Моҳи мубораки Рамазон моҳи баракату раҳматаст

Моҳи мубораки Рамазон моҳи баракату раҳматаст

Ҳамду сано Худованди ягонаро ва дуруду саломи бепоён ба Расули гиромӣ ﷺ ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Рўзи шанбе 1-уми март моҳи шарифи Рамазон меҳмони кулли мамолики мусалмоннишини олам мегардад. Ин моҳи муқаддас барои ҳар фарди мусалмон, азизу гиромист.

 

Дар каломи бузурги Худованди тавонову якто – Қуръони карим ва ҳам дар аҳодиси Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад ﷺ моҳи Рамазон ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо таъкид ва ёдрас шудааст. Гиромӣ донистани ин моҳи шариф барои муслимини олам аз он сарчашма мегирад, ки дар он китоби муқаддаси Қуръон – ҳамчун ҳидоятгару раҳнамои башарият нозил шудаааст. Ин моҳ арзишҳо ва ҳикматҳое дорад, ки барои ҷаҳониён сабақомўз ва намунаи ибратанд. Ҷудо кардани адолат аз беадолатӣ, нек аз бад, асл аз хурофот, дониш аз ҷаҳолат ва ҳақ аз ботил яке аз муҳимтарин ба шумор меравад.

Чунонки Худованд дар каломи шарифи хеш (ояи 185-уми сураи «Бақара») мефармояд: «Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он Қуръон фурў фиристода шудааст, китобе, ки мардумро роҳбар ва дарбаргирандаи далоили ошкори ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст. Ва ҳар ки аз шумо ин моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рўза дорад ва ҳар ки бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай ба шумори он чи фавт шуд, аз рўзҳои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад».

Парҳезгорӣ ва зиндагии ҳалолу покиза, мурувват намудан ба атрофиён, дасти фитодаҳоро гирифтан, кўмак кардан ба бародарони худ аз рўи тавону имкон, худдорӣ аз ҳама амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи накў ва нерў бахшидани он тавассути амалҳои хайру савоб, худро ҷузъи ҷомеа ва ҷомеаро ҷузъи худ ҳисобидан ва ба ҷомеа манфиат расонидан ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки дар ин моҳи шариф барои рўзадорон ҳатмӣ шумурда мешаванд.

Муҳимтарин хислати ин моҳи шариф ҳамин аст, ки зоҳиру ботини фарди мусалмон бояд ягона бошад, сабру таҳаммул дар қалбу ҷисмҳо маҳкам ҷой бигирад, тамкину матонат инсонҳоро раҳнамо гардад, агар ба таври хулоса гўем, инсон дорои иродаи устувор бошад. Маҳз иродатмандӣ асосу решаи зиндагии поку беолоиши ҳар мусалмон дар Рамазон хоҳад буд. Фазилати дигари Рамазон аст, ки инсонҳо ба тартибу низоми зиндагии хеш таҷдиди назар мекунанд ва зеҳну андешаи худро зери партави каломи илоҳӣ мунаввар месозанд.

Аз Абўҳурайра ривоят аст, ки Пайғамбар ﷺ фармудаанд: «Тамоми аъмоле, ки фарзанди Одам анҷом медиҳад, аз даҳ то ҳафтсад баробар ба онҳо подош дода мешавад, магар рўза, ки Парвардигор мефармояд: «Рўза барои ман аст ва ман подошашро хоҳам дод. Инсони рўзадор ба хотири ман хўрдану нўшидан ва ҳавои нафсашро тарк кардааст». Рўзадор ба ду хушҳолӣ даст меёбад: аввалин хушҳолӣ ба ҳангоми ифтор ва дувумин хушҳолӣ ҳангоми мулоқоти Парвардигор. Бўйи даҳони рўзадор дар назди Худо аз бўйи мушк хушбўтар аст».

Анҷом додани амалҳои хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартабаву обрўю эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки ба хотири ризои Худованд аз ҳикматҳои дигари ин моҳи азизу муқаддас мебошад. Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст. Яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад.

Дар ин бобат Паёмбари гиромӣ фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад». Тибқи ахлоқ ва одоби исломӣ инсон бояд ба шукронаи Худованд бо дасту дили кушод ва аз заҳмати поку ҳалоли худ хайру садақа анҷом диҳад.

Чунонки зикр кардем, парҳезгорӣ муҳимтарин хусусияти ин моҳи шариф аст. Худованд дар каломи хеш (ояҳои 183-184-и сураи «Бақара») фармудааст, ки «Эй мўъминон! Бар шумо рўза фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, фарз шуда буд, бошад, ки парҳезгор шавед, рўза гирифтани рўзҳое чанд шумурдашуда. Пас ҳар ки аз шумо бемор ё мусофир бошад, пас шумори он аз рўзҳои дигар лозим аст. Ва бар касоне, ки рўза тоқатфарсост, фидяест, ки иборат аз хўрок додан ба як бенавост. Ва ҳар кас ба дилхоҳи худ хайре анҷом диҳад, пас он бар ў беҳтар аст ва агар бидонед, рўза гирифтан барои шумо беҳтар аст».

Яъне дар баробари он ки фарз будани доштани рўза таъкид мешавад, кўмак ба табақаи бенаво ва табъи дили худ анҷом додани амалҳои хайру савоб низ хотиррасон мегардад. Маълум мешавад, ки парҳезгориву амали хайр ду қутб ё рукни ин моҳи сайид будааст.

Зиёда аз ин, тибқи ақоиди исломӣ савоб пояи имонро мустаҳкам месозад, чунонки аз Абўҳурайра ривоят аст, ки Пайғамбар ﷺ фармудаанд: «Касоне, ки рўзаи Рамазонро бо имон ва қасди савоб бигиранд, тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад, касоне, ки дар шабҳои Рамазон бо имон ва қасди савоб намозҳои нафл (таровеҳ ва таҳаҷҷуд) бихонанд, тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад, касоне, ки дар шаби қадр бо имон ва қасди савоб намоз бихонанд, тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад».

Набояд фаромўш кард, ки моҳи сайиди Рамазон моҳи имтиҳони на фақат нерўи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рўҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст. Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки ба хизматрасонии мардум масъулият доранд. Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтарине ҳаст, ки дар дини мубини Ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст. Набояд фаромўш кард, ки дар ин маврид Паёмбари гиромиии ислом фармуданд: «Агар касе дар нархгузории ризқу рўзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рўзи қиёмат ўро дар оташи дўзах қарор хоҳад дод».

Инсондўстӣ, эътирофи ҳаққи дигарон, муносибат дар заминаи ҳусни тафоҳум аз хусусиятҳои дигари моҳи Рамазон аст. Маҳз дар ҳамин моҳ ҷомеаи адолатпарвари башарӣ бо ҳама арконаш зуҳур меёбад. Аз ин рў, инсонҳоро зарур аст, ки рафтору муомилаи нек бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхориву меҳрубонӣ ба пиронсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дўстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ ва қадршиносиро рафтору кирдори ҳамарўзаи зиндагии худ созанд.

Ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар ин моҳи муқаддас, қабл аз ҳама, рифоҳи зиндагӣ ва осудагии умр, тани сиҳату хотири ҷамъи наздикону пайвандонашон, ҳамчунин азиз донистани Тоҷикистон – ватани умумии мо ва заҳмату фидокориҳоро ба хотири рушду такомули он барои ҳар як хонаводаи тоҷик ва ҳар шаҳрванди кишвар бо дуо таманно мекунем.

 

Муҳаммадфарух АЗИМОВ

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Ҳақиқати шармсорӣ

Пас, бидон, ки шармсорӣ бар чанд ваҷҳ аст:   Дар шармсорӣ бинобар бузургворӣ он чӣ дохил мешавад, ки дар ин қавли Ӯ таоло омадааст: «Яке аз он ду духтар, ки бо камоли шарм роҳ мерафт, назди ӯ омад» (Қасас, 25). Гуфтаанд: Духтари Шуайб аз Мӯсо барои он шарм медошт, ки ӯро ба...


Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо тоҷикони бурунмарзӣ дар Қазон

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия бо роҳбарону намояндагони диаспораи тоҷик, соҳибкорон ва ҳамватаноне, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи...


Беҳтарин суханон дар васфи модар

Модар - сарчашмаи ҷӯшони ҳаётест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад.   Модар - сарчашмаи меҳру муҳаббат, шавкати беканор, нури ҳар як хонадон аст. Модар - туӣ он моҳи дурахшоне, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираю торики моро равшан месозӣ. Модар - ту офтобӣ дар зиндагӣ, ки моро...


Дуруд бар шумо хонандагони азизи мо!

Покизагии даромад ва ҳифзи ҷомеа дар замони муосир   Имрӯз, ки бисёре аз бародарону хоҳарони мо дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, ба тиҷорат ва кор машғуланд, лозим аст, ки ҳисоби солонаи молии худро ба роҳ монанд ва Закоти моли худро адо кунанд. Закот моро аз бухл ва ҳирс дур месозад ва...


Ҳаёт ва фаъолияти имом Тирмизи ва осори у

Зимни сафар ба кишварҳои хориҷӣ Имом Тирмизӣ ҳадисро ҷамъ оварда, бо таълифи китобҳо машғул шудааст. Баъд аз бозгашт аз сафар, бо олимону фузало дар мунозираҳои илмӣ ширкат меварзад, ба шогирдони зиёде устодӣ мекунад. Хусусан, бо муҳаддиси шинохта Имом Бухорӣ мубоҳисаҳои зиёди илмӣ анҷом дода, аз ӯ...