Дилшод Назаров. Суҳбат бо варзишгар

Тобистони соли 2016 чемпиони Бозиҳои олимпӣ дар Рио – де – Жанейро шудани гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар дунё ғулғула андохта буд, зеро аз соли 1996 баъди шаш Бозиҳои олимпӣ бори нахуст намояндаи Тоҷикистон сазовори медали тилло дониста шуд. Тирамоҳи соли 2019 мардуми ҷаҳон номи Дилшод Назаровро бори дигар вирди забон гирифт. Ин дафъа Созмон мустақили мубориза бар зидди допинг дар варзиши сабук (AIU) варзишгари тоҷикро аз истифодаи допинг гунаҳгор сохт.
Ин Созмон эълом дошта, ки гуноҳи чемпиони олимпӣ исбот шуд ва ӯро ду сол аз ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум хоҳад кард. Тафтиши допинг дар бадани Дилшод якуним сол идома ёфт. Холисона будани онро касе гуфта наметавонад, лекин далел ба дараҷае қотеъ буд, ки Дилшод Назаров рад карда натавонист? Ин ва дигар посухи ҷавобҷӯй сабабгори вохӯрӣ бо варзишгари маъруф ва сарварони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар гардид.
– Дилшод, кори Созмони допингсанҷи (AIU) барои ман низ чун барои ҳазорҳо ҳаводоронатон комилан ғайричашмдошт буд. То ҳол бовар карда наметавонам, ки роҳбарияти чунин Ширкати хусусӣ бо варзишгари кайҳо ғолиб омада, чунин рафтор мекунад. Дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Тэгуи Кореяи Ҷанубӣ аз Шумо намунаи хун барои санҷидани допинг гирифта буданд?
– Бале, аз ман низ гирифта буданд. Ин амали маъмулист. Лекин ҳамон вақт санҷиш манфӣ баро-мад. Ростӣ, намедонам, ки бо чӣ онро баъди аз байн гузаштани чанд сол аз нав таҳқиқ кардаанд.
– Аз хабари мусбат баромадани санҷиши такрории ҳамон намунаи допинг кай ва чӣ тавр огоҳ шудед?
– Моҳи июли соли 2019 Созмони номбурда нома фиристод, ки гӯё ман ба истифодаи маводи мамнӯъ гумонбар мешавам. Аз ин гумонбарии ғайричашмдошти беасос, ки аз бом тарошаро ме-монд, ниҳоят ошуфта шуда, ба ғазаб омадам. Худатон қазоват кунед. Маро ба истеъмоли допинг дар чемпионате гунаҳгор сохтанд, ки соли 2011 баргузор шуда буд. Яъне 10 сол пеш. Моҳи апре-ли соли 2017 Созмони мустақили мубориза ба зидди допинг таъсис шуда, ки фаъолияташ тамоман мустақил буда, сарбапасташ Бретт Клотие мебошад.
СИПОС АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
– Бешак, ҷазо додани варзишгарони ҷаҳонӣ ин талафоти гарон аст, лекин ман мутмаинам, ки ин қабил шахсиятҳоро шикаст додан кори саҳл нест. Ору номус, ҳисси ватандустӣ онҳоро водор месозад, ки бо натиҷаҳои баландтари худ, ё шогирдон ҷавоби сазовор гардонанд.
– Албатта, аламовар аст, ки бо тамоми ҷисму ҷон, фикру зикр ба Олимпиада тайёр шавӣ, дилпур бошӣ, ки метавонӣ аз ҷоизадоронаш гардию ногаҳон номардона пеши роҳатро гиранд. Аз пушт корд задан амали ноҷавонмардона аст. Рӯзҳои аввали аз ин хабар огоҳ шудан шок шудам, фикр мекардам, ки меҳнату муборизаю комёбиҳои понздаҳсолаамро барбод додан мехоҳанд. Чун бо дастгирии ёру дӯстон, мухлисони сершумор, ки дар ин шабу рӯз дилбардориям мекарданд, тадриҷан таскин ёфтам ва ба хулосаи дигар расидам. Нафароне буданд, ки аз гурзандози тоҷик метарсидаанд. Ончунон метарсидаанд, ки дилу гурдаи муборизаи мардонаи рӯ ба рӯ дар варзишгоҳ надоранду бо роҳи дасиса рафтанд. Агарчи ин медали олимпӣ, ё чемпионати ҷаҳон нест, ғалаба аст, ғалабаи маънавӣ. Зимнан аз фурсат истифода бурда, аз Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгирии ҳамаҷонибаашон дар ин давраи бароям мураккабу ногувор изҳори сипос мекунам.
– Сарвари давлат баъди ин ҳодиса ба ҳузур пазируфтанд?
– Дар чорабинии Кохи Борбад вохӯрдем. Ин рӯзҳои аввали ҳодиса буд, ки он вақт ростӣ, хеле руҳафтода будам. Дилбардорӣ карда, «Дилшод, то охир мубориза бар!»,- гуфтанд. Ва ман руҳу нерӯ гирифта, якуним сол мубориза бурдам. Бад аст, албатта, вақте варзишро ба ғаразҳои сиёсӣ олуда месозанд, бозиҳои пасипардагӣ роиҷ мешаванд.
– Як равоншиноси риштаи варзиш гуфтааст, ки дар муҳимтарин мусобиқот 80 дарсади пирӯзиро на қувваю маҳорат, балки суботи рӯҳии варзишгар таъмин месозад. Гӯё дар бораи Шумо гуфта бошад.
– Ман мисоли дигар меорам. Ҳамон соли бозиҳои олимпӣ дар Бразилия чемпиони ҷаҳон Павел Файдеки лаҳистонӣ дар кулли мусобиқот аъло баромад мекард ва коршиносон ӯро бармаҳал соҳиби медали тилло мехонданд, аммо вақте мусобиқа оғоз ёфт, ӯ ҳатто ба давраи финалӣ баромада натавонист, зеро дар лаҳзаи ҳалкунанда, эҳсосоти худро идора карда натавонист.
– То Олимпиадаи Рио – де – Жанейро Шумо ғалабаи зиёд ба даст овардед. Медали нуқраи чемпионати ҷаҳон, се пирӯзӣ дар Бозиҳои осиёӣ, чемпиони чоркаратаи Осиё. Аз ин рӯ, аксарият коршиносон мутмаин буданд, ки дар Бразилия ҳатман соҳиби медал мегардед.
– Маротибаи сеюм, гурзро 78,07 метр партофтам. Ҳарчанд боз ҳама се маротиба имкони беҳтар кардани натиҷаҳои худ доштем, аммо аксарият дар сарҳади 76 метр дармонданд. Аз ҷумла, Иван Тихон ва Войсех Новитский, ки дар ниҳоят дуюму сеюм шуданд. Дар партофти панҷум парвози гурзи ман 78,68 метр шуд ва пурра бовар кардам, ки ғалаба насибам хоҳад гашт. Дар партофти охирин ҳам ягон рақиб ба ман расида натавонист.
– Воқеан, ҳамон гурзи бахосиятро бо худ овардед? Онро дар хонаатон нигоҳ медоред?
– Ман бо худ гирифтани онро ҳатто фикр накардаам. Шояд аз хурсандии беҳад бошад, шояд бо сабабе, ки гурзҳоро ба мо соҳибони олимпида додан ва чизи бегонаро чӣ хел мегирӣ? Эҳ, чаро ин идеяро он ҷо ба ман касе нагуфт? Албатта, мегирифтам он гурзи тиллоиро. Барои Осорхонаи миллӣ, ё Кумитаи олимпӣ, на барои хонаи худ.
– Дилшод, рекорди шахсии шумо 81,65 метр аст ва ин бечунучаро натиҷаи баланд ҳисоб меёбад, зеро аз 80 метр дар дунё кам гурзандоз гузаштааст. Падида (феномен)- еро гуфтаниям, ки 45 сол боз касе аз он гузашта наметавонад.
– Шумо рекорди Юрий Седихро дар назар доред? Он воқеан беназир аст.
– Бале. Варзишгари шаҳири шуравӣ Юрий Седих 30 августи соли 1986 дар чемпионати Аврупо дар Штутгарти Олмон гурзро ба 86,74 метр партофт ва ин рекорди ҷаҳонӣ то ҳол побарҷост. Чандин даҳсола гузашт, лекин баҳодуре пайдо нашуд, ки рекорди ӯро гузарад. Ин ҷо чӣ муаммост?
– Ҳама гап дар мактаби шӯравии гурзандозист, ки барҳақ аз беҳтаринҳо дар дунё буд. Шумо тасаввур кунед, ки барои беҳсозии тамрину ҳунарнамоии варзишгарон пажуҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ фаъолият доштанд. Яъне, варзишу варзишгар дар асоси навтарин дастовардҳои илмҳои гуногун рушд меёфт. Имрӯз ин ҳама нест ва натиҷаи баланд ҳам кам аст.
Зимнан, ман бо ин гурзандози достонзеб шиносоии хуб доштам. Ҳарчанд вақте ба арсаи рақобати беҳтаринҳо ворид шудам. Ӯ аллакай аз варзишкорӣ баромада буд. Чун дар Рио-де-Жанейро чемпиони олимпӣ шудан, Юрий Георгиевич аз аввалинҳо шуда телефонӣ табрикам кард, ки сарам ба осмон расид: «Аҳсан, Дилшод! Шукри Худо, ки нафаре аз собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ корномаи моро давом дод». Воқеан, баъди ғалабаи гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар Олимпиадаи тобистона дар Барселона соли 1992 ин дуюм медали тиллои Тоҷикистон буд. Дар ягон намуди дигари варзиш то ҳол чунин комёбии барҷаста муяссар нагаштааст.
БАРОИ ОБРӮИ ВАТАН ҲАМА МАСЪУЛЕМ
– Тақдир набудааст, ки дар олимпиадаи панҷум иштирок кунед. Бо ин дасиса осмон омада ба замин начаспид, зиндагӣ давом дорад. Умедворем, ки соли 2024 шуморо ҳамроҳи дигар варзишгаронамон дар Бозиҳои олимпии Париж хоҳем дид.
– Ман бисёр мехоҳам, ки дар Олимпиадаи тобистонаи Токио варзишгарони мо соҳиби медал шаванд. Шарт нест, ки маҳз дар гурзпартоӣ бошад, ман байни намудҳои варзиш фарқе намегузарам, зеро ҳамаи мо шарафи варзиши Тоҷикистон, обрӯю эътибори онро ҳифзу афзун мекунем. Ин масъулияти ҳар кадомамон дар назди Ватан ва халқи шарифи тоҷик мебошад.
МУСОҲИБ ХУРШЕДИ ҶОВИД