сад афсӯс, ки дигар ганҷи аз даст рафтаро намеёбем, зеро аз даст додани модар барои фарзанд фоҷиаи хеле гарон аст. Бешубҳа такя дар паҳлӯи модар, хоб дар зонуи модар шоҳбайти китоби хотираҳои зиндагист. Такя дар паҳлӯи модарҷон ғанимат будааст, Хоб дар зонуи модарҷон ғанимат будааст. Давлату сарвати фарзанд модар аст. Модар ба қадрдонӣ сазовор аст. Ана ҳамин бузургию шаҳомати ӯро бо назар гирифта, модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қадри модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад. Ҳама олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвандаи боғи муаттари модарон аст.

Аз ин рӯ ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад. Модар шахсиятест, ки лоиқу сазовори эҳтиром аст. Ҳар кас ҳурмати модарро ба ҷо орад, ба мақому манзалати баланд сазовор мегардад. Ривоят аст, ки Султон Увайси Қаранӣ модари пире дошт. Боре модар аз Увайс шир хост. Увайс дар ҷустуҷӯи шир дар маҳаллаҳо мегашт ва баъд аз чанде ба хона шир овард. Чун ба хона баргашт, хоби модар бурда буд. Ба гумоне, ки шояд модар бедор шуда шир хоҳад, пиёла дар даст, то саҳар дар назди модар қоим буд. Чун модар бедор шуд, каме шир хӯрда, дар ҳаққи Увайс дуои нек кард. Ҳамон дуои неки модар аст, ки номи Увайси Қаранӣ то ба қиёмат вирди забонҳост. Дар ин маврид Паёмбар ﷺ фармудаанд: «Дуои се тоифа ба даргоҳи Худованд мустаҷоб аст.

Дуои мазлум, дуои мусофир ва дуои падару модар». Абуҳурайра мегӯяд: «Шахсе назди Расулуллоҳ ﷺ омад ва гуфт: - Ё Расулуллоҳ e, сазовортарини мардум, ки барояш эҳсон кунам кист? Фармуданд: - Модар, сипас модар, боз модар, баъд аз он падар. (Муттафақун алайҳ). Аз ин гуфтаҳои Паёмбар мебинем, ки модар бояд ҳамеша аз ҷониби фарзандон дар муҳити раҳму шафқат, ҳусни муошират, меҳру муҳаббат, иззату икром қарор дошта бошад. Падар ҳам чунин аст, аммо модарро таъкид кардани Паёмбар ﷺ бе ҳикмат нест, зеро зан нисбат ба мард бисёр заифу муштипар аст. Ба дунё овардани тифл аз ҳамлу таваллуд, шир додан, ҳама бар дӯши ӯст ва аз ин рӯ, фарзанд бояд нисбати ӯ шафқати бештар дошта бошад.

Бузургии модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Мо бояд кӯшиш кунем ки сазовори розигии падару модар бошем. Агар волидайн зинда бошанд бояд кӯмак кунем ва аз аҳволаш бо хабар бошем ва агар аз ин дунёи фони гузашта бошанд бояд дар ҳаққашон дуои нек кунем. Парвардигоро падару модарони моро аз раҳмати бепоёнат маҳрум нагардон.

Сарчашма: «Шурой уламо»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...