Садақаи ҷория

Садақаи ҷория

Садақаи ҷория

Дар дунёи имрўз мо фарқҳои гуногунеро дар миёни афроди ҷомеа мушоҳида мекунем ва аз ҷумлаи фарқҳои асосӣ ин гуногун будани сатҳи зиндагии иқтисодии онҳо мебошад. Баъзеҳо сарватмандану баъезҳо фақир ва бархе бошад дар сатҳи миёнаи иқтисодӣ зиндагӣ мекунанд. Дар таълимоти Исломӣ ин тафовутҳо ба хубӣ мадди назар қарор дода шуда ва дар ин замина барномаҳои бенуқсоне дар назар гирифта шудааст.

 

Сарватмандон набояд фаромўш кунанд, ки молу маноли онҳо ба хотири лутфу марҳамати Парвардигор аст ва ўст, ки ин имконотро дар ихтиёри онҳо қарор додааст. Пас бояд қадри ин додаҳои илоҳиро бидонанд ва шукрона ба ҷо оваранд ва беҳтарин шукрона он аст, ки аз дастуроти Парвардигор дар ин замина пайравӣ намоянд ва сармояҳову дороиҳои худрро, ки дар ҳақиқат атои ўст дар ҷои муносиб истифода намоянд.

Гоҳе чунин пиндошта мешавад, ки гўё диндорӣ бо сарватмандию дунёдорӣ мухолиф аст ва диндорон одатан дар фақру камбағалӣ ба сар мебаранду дар муқобил шахсони сарватманду дунёдор чандон диндор нестанд. Ин дидгоҳи дурусте нест, зеро Худованд тамоми ҳастиро барои он офаридааст, ки инсон аз он дар зиндагии худ баҳраманд гардад. Яъне инсон бояд аз тамоми неъматҳои офаридаи Худо барои як зиндагии хубу гуворо доштан истифода намояд ва фақат бидонад, ки бояд аз соҳиби аслии ин неъматҳо яъне Худои меҳрубон ғофил намонад. Мавлоно ҷалолуддини Балхӣ дар ин маврид фармудааст:

Чист дунё? Аз Худо ғофил шудан,

Не қумошу хонаву фарзанду зан.

Дар қуръони карим омадааст: «Парвардигоро ба мо некўии дунё ва охиратро ато фармо» (сураи Бақара ояти 201) Ин худ гувоҳи он аст, ки мўъминони воқеӣ ҳам аз некиҳои дунё ва ҳам аз некиҳои охират баҳраманд мешаванд ва инсонҳое ҳастанд, ки дунёю охирати худро обод мекунанд. Донишмандони Ислом мусалмони комилро ба паррандае, ки ду боли солим дорад ва баланд парвоз мекунад, ташбеҳ медиҳанд ва мусулмони комил ҳамое аст, ки ҳам дину ҳам дунёи худро обод мекунад. Расули Худо ﷺ мефармоянд: «ин дунё ҷойи ободии охират аст». Воқеан ҳам ҳар инсоне дар ин дунё накукору ободкор бошад, қабру қиёмату ҷаннаташ нурафшону обод мебошад.

Худованд дар баробари неъматҳое, ки ба мо ато намудааст масъулиятҳоеро ҳам бар дўши мо ниҳодааст ва мусулмони ҳақиқӣ касе аст, ки масъулиятҳои муайяннамудаи Парвардигорро иҷро намояд. Маълум аст, ки ҳар неъмате ба таври худаш масъулият дорад ва неъмати сарватмандию дороӣ низ масъулияти хоси худро дорад. Масъулияти як шахси сарватманд пардохт намудани он ўҳдадориҳои пулию молие аст, ки дар шариат муқаррар гардидааст ва ҳамчунин таваҷҷўҳ доштан ба аҳволи атрофиёни худ аст, ки нисбатан фақиру эҳтиёҷманд ҳастанд. Умуман масъулияти сарвату сармоя иборат аст аз садақа додан ва дасти ниёзмандонро гирифтан.

Садақаҳои гуногуне дар шариати Исломӣ зикр шудаас, ки яке аз беҳтарини онҳо садақаи ҷория мебошад. қабл аз ҳама бояд бидонем, ки садақа додани як сарватманд ба маънои коҳиш ёфтани сармояҳои ў нест. Агар зоҳири ин корро назар кунем шояд чунин ба назар биёяд, вале ҳақиқати амр чизи дигар аст. Дар қуръони карим Худованд маҳз барои садақа ваъдаҳои фаровоне додааст. Аз ҷумла мефармояд: «ҳар касе як эҳсон намояд барои ў даҳ баробар подош хоҳад буд…» (сураи Анъом ояти 160 ) ва низ мефармояд: «Худованд (суду фоидаи) риборо аз байн мебарад ва моли садақадодашударо афзоиш ва баракат медиҳад…» (сураи Бақара ояти 276).

Пас агар дуруст назар кунем дар ҳақиқат ин як навъ муомилаи судманд барои худи сарватманди садақадиҳанда мебошад. Зеро ў ҳам ризои Худовандро ба даст меорад ва ҳам сабаби афзоиши сармоя ва амволи худ мегардад.

Масъалаи ин ки садақа чӣ фоидаҳои иҷтимоие ҳам барои фақирон ва ҳам барои худи садақадиҳанда дорад масъалаи густардае аст, ки бояд ба он таваҷҷўҳи хос зоҳир намоем. Дар ин ҷо фақат ба ҳамин нукта ишора мекунем, ки садақа додан дар ҳақиқат амнияти ҷомеа ва алалхусус амнияти сарватмандонро ҳифз менамояд. Яъне мардуми камбизоат бо дидани хайроти сарватмандон ва дилсўзию ғамхории онҳо ба қишрҳои камбағал, нисбати онҳо некбин ва хайрхоҳу дуогў мешаванд. Ин омил боис мегардад норизогиҳое, ки дар ҷомеа ба хотири вазъи номуносиби камбағалон падид меёянд, пешгирӣ шаванд. Ҳамчунин бадхоҳон ва тамаъҷўёну муфтхўрон аз тарси мардум нисбати сарватмандоне, ки мардум ба онҳо муҳаббат доранд дастдарозӣ карда наметавонанд. Зеро пуштибони ин сарватмандони саховатпеша мардуми одию вафодор хоҳанд буд. Ин ду нуктаи кўтоҳ метавонад фоидаҳои иҷтимоии садақаро нисбати худи садақадиҳандагон нишон диҳад.

Аммо масъалаи закот ва дигар намудҳои ўҳдадориҳои фарзшуда аз тарафи шариат барои ҳар мусулмоне маълум аст ва аҳкоми онҳо мушаххас шудааст. Мақсади мо дар ин навиштаҳо нишон додани симои садақаи ҷория аст, ки одатан аз ҳисоби садақаҳои ғайрифарзӣ мебошад.

Агар бихоҳем садақаи ҷорияро таъриф намоем метавонем чунин бигўем: «Садақаи ҷория чизе аст, ки аз садақадиҳанда ба ёдгор мемонад ва фоидаи он муддатҳои тўлонӣ ҳатто баъд аз даргузашти соҳибаш ба ҷомеа мерасад». Пас маълум мешавад, ки садақаи ҷория як чизи мондагор ва фоидаовар барои мардум мебошад.

 

Аммо чӣ чизҳое садақаи ҷория ҳастанд?

Дар аҳодиси Паёмбар ﷺ чизҳои гуногуне садақаи ҷория ба шумор оварда шудааст. Аз ҷумла фарзанди солеҳ, боғ, пул, чоҳи об, масҷид, мактубу мадраса, роҳ, ҳамом ва ғайра. Агар ба ҳар кадом аз ин чизҳо назар кунем, дар ҷои худ ва дар мавриди муайяне ба муддати мушаххасе барои ҷомеа ва мардум фоидаовар мебошанд. Пас метавонем чунин натиҷа бигирем, ки дар ин миён ҳар чизе, ки фоидааш барои мардум ва ҷомеа бештар ва замони фоидарасониаш зиёдтар бошад, садақаи ҷорияи хубтар хоҳад буд.

Ба ҳамин хотир садақаи ҷория аз назари ниёзмандии мардум ва ҷомеа ҳам бояд ба талаботи замон ва макон мувофиқ бошад.

Гоҳе шояд эҷод кардани боғе фоидаовар бошад, гоҳе ҳам шояд сохтани роҳе ва гоҳе бошад сохтани мактаб ё бемористоне. Яъне мебинем, ки имрўз ҷомеаи мо ба чӣ ниёз дорад ва мардум аз чӣ чизе танқиси мекашанд, дар ҳамон ҷиҳат амал мекунем ва ҳамон ниёзмандӣ ва танқисиро бартараф мекунем. Ин аст ҳақиқати садақаи ҷория ва ҳадафи он. Савоб ва подоше, ки барои садақаи ҷория дар назар гирифта шудааст бисёр бузург ва муҳим аст.

Агар мехоҳем чизи хубе аз мо боқӣ бимонад бояд онро ба «ваҷҳуллоҳ» - яъне Зоти поки Парвардигор пайванд бидиҳем. Яъне ҳар коре ки мекунем холисона аз барои Ў бошад, он вақт мондагор хоҳад шуд. Дар натиҷа савобу подоше, ки ба мо мерасад бардавом ва фаровон хоҳад буд.

 Дар айни ҳоле ки садақаи ҷория коре аст барои осоиши ҳамаи мардум ва барои ободии ҷомеа аст, аммо агар дуруст бингарем барои бисёриҳо сабаби наҷот аст. Зеро ниёзҳои мардум ва ҷомеа барои сарватмандони саховатманд, ки тавони бартараф намудани ин камбудиҳову ниёзҳоро доранд фурсати бисёр хубе аст то ҳам дунё ва ҳам охирати худро обод кунанд ва наҷоту оқибати некўи охиратро ба даст оваранд.

Умедворам Худованд ба мо тавфиқ диҳад, ки муҳаббати мардум ва хайрхоҳӣ нисбат ба онҳоро дар дил дошта бошем ва тавони гиреҳкушоӣ аз кори онҳоро ба мо ато намояд.

 

“Шуроиуламо”

 

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Шириние, ки шифо мебахшад

Набот яке аз шириниҳои маъруфи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Он шакли булӯрӣ дошта, аз қиёми шакар омода мешавад. Набот на танҳо ҳамчун ширинии болаззат, балки як воситаи табобатӣ дар тиби мардумӣ аз қадим истифода мешавад. Набот танҳо ширинии одӣ нест, он хусусияти шифобахшӣ...


Русия назорати муҳоҷиронро сахттар мекунад

Ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки асосҳо барои рад кардани иҷозатномаи кор ё патент барои муҳоҷирон бештар карда шаванд. Лоиҳаи қонун, ки дар сомонаи Думаи давлатӣ нашр шудааст, пешниҳод мекунад, ки мақомоти андоз ба таври худкор (автоматӣ) маълумот дар бораи даромади шаҳрвандони...


Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо тоҷикони бурунмарзӣ дар Қазон

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия бо роҳбарону намояндагони диаспораи тоҷик, соҳибкорон ва ҳамватаноне, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи...


Тақвими ду даври аввали бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олиро тасдиқ кард.   Мавсими 35-уми Чемпионати Тоҷикистон рӯзи 6-уми март оғоз мешавад. Мавсими нави Лигаи олӣ дар ду марҳила бо ширкати 12 даста баргузор мешавад. Дар маҷмуъ ҳар як даста 22 бозӣ анҷом...


Саволу ҷавоб

Ҷумлаи “Астағфируллоҳа ва атубу илайҳ” чӣ маъно дорад? Бародари азиз, маънои ин ҷумла чунин аст: Аз Худованд (барои гуноҳонам) омурзиш мехоҳам ва ба сўи Ў тавба мекунам. Ин ҷумларо баъди намози Бомдод ва баъди намози Аср сад бори такрор кунед савоби беканор дорад. Шахсе, ки дар ватан...