Рӯза, ё рӯзадорӣ ба 5 навъ тақсим мешавад

Рӯза, ё рӯзадорӣ ба 5 навъ тақсим мешавад

Хонандаи азиз! Муъмин, яъне инсони диндор ин 5 ҳолати муҳим, яъне ҳатмӣ (фарз), зарурӣ (воҷиб), карда (суннат), писанддида (мустаҳаб) ва нопок (ҳаром)- ро иҷро бояд кард. Мақсад аз тарҷумаи ин истилоҳи арабаӣ дар он аст, ки баробари такрори ин калимаҳои арабӣ мазмуни тоҷикии онро низ фаҳмидан ҳатмист, ки дар боби рӯзадорӣ сухан дар бораи чӣ меравад.

Барои хонандаи ҳушамнди моҳномаи “Бо дурад” ҳаминро ишора карданием, ки замони тарҷумаи калимаҳо аввал фаҳмиш ба забони тоҷикӣ, баъд дохили ду қавс калимаи хориҷӣ, дар ин маврид бисёртар вожаҳои забони арабӣ дар назар аст, ки дар ҷумлаҳо хоҳед дид.

1. Фарз. Калимаи арабӣ буда, ба тоҷикӣ фармудаи ҳатмии Худо дар дини ислом мебошад, ки дар моҳи шарифи Рамазон рӯзадор будан ҳатмист.

2. Воҷиб. Аз калимаи арабӣ буда, ба тоҷикӣ бисёр лозим, зарур(ӣ), яъне фармон, ҳукм, супориш (амр)-е, ки бо ҷой овардани он хеле даркор (зарур) аст. Ба он маъност, ки рӯзаи суннати шикастаро қазой гирифтан лозим (зарур) аст.

3. Суннат. Вожаи арабии маънои тоҷикии роҳ, равиш, ё одатро мефаҳмонад. Дар олами ислом суннат кардаи паёмбари Худоро e дар назар доранд, ки барои мусалмон эҳтироми бузург дорад. Масалан рӯзадор будан дар моҳи Муҳуррам рӯзи 9, ва 10-ум, ё 10, ва 11.

4. Мустаҳаб. Боз ҳам аз калимаи арабӣ буда, тоҷикии дӯст дошташуда, некӯ, писандида, ё қабулшударо мефаҳмонад. Се рӯз аз ҳар моҳ, рӯзҳои 13, 14, 15 аз ҳар моҳ тибқи тақвими қамарӣ, рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе дар ҳар ҳафта, шаш рӯз аз моҳи Шаввол, рӯза гирифтан дар рӯзи Арафа, аммо на ба ҳоҷие, ки дар Ҳаҷ аст.

5. Ҳаром. Аз вожаи хеле маъмули арабӣ буда, тоҷикии чизу кори манъ кардашуда, нораво, ношойиста, ғайри қонунӣ (аз рӯйи шариат), ё муқобили ҳалол, яъне нопок шуморида мешавад. Дар рӯзи иди Фитр, иди Қурбон ва дар рӯзҳои Ташриқ рӯзадор будан манъ аст.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...