32 фарз

32 фарз

Имон (боварӣ доштан) маънои бо дилу ҷон эътиқод кардан ба ҳамаи он чизест, ки Пайғамбар, аз Худои Таъоло ба мо нақл кардааст; ва ҳамчунин имони худро бо калима шаҳодат додан аст.

Асосҳои имон 6 фарз аст:

1 – Имон доштан ба мавҷудият ва ягонагии Аллоҳ.

2 – Имон доштан ба фариштагоне, ки Аллоҳ офаридааст.

3 – Имон доштан ба китобҳое, ки Аллоҳ нозил кардааст.

4 – Имон овардан ба пайғамбарони Аллоҳ.

5 – Имон доштан ба Рўзи Ҷазо ва зинда шудан баъди марг.

6 – Имон доштан ба қазову қадари нек ва бад.

Асосҳои Ислом 5 фарз аст:

1 – Тасдиқи имон – калимаи шаҳодатро ба забон рондан.

2 – Дар моҳи Рамазон рўза доштан.

3 – Ҳар рўз панҷ вақт намоз гузоридан.

4 – Ҳаҷ кардан, агар фарз шуда бошад.

5 – Ҳар сол закот додани тавонгарон.

Фарзҳои таҳорати хурд (шустушў) – вузў 4 аст:

1 – Рўйро як бор шустан.

2 – Дастонро то оринҷ шустан.

3 – Масҳ кардани чаҳоряк қисми сар.

4 – Шустани пойҳо то шитоланг.

Дар таҳорати калон – ғусл 3 фарз аст:

1 – Мазмаза кардани даҳон.

2 – Об ба бинӣ кашидан.

3 – Шустани тамоми бадан, то дар он ҳеҷ ҷои хушк боқӣ намонад.

Дар таяммум (бо хок пок кардан) 2 фарз аст:

1 – Нияти таяммум кардан.

2 – Ду кафро ба хоки пок зада бо он рўйро масҳ кашидан; баъд такроран зада, бо он дастонро то оринҷ масҳ кашидан.

ар намоз 12 фарз (6-то – берун аз намоз, 6-то – дар намоз) аст:

а) шартҳои намоз (фарзҳои берун аз намоз):

1 – Аз ҳадас пок шудан: ба воситаи вузў, ғусл ё таяммум кардан аз нопокии маънавй – ҳадас пок шудан.

2 – Пок кардан аз наҷас: пок кардани бадан, либос ва ҷои намозгузорӣ аз нопокиҳои табиӣ – наҷасҳо.

3 – Сатри аврат: бо либос пўшонидани шармгоҳи бадан. Аврат барои мардон – қисми бадан аз ноф то қисми поини зону, барои занон – тамоми бадан, ба ғайр аз рўй, панҷаҳои дастону пойҳо аст.

4 – Истиқболи қибла рўй овардан ба Каъба аст.

5 – Вақт – гузоридани ҳар як намоз дар вақти муайяншуда мебошад.

6 – Ният – хоҳишу иродаи дохилӣ доштан барои адои намоз аст.

б) Рукнҳои намоз (фарзҳо дар намоз):

1 – Такбири ифтитоҳ (калиди намоз): оғоз намудани намоз бо такбир, яъне «Аллоҳу Акбар» гуфтан.

2 – Қиём: намозро рост истода гузоридан, агар барои ин монеае набошад.

3 – Қироат: хондани сураҳои Қуръони карим дар намоз.

4 – Рукўъ: хам кардани миён.

5 – Суҷуд: сарро хам карда ба замин расонидан.

6 – Қаъдаи ахир: нишастан ҳангоми қироати дуъои «атТаҳийёт» дар охири намоз.

ПОРАЕ АЗ КИТОБИ

«ТАҲОРАТ ВА НАМОЗ»

Тарҷума ва таҳрири

Файзулло Бобоев

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...