Имон ба рўзи охират

Имон ба рўзи охират

Боварӣ ба рўзи Охират ин, яъне бовар намудан ба зинда гардонидани пас аз марг ва ба ҳисоботи дар пеш истода дар назди Аллоҳ ﷻ барои кору амали кардаи худ дар ин дунё мебошад.

Ин боварӣ ба он аст, ки ҳангоми ба Сур дамидани фаришта Исрофил , ҳамаи соҳибони рўҳ мемиранд. Баъд аз охири Дунё якчанд вақт мегузарад ва бо иродаи Аллоҳ ﷻ Исрофил боз дубора “Сур”-ро медамонад. Ҳамаи одамон аз сари нав зинда мегарданд ва дар “Маҳшар” (ҷои ҷамъ омадани одамон дар рўзи Қазо) ҷамъ мешаванд. Дар ин ҷо ҳар кас дар назди Аллоҳ ﷻ аз амалҳои кардаи худ дар Дунё (дунёе, ки мо дар он зиндагӣ дорем) ҳисобот медиҳад. Фариштаҳои Кироман Котибин номаи аъмолро, ки дар он ҳамаи амалҳои неку бади одамон сабт гардидаанд, ба дасти эшон медиҳанд. Ҳар инсон метавонад кирдору амалҳои дар ин ҳаёт кардаашро аз он бихонад. Гуноҳҳони ошкор ва пўшидаи ҳар кас собит гардида, дар тарозуи хеле дақиқ гузошта мешавад.Марҳалаи вақт аз ин лаҳза то ба зинда шудани одамон ва пас аз он ба Ҷаннат даромадани аҳли ҷаннат ва ба Дўзах даромадани аҳли дўзах Рўзи Ҷазо номида мешавад. Вақте, ки пас аз мурдан зинда гардонидан шурўъ мешавад ва беохир идома меёбад, Охират ном дорад.

Марг

Аллоҳ ﷻ инсонро офарид ва ба Ў ﷻ ҳаёт бахшид ва мўҳлати будубоши ўро дар ин Дорулфано пешакӣ муайян намуда аст. Ў ﷻ тақдири ҳар касро муайян кардааст; кай ба Дунё меояд ва чӣ қадар зиндагонӣ мекунад, кай, чӣ гуна ва дар куҷо мемирад. Сабабҳои марг метавонанд мухталиф бошанд, аммо марг ногузир аст. Вақте, ки лаҳзаи муайянкардаи Аллоҳ ﷻ мерасад, ҷон аз тан ҷудо мегардад, ки ин марг аст.

Ҳаёт дар қабр: Вақти пас аз мурдани одам то аз нав зинда шудани Ў ҳаёт дар қабр номида мешавад. Баъди он ки одамро мегўронанд, назди Ў ду фаришта меоянд ва саволҳо медиҳанд: «Рабби ту кист?» Пайғамбари ту кист? Дини ту чист? Ва ғ.». Инро саволу ҷавоб дар қабр меноманд. Ҳар шахси мурда аз ин саволу ҷавоб мегузарад, ҳатто агар он одам сўхта ба як каф хокистар табдил ёфта бошад. Ҳар касе, ки барояш Ҷаннат омода кардаанд, дар гўр, ончунон ки дар остонаи Ҷаннат бошад, ором мегирад; ҳар касе, ки барояш Дўзах омода кардаанд, аллакай дар гўр барояш азоб кашидан оғоз мегардад.

Ҷамъомад (Маҳшар): Баъди он ки фаришта Исрофил , бори нахуст дар Сур медамад, ҳамаи соҳибони рўҳ мемиранд. Ҳеҷ кас ба ғайр аз Аллоҳи ﷻ зинда намемонад. Ҳамин тавр то муддати муайян идома меёбад. Пас аз он Аллоҳ ﷻ фаришта Исрофилро зинда мегардонад. Фаришта Исрофил такроран дар Сур медамад, ҳамаи одамон зинда мешаванд ва барои Ҳисоб дар майдони Маҳшар ҷамъ мешаванд.

Китоби аъмол: Дар майдони Маҳшар ба одамон китобҳое супорида мешавад, ки дар онҳо ҳамаи аъмоли дар ҳаёти заминӣ анҷомдодаи онҳо навишта шудааст. Касоне, ки аҳли Биҳишт мешаванд, китобро ба дасти росташон супорида мешавад, касоне, ки сазовори Дўзаханд, – ба дасти чап.

Ҳисоб: Аллоҳ ﷻ дар як вақт аз ҳама дар бораи ҳаёти заминӣ ҳисобот талаб мекунад. Ва ҳар кас танҳо барои аъмоли худ ҷавоб мегўяд.

Тарозу (Мизон): Дар он корҳои бад ва неки шахс баркашида мешавад. Ҳангоми баркашидани аъмол нисбат ба ҳеҷ кас беадолатӣ зоҳир карда намешавад. Ҳар як амал – нек ва бад баркашида хоҳад шуд. Сипас ҳар як амали нек даҳ миқдор ҳисобида мешаваду ҳар гуноҳ – як миқдор.

Пул (Сирот): Ин роҳе (пуле) аст, ки ҳар шахс аз болои он мегузарад. Ин пул дар болои Дўзах гузошта мешавад. Мусулмонон аз болои ин пул гузашта, ба Биҳишт мерасанд, вале кофирон, мунофиқон ва бутпарастон аз болои он ба дўзах меафтанд. Мушкилоти ин пулро гузаштан ба дараҷаи ибодат ба Аллоҳ ﷻ дар ҳаёти заминӣ вобаста аст.

«Рукнҳои имон»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...