Имон ба Аллоҳ ﷻ

Имон ба Аллоҳ ﷻ

Имон ба Аллоҳ ﷻ

Аз шаш аркони имон аввалини он имон ба Аллоҳ ﷻ мебошад. Барои ҳар инсони соҳибақли болиғ аз ҳама вазифаи муҳимтарин, бовар намудан ба мавҷудияти Худои яккаву ягона Аллоҳ мебошад.

Агар мо ба олами атрофи худ назар афканем, ба зудӣ мебинем, ки ҳеҷ чиз худ аз худ пайдо нагаштааст. Агар соат аст, пас устое низ ҳаст, ки онро сохтааст. Агар расме ҳаст, ки ҳуҷраи моро зеб медиҳад, пас рассоме низ ҳаст, ки онро кашидааст. Агар биное мавҷуд бошад, касе низ ҳаст, ки онро сохтааст. Мавҷудияти коинот худ дар бораи созанди он ҳарф мегўяд. Аллоҳ қувват ва тавоноии беохирро доро мебошад. Ҳамоҳангӣ ва тартибу низоми ҳайратангез дар коинот, ягонагии Аллоҳ I, ки моро халқ карда аст ва дили мо сўи Ў шитоб дорад, исбот мекунад. Ҳамаи мавҷудот ба Ў ва ба меҳрубонии Ў эҳтиёҷ дорад, онҳо наметавонанд бидуни Эҷодкор лаҳзае арзи ҳастӣ намоянд. Парвардигори мо сифатҳои хосси боазамат дорад, ки танҳо худи Ў ба онҳо сазовор аст. Сифатҳои Аллоҳ ﷻ абадӣ буда, онҳо ба чизе монанд нестанд. Кофирон ба Аллоҳ ﷻ нуқсу норасоиро нисбат медиҳанд. Аллоҳ ﷻ нуқсу норасоӣ надорад. Барои он ки мо соҳиби имон ҳақиқӣ шавем, воҷиб ва зарур аст, ки сифатҳои Ўро саҳеҳ биомўзем ва ба онҳо бовар намоем.

Сифатҳои Аллоҳ ﷻ

Ҳар мусалмон бояд чаҳордаҳ сифати Аллоҳ ﷻ донад зеро ки муътақид будан ба онҳо аз бисёр ҷиҳат имони инсонро муайян мекунад. Ин сифатҳои Аллоҳ ﷻ дар Қуръони карим айнан, ё аз рўи маъно ёдрас карда мешаванд. Ба ин чаҳордаҳ сифат шаш сифати “Зотӣ” ва ҳашт сифати “Субутӣ” мансубанд.

Сифатҳои “Зотӣ”.

1. Ал-Вуҷуд: -Маънои мавҷуд будани Аллоҳ ﷻ дорад. Набудани Ў ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин нест. Мисли он ки мактуб бе мактуб навис буда наметавонад ва манзил бидуни манзилсоз сохта намешавад. Ҳамин тавр, мавҷудияти ин оламро наметавон бидуни он, ки онро кӣ сохтааст, тассавур намуд. Номи Ў – Аллоҳ ﷻ аст. Ҳар касе ки мавҷудияти Офаридгорро эътироф намекунад, мушрик аст.

2.Ал-Қидам: -Маънои беибтидо вуҷуд доштанро дорад. Аллоҳ ﷻ мавҷуд буд ва ҳеҷ набуд ба ғайри Ў, Ҳамаи чизе ки мавҷуд буд, ғайри Аллоҳ ﷻ (вақт, ҷой, зуҳурот ва ғ). ибтидо доранд, аз ин далел офарида ҳисобида мешаванд.

3.Ал-Бақо: -Маънои беинтиҳо мавҷуд буданро дорад. Дар вуҷуд доштани Аллоҳ ﷻ интиҳо нест. Ҳамаи офариниш (ба ғайри баъзе офаридаҳо) интиҳо доранд. Мавҷудияти Аллоҳ ﷻ абадӣ мебошад.

4.Ал-Ваҳдоният: Ягонагиро ифода мекунад. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ин сифатҳоро, ки мансуби Аллоҳ ﷻ аст, доро нест. Чизе Худоро баробару монанд намебошад.

5.Ал-Мухолифатун ли-лҳаводис: Маънои аз халқшудагон фарқ карданро дорад. Аллоҳ ﷻ ба ҳеҷ чизи офаридаи Худ монанд нест. Ўро дар ҳар гуна нақш тассавур намудан, номумкин аст. Нашояд гуфт, ки Аллоҳ ﷻ “Рўшноист”, “Хиради олист”, “Рўҳи муқаддас”, “Қуввати фавқуллода”, “Мутлақ” ва ғайра аст. Аллоҳ ﷻ Офарандаи рўшноӣ, хирад, рўҳ ва қувва буда, Ў яке аз инҳо нест.

6. Ал-Қиёму би нафсиҳӣ: Маънои худ ба худ вуҷуд доштанро дорад. Аллоҳ ﷻ Худ мавҷуд аст ва Ў ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз эҳтиёҷ надорад. Ҳамаи чизҳои халқшуда, баръакс ба Ў эҳтиёҷ доранд. Вақт ва фазо ҳамчунин офаридаҳои Аллоҳ ﷻ ба ҳисоб мераванд. Мисли он ки Офаридагор ба офариниши худ эҳтиёҷ надорад. Ў на ба вақт ва на ба фазо зарурияте надорад.

Сифатҳои “Субутӣ”

1. Ал-Ҳаёт: Аллоҳ ﷻ абадан зинда аст. Ҳаёти Вай ба ҳаёти мо монанд нест. Мо бо тан ва рўҳ ҳаёт ба сар мебарем. Аллоҳ ﷻ бошад ба ҳеҷ чӣ ва ба ҳеҷ касе эҳтиёҷ надорад. Ҳаёти Аллоҳ ﷻ абадист. Далели қотеонаи ба Аллоҳ ﷻ хос будани ҳаёт, мавҷудияти олам мебошад.

2. Ал-Илм: Аллоҳ ﷻ Донандаи ҳама чиз аст. Ў ҳамаро медонад, чӣ буд, чӣ ҳаст, чӣ мешавад. Ў ҳамаро медонад, чӣ махфӣ, чӣ ошкоро ва он чӣ дар дил панаҳ карда шудааст. Илми Ў абадист, вай тағйир намеёбад, каму зиёд намегардад.

3. Ас-Самиъ: Аллоҳ ﷻ ҳамаро мешунавад. Аллоҳ ﷻ мутлақо ҳама чизро мешунавад. Шунавоии Аллоҳ ﷻ аз шунавоии мо аълотар аст. Барои он, ки Аллоҳ ﷻ шунавад, Ў ба узвҳои шунавоӣ эҳтиёҷ надорад. Шунавоии Аллоҳ ﷻ абадист.

4. Ал-Басир: Аллоҳ ﷻ ҳамаро мебинад. Аллоҳ ﷻ Бинанда аст, вале на чун мо. Барои дидан Аллоҳ ﷻ ба узви биноӣ эҳтиёҷ надорад. Биноии Аллоҳ ﷻ абадист.

5. Ал-Ирода: Иродаи Аллоҳ ﷻ . Аллоҳ ﷻ ҳар кореро кӣ ҳоҳад мекунад. Ҳама ба иродаи Вай мансуб мебошад. Ҳеҷ чиз бе иродаи Вай (тасодуф ё ки зидди иродаи Вай) руй намедиҳад. Чизе ки Аллоҳ ﷻ хоҳад, ҳамон мешавад. Аллоҳ ﷻ некӣ офарид, ки онро меписандад ва инчунин бадӣ офарид, ки онро худ намеписандад. Он касе, ки “некиро аз Аллоҳ ﷻ медонаду “бадӣ”-ро аз шайтон хато мекунад. Зеро ин ки ду “Офаридагор”вуҷуд дошта наметавонад. Аллоҳ ﷻ ба инсон хирад ато намуд ва ба вай ҳуқуқи интихобро миёни некӣ ва бадӣ дод. Барои таълими одамон дар роҳи ҳақиқат, Аллоҳ ﷻ ба сўи онҳо Паёмбаронро фиристонида, онҳоро муаллим барои таълим ва намуна барои талқин, қарор дод.

6. Ал-Қудрат: Маънои “Тавоно” буданро дорад. Тавоноии Ў абадист. Аллоҳ ﷻ ба ҳама кору амал қодир аст, нест чизе ки он карда натавонад. Бе ин ё он узв ва олоти меҳнат Ў ҳамаро халқ карда аст. Барои Аллоҳ ﷻ офаридани хас ва коинот сабукию заҳмати баробар дорад. Ҳар чи ки Вай хоҳад, ҳамон мешавад ва ин амал якбора анҷом меёбад.

7. Ал-Калом: Нутқи Аллоҳ ﷻ . Нутқи Ў на баҳарф ,на ба овоз, на ба калима,на ба исти байни калимаҳо эҳтиёҷ надорад. Нутқи Аллоҳ ﷻ абадист ва эҷод, ё халқшуда нест.

8. Ат-Таквин: Маънои “офариниш”-ро дорад. Ҳар чизе , ки дар коинот мавҷуд аст, Аллоҳ ﷻ Офарандаи он аст. Агар Ў мавҷудияти ин ё он чизро хоҳад, албатта ҳамон мешавад. Агар Ў хоҳад, ки ҳар чизи мавҷудбуда, нобуд шавад, бе чуну чаро нобуд мешавад.

Имон ба Аллоҳ ﷻ аз ин иборат аст: Аллоҳ ﷻ вуҷуд дорад ва Ў Танҳо аст. Ҳастии Ўро аввалу охир нест. Аллоҳ ﷻ ба он чизе ки офарида аст, монанд нест. Аллоҳ ﷻ худ ба худ вуҷуд дорад. Ў на ба касе, на ба чизе эҳтиёҷ надорад, аммо ҳама ба Ў эҳтиёҷ доранд. Аллоҳ ﷻ абадудаҳр зинда аст. Ў Тавоно, Шунаво ва Биност. Аллоҳ ﷻ он чиро ки хоҳад, ҳамонро мекунад ва касе наметавонад ба Ў халал расонад. Аллоҳ ﷻ дорои қувва ва тавоноии беохир аст. Ў ҳама чизро анҷом дода метавонад. Аллоҳ ﷻ Офарандаи ҳама аст. Ў ҳар чизеро, ки мехоҳад бисозад, аз ҳеҷ чиз месозад. Аллоҳ ﷻ нутқи хос аст. Ҳар касе, ки бо чунин сурат ба Аллоҳ ﷻ имон овардааст, дар миёни офаридаҳои Ў ҷои намоёнро мегирад. Чунин имон дили одамонро аз нияти бад пок сохта, бо фикру ният ва ахлоқи хуб зебу зиннат медиҳад. Инсони чунин имон оварда, ҳатто дар танҳоӣ бадахлоқиро раво намебинад, барои он, ки ў боварӣ дорад, ки Аллоҳ ﷻ ҳамаро мебинад, медонад ва мешунавад. Имон ба Аллоҳ ﷻ сарчашмаи ахлоқу одоб аст.

Асосхои Ислом

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...