Таяммум

Таяммум

Таяммум – рўй ва дастонро бо хоки пок молидан аст.

Таяммум кардан чӣ гуна аст:

Дар дили худ гўяд: «Бисми-лЛоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим. Ният кардам пок гардам бо адо намудани таяммум». Ангуштони панҷаи дастонро кушода бо шиддат кафи дастонро ба замини пок гузорад ва нахуст онҳоро ба пеш – аз худ, сипас ба ақиб – ба сўи худ такон диҳад. Он гоҳ кафи дастон ба рўи худ бимолад. Бори дуюм дастонро бар замин зада дастонро баҳар ду оринҷ бимолад. Тартиби таяммум намудан барои мардону занон якзайл аст.

Фарзҳои таяммум:

1) Ният кардан: «Ният кардам таяммум намоям барои вузў (ё барои ғусл ва ё барои хондани намоз)».

2) Ду бор задан: Кафи дастонро ба хоки пок зада онҳоро ба рўй молидан, сипас такроран онҳоро зада бо онҳо дастонро то оринҷ молидан.

Суннатҳои таяммум:

1. Бо суханони «Бисми-л-Лоҳи-рРаҳмони-р-Раҳим» оғоз кардан.

2. Панҷаи дастонро бо ангуштони кушода ба замин ниҳодан.

3. Кафи дастонро дар замин нахуст ба пеш – аз худ, сипас ба ақиб – ба сўи худ такон диҳад.

4. Паёпай ва бефосила анҷом додани корҳоро риоя намояд.

Сабабҳои таяммум кардани шахс:

Ҳар шахс мумкин аст бо сабабҳои зерин баҷои вузў ва ғусл таяммум кунад:

1 – Бештар аз як мил (тақрибан 3032 м) дур будани манбаи об.

2 – Бемор будан.

3 – Мавсими сардӣ.

4 – Хатар аз ҷониби душман.

5 – Миқдори маҳдуди об дар ҳолати набудани манбаи пурра кардани он. Ҳангоми таяммум кардан ангуштарӣ (чалла) ва дастбандҳоро гирифтан ё онҳоро пасу пеш ҳаракат додан зарур аст.

ПОРАЕ АЗ КИТОБИ

«ТАҲОРАТ ВА НАМОЗ»

Тарҷума ва таҳрири

Файзулло Бобоев

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...