Гўшти ҳалол ва ҳаром

Гўшти ҳалол ва ҳаром

Гўшти ҳайвоноти хонагӣ ва паррандаҳои хонагӣ иҷозат дода шудааст. Ё худ гўшти ин ҷонварон барои мусалмонон ҳалол мебошанд. Барои мусалмонон гўшти ин ҷонварон: гов, говмеш, шутур, асп, гўсфанд, буз, мурғ, товус, кафтар, харгуш, мурғобӣ ҳалол ҳисобида мешаванд.

Истеъмоли малах низ иҷозат дода шудааст. Ҳамаи моҳиҳо ҳалол дониста мешаванд. Бо вуҷуди ин бояд қайд намуд, ки дар масъалаи истеъмоли гўшти асп фикри олими бузург имом Абўҳанифа низ мавҷуд аст, ки истеъмоли гўшти аспро бо кароҳият мепазирад. Фикри мазкур бо он асоснок шудааст, ки аспҳоро пештар дар амалиёти ҷангӣ ба сифати василаи ҳамлу нақл истифода мекарданд. Барои он ки гўшти ҳайвон ва паррандаҳои дар боло номбаргардида ҳалол гарданд, донистани қоидаҳои забҳ ҳатмӣ мебошад.

Аввалан ин қоида аз буридани раги вариди гардан, сурхрўда, роҳи нафас бо ёд овардани номи Аллоҳ ﷻ (“Бисмиллоҳи, Аллоҳу Акбар”) иборат мебошад. Одами сари молро буранда бояд, ки мусалмон ва ё аз аҳли Китоб (яъне насронӣ, ё яҳудӣ) буда, ақли солим дошта бошад. Истифодаи гўшти ҳайвонҳои даррандаи дандони ашк дошта ва лошахурон барои ғизо қатъиян манъ карда мешавад. Ба ин гурўҳ дохил мешаванд; шерҳо, палангон, гургҳо, шағолҳо, юзҳо, рўбоҳҳо, самурҳо, хирсҳо, сагон, калтакалосҳо ва ғайра. Истеъмоли гўшти ҳайвоноти алафхўри ваҳшӣ (ғизол, гавазн, гови ваҳшӣ, харгўш ва ғ). дар ҳолати риояи қоидаҳои забҳ ҳалол мебошанд. Дар ҳолати шикор бо яроқи оташфишон ёд овардани номи Аллоҳ ﷻ (“Бисмиллоҳи, Аллоҳу Акбар”) дар вақти тир паррондан ҳатмӣ мебошад. Агар сайд танҳо ҷароҳат бардошта, афтода бошад, шикорчӣ бояд бо василаи корд маросими забҳро ба анҷом бирасонад. Гўшти хар, хачир, гурба, санҷоб, паррандаҳои дарранда (уқоб, шоҳин, каргаси сиёҳ, заған, калхот, зоғ) ва мўшҳои паррон низ ҳаром мебошанд. Истеъмоли гўшти хук барои мусалмонон қатъиян манъ карда шудааст.

Гўшти ҳайвонот ва ҳашароте, ки танаффур ва кароҳатро пайдо мекунонанд, масалан; мушҳо қурбоққаҳо, морон, пашша, қундузҳо шапаракҳо ва каждумҳо истеъмолашон ҳаром мебошад. Ба ғайр аз инҳо гўшти ҳайвоноти баҳрӣ (ба ғайр аз моҳиён) ҳаштпоҳо, моллиюскҳо, харчангҳо ва ғ. низ ҳаром дониста мешаванд. Ҳайвоноти хазанда ба монанди сангпўшт ва тимсоҳ барои мусалмонон ҳаром мебошанд.

(«Фиқҳ Ислом»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...