12 маслиҳат барои тарбияи фарзанд

12 маслиҳат барои тарбияи фарзанд

Кӯдакон аз муҳити зист хеле мутаасиранд. Дар замони имрӯза тарбияи фарзанд дар муҳиту фаҳмиши дурусти исломӣ, аз сабаби таъсири зиёди манфӣ расонидан, аз ҷониби воситаи ахбори омма, дӯстон ва дигар аъзоёни оила, хеле дӯшвор гардидааст.

Телевизион, радио, шабакаи интернет ва дигар воситаҳои ахбори омма, асосан дар тарғибу ташвиқи ахбору маълумоти арзиши исломӣ надоштаро бештар пешкаш мекунанд. Дар ин робита, нишон додани намунаи дуруст бар зиммаи волидайн ва дигар аъзои оила мебошад. Дар ин шумораи моҳнома якчанд маслиҳати муфидро овардаем, ки Шумо барои тарбияи дурусти фарзанд дар руҳия ва арзиши исломӣ метавонед истифода кард. Муҳофизати кӯдакон аз фаҳмишу амали бад, ки ба фикрронӣ, ё ташаккули дуруст ва рафтору кирдори онҳо таъсир мекунад, ғайри имкон аст. Бояд дар намунаи сифатҳои зебои худ онҳоро ба роҳи Ҳақ ташвиқу ҳидоят намоем, яъне ин маънои он дорад, ки худи мо амрномаи Аллоҳ I ва гуфтаҳои Расули Акрамро r пайгирӣ кунем.

1. Бо онҳо бо некӣ рафтор кунед. Некӣ мутаваллидгари некист. Агар мо бо меҳрубонӣ рафтор кунем, дар навбати худ онҳо ҳам бо атрофиён меҳрубонона рафтор хоҳанд кард. Паёмбари r мо беҳтарин рафторро бо кӯдакон дошт.

2. Ба онҳо ҳиссиёти дар ҳаёт назаррас доштанро бидиҳед. Дар масъала ва кори оилавӣ аз онҳо маслиҳат пурсед. Бигзор дар инкишоф ва тарақии оила мавқеи хос доштанашонро низ эҳсос кунанд.

3. Сайругашт бо аҳли оила. Ба ҷойи бо рафиқон ба сайругашт иҷозат додан, худатон бо онҳо сайл кунед. Бигзор онҳо байни оила ва дӯстони хубе, ки хулқу атвори нек доранд, бисёртар бошанд. Ҳамеша дар хотир нигаҳ бояд дошт, ки онҳо бештар вақтро бо кӣ мегузаронанд, монанд ба онҳо хоҳанд шуд. Чӣ хеле мегӯянд: «Бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ...». Барои ҳамин ба ҳамнишину дӯстии фарзандатон аҳамияти хос диҳед ва тез-тез бо онҳо дар муошират бошед.

4. Ситойишу таъриф кунед. Таъриф дар ҳузури дигарон воситаи самарабахш аст. Вақте ки волидайн кӯдакро таъриф мекунанд, онҳо эҳсоси ифтихор пайдо намуда, боз дигар амали хубро анҷом медиҳанд.

5. Аз таҳқиру пастзанӣ дур шавед. Ҳамин тавр дар ҳузури дигарон шарманда ва таҳқир накунед.

6. Варзиш. Паёмбар r шиноварӣ ва аспсавориро ташвиқ кардаанд. Инчунин дигар намуди варзиш, ки хислати неки инсон ва қуввати ҷисмониро меафзояд, машғул ба коре шуданро тавсия дода мешавад.

7. Масъулият ба қобилияти онҳо ба вазифаи бар дӯш вогузор карда, бовар кунед. Вобаста ба синну соли онҳо кору вазифаи мунтазами ҳаррӯза тартиб диҳед. Бовар кунонед, ки кори муҳимро анҷом дода истодаанд. Баъд мебинед, ки онҳо бо чӣ қадар хоҳишу завқи зиёд ба Шумо кумак хоҳанд кард.

8. Эрка накунед. Кӯдак зуд эрка мешавад. Вақте ки ҳамаи хоҳишҳоро бе чуну чаро иҷро мекунед, онҳо фикр мекунанд шумо вазифадор ҳастед. Оқилона харид кунед. Аз исроф ва хариди зиёдатӣ дурӣ ҷӯед. Баъзан ба ятимхона, ё ба минтақаи камбизоат баред, то фаҳмад, ки онҳо чӣ қадар ҳаёт ва имтиёзи хуб доранд ва шукргузор бошанд. Шукргузор буданро омӯзонед. Худованд бандаи шукргузорро дӯст медорад.

9. Хурмати падару модарро ва калонсолонро омӯзонидан лозим.

10. Якҷоя намозгузорӣ кунед. Аз хурдсолӣ бояд бинанд, ки Шумо чӣ хел намозгузорӣ мекунед. Кӯдакон оинаи калонсолонанд. Дидан баробар амали шуморо такрор мекунанд. Ба намози саҳар (бомдод) бедор кунед ва намозро ҷамоат гузоред. Аз мукофоти намозе, ки дар вақташ гузошта мешавад, суҳбат кунед, то намозро ба сифати бори гарон қабул накунанд.

11. Диққати махсус ба покизагии ғизо либос ва бадан бидиҳед.

12. Намунаи ибрат бошед. Падару модар беҳтарин намунаи ибрати фарзандонанд. Агар шумо бо волидайн дағалона рафтор кунед, мунтазири чунин муносибат аз фарзанди хеш бошед. Агар шумо нисбати атрофиён бе эҳтиромӣ зоҳир кунед, фарзандон ҳам айнан пайгирӣ хоҳанд кард.

Волидайн бояд қаҳрамони рақами 1-и фарзандон бошанд.

АМИНА САЙДУЛЛО

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...