Зебунисо Рустамова – аввалин қаҳрамони ҷаҳон дар таърихи варзиши занонаи Тоҷикистон

Зебунисо Рустамова – аввалин қаҳрамони ҷаҳон дар таърихи варзиши занонаи Тоҷикистон

Зебунисо Рустамова – аввалин қаҳрамони ҷаҳон дар таърихи варзиши занонаи Тоҷикистон

50 сол қабл, дар чемпионати ҷаҳон оид ба камонварӣ, ки рӯзҳои 28-30-юми июни соли 1975 дар шаҳри Интерлакени Швейтсария баргузор гардид, варзишгари тоҷик Зебунисо Рустамова унвони қаҳрамони мутлақи ҷаҳонро ба даст овард. 1-уми июли ҳамон сол ҳамаи рӯзномаҳои марказӣ ва ҷумҳуриявӣ аз ин дастоварди бузурги камонвари тоҷик хабар доданд.

 

Роҳи Зебунисо ба варзиши бузург баҳори соли 1971 оғоз шуд, вақте ки ӯ ба варзишгоҳи «Динамо»-и Душанбе омад ва зери роҳбарии мураббӣ Виктор Герасимович Пряхин машқ карданро оғоз намуд. Ҳамон тирамоҳ ӯ ба унвони “Номзад ба устоди варзиш” ноил гардид. Пас аз як сол, дар чемпионати ҷавонони ИҶШС, унвони “Устоди варзиш”-ро гирифт. Як сол баъд, ӯ бори аввал миёни занони тоҷик ба унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ” сазовор шуд.

Соли 1974 матбуоти марказии Шуравӣ ба Зебунисо таваҷҷуҳ зоҳир кард. Рӯзномаи «Правда» навишт: «Кашфи асосии мусобиқаи “Тирукамонҳои баҳорӣ – 1974” баромади духтари 18-солаи душанбегӣ Зебунисо Рустамова буд. Бовар кардан душвор аст, ки ин ҳама дар муддати се соли нопурраи машқ ба даст омада бошад…».

Зебунисо ба ҳайати дастаи мунтахаби ИҶШС шомил гардид ва дар мусобиқаҳои зиёде дар Маҷористон (Венгрия), Шветсия ва дигар кишварҳо ширкат варзида, пайваста натиҷаҳои назаррас нишон медод.

Мураббии калони дастаи Иттиҳоди Шуравӣ Виктор Василевич Сидорук ба дурустӣ ба Зебунисои 19-сола барои ширкат дар чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Интерлакени Швейтсария эътимод кард. Зебунисо аз аввалин масофа пешсафиро ба даст гирифт ва дар машқи ФИТА-1 бо устуворӣ ҳадаф зад. Дар анҷом 2465 имтиёз ба даст овард, ки на танҳо пирӯзӣ, балки рекорди нави ҷаҳон гардид (рекорди пешин 2380 имтиёз буд).

Ин натиҷа Зебунисо Рустамоваро аввалин қаҳрамони ҷаҳон дар таърихи варзиши занонаи Тоҷикистон гардонд.

Дар солҳои баъдӣ Зебунисо ба медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монреал (1976) ноил гардид, инчунин чандин бор қаҳрамон ва ҷоизадори чемпионатҳои Аврупо дар намудҳои инфиродӣ ва даставӣ (аз 1976 то 1987), ҷоизадори нуқраи мусобиқаи “Дӯстӣ-84”, чандин маротиба қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ (1975–1987) ва рекордшикани ҷаҳон гардид. Ӯ дар маҷмуъ 8 рекорди ҷаҳонӣ дар тирпарронӣ аз камон гузошт.

Фаъолияти варзишии Зебунисо Сангиновна Рустамова шаҳодати истеъдоди беназир ва заҳмати бемислаш буд, ки номи ӯро ҳамеша дар таърихи варзиши ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон абадӣ гардонд.

 

Ғафур Шерматов

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...