Масъулияти тарбия

Масъулияти тарбия

Масъулияти тарбия

Эй касе, ки сарпарстии хонаву хонаводаро бар ӯҳда дорӣ, вақте ба масъулияти хеш дар баробари тарбия ва парвариши дурусти кӯдак таваҷҷӯҳ нанамоӣ ва ӯро дар муҳити носозгоре ба ҳоли худ бигузорӣ, бими он меравад, ки ду баробар азоб биниву ба иллати бо зишту бад омехта намудани он ҷавҳари мукарраму шариф мавриди азоби сахте қарор гирӣ ва саҳми муайяне аз он ҷинояти фарогирро насиби худ созӣ.

Масъулияти падару модар ва сойири сарпарастон нисбат ба фарзандон ба ҳадде аст, ки Пайғамбари акрам r як қойидаи асосӣ барои он вазъ намуда, ифодаи он ин аст: Фарзанд бар дини падару модараш парвариш меёбад ва ба ҳадди булуғу ҷавонӣ мерасад.

Пас падару модар барои ӯ ду василаи бисёр муассир ва нерӯманд мебошанд. Имом Ғаззолӣ дар рисолаи худ «Айюҳа-л-валад» гуфтааст: «Дарвоқеъ, маъно ва мафҳуми тарбия ба амали шахси кишоварзе мемонад, ки хорҳову гиёҳони нодаркорро аз миёни кишту зироати худ решакан ва дур месозад то ин, ки рушду нумӯйи он хуб ва беҳтар шавад ва ҳосили бештар диҳад».

Алӣ ибни Абутолиб мегӯяд: «Фарзандони худро босаводу огоҳ ва боадаб кунед, чунки Худованд мефармояд: «Худовандро ибодат кунед ва (ҳеҷ кас) ва ҳеҷ чизеро шарики Ӯ қарор надиҳед ва ба падару модар ва хешовандон некӣ кунед!..». Расули акрам мефармояд: «Дар миёни фарзандони худ адолат ва баробариро барқарор кунед!».

(«Масъулияти тарбия») Тоҳир Ҳақназаров

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...