Фазилати Иди Қурбон

Фазилати Иди Қурбон

Азизон ва хонандагони арҷманд. Имрӯз ки мо дар омад омади Иди Курбон қарор дорем ва мо бояд фазилати ин Иди муборакро донем.

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон. Ҳамду сано Худовандро ва дуруду салом ба Паёмбари гиромӣ ﷺ ва хонадону ёронаш бод.

 

Иди Қурбон рўзи шод намудани фақирону камбизоатон ва ятимон тавассути саховатмандони доро мебошад, бинобар ин, онҳое, ки қудрати куштани як моли ҳалолро доранд, бояд аз ҳоли наздикони худ, фақирону ятимон ва камбизоатону нодорон бохабар шаванд, зеро ин рўзи дўстиву муҳаббату бародарист.

Қурбонӣ яке аз амалҳои беҳтарин ва бузургтарин назди Худованд маҳсуб гардида, дар бобати фазилатҳои Қурбонӣ кардан ҳадисҳои зиёде мавҷудан ва дар ҳадисе Расули акрам ﷺ чунин фармудаанд: «Беҳтарин ва писандидатарин амали инсон рўзи иди Қурбон аз дидгоҳи Худованд, ин забҳ ва рехтани хуни ҳайвони қурбонишаванда аст. Дар рўзи қиёмат ҳайвони забҳшуда бо шохҳо, сумҳо ва мўйҳои худ ҳозир мешавад (яъне дар баробари ҳамаи инҳо ба шахси қурбонӣ карда подош дода мешавад). Пеш аз рехтани хуни ҳайвони қурбонӣ ба замин, Худованд гуноҳҳои қурбоникунандаро афв намуда, қурбониашро ба даргоҳаш қабул менамояд, пас бо забҳи ҳайвони қурбонишаванда худатонро хушҳол кунед» (Ибни Моҷа ва Тирмизӣ).

 

Сарчашмаи Иди Қурбон

Вақте Ҳазрати Иброҳим ҷавон буду дар Бобули Ироқ зиндагонӣ мекард, бо фармони Худованд аз Бобул ба Фаластин ҳиҷрат намуд. Вақте дар Фаластин аз ҳамсараш Соро фарзанддор нашуд, ў бо Ҳоҷар издивоҷ кард ва аз ў фарзанде ба номи Исмоил ба дунё омад. Дуюмбора фармони Худованд шуд, ки бо ҳамсараш Ҳоҷар ва писараш Исмоил ба Маккаи мукаррама, ки он замон як ҷазираи бе обу гиёҳ буд сафар кунад ва он ҷойро макони зист ихтиёр намояд. Ҳазрати Иброҳим дар 12 солагии Исмоил боз як бори дигар мавриди имтиҳони Худованд қарор гирифт. Он рўз (даҳуми моҳи Зулҳиҷҷа) аз Худованд амри қурбонӣ кардани фарзандаш Исмоил нозил шуд. Иброҳим бо фарзандаш Исмоил машварат намуда, ба қурбонгоҳ барои қурбонии фарзандаш рафт. Вале ҳангоми дами кордро ба гулўи Исмоил гузоштан, он гулўи фарзандашро набурид ва Ҳазрати Иброҳим кордро ба санг зад. Санг ду пора гашт. Ҳамин лаҳза Ҳазрати Ҷабраил ба фармони Худованд гўсфандеро, бо мақсади иваз бо Исмоил , ба замин фуруд овард ва Иброҳим онро ба ҷои фарзандаш қурбонӣ намуду қурбониаш қабул гашт. Ба ҳамин хотир мусулмонон дар рўзи иди Қурбон чорвоеро дар роҳи Худованд қурбонӣ мекунанд. Иди Қурбон бо аҳкоми ба худ хос, ки иборат аз қурбонӣ намудан гуфтани такбири ташриқ баъди намозҳои фарзӣ аз иди фитр (Рамазон) фарқ мекунад. Дар арафаи иди Қурбон тамоми зоирон аз ҳама гўшаву канори олам, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Маккаву Мадинаи Арабистони Саудӣ сафар намуда пас аз Арафот (нуҳуми Зулҳиҷҷа) ва шабгузаронӣ дар Муздалифа идро дар Мино (даҳуми Зулҳиҷҷа) ҷашн гирифта, се рўз дар Ҷамарот шайтонро санг мезананд.

Вақте Худованд ба Расули акрам ﷺ ҳавзи Кавсарро ато кард, Ўро ﷺ ба ду некӣ ҳидоят дод, ки яке аз он намоз ва дуюми қурбонӣ буд.

«Пас барои Парвардигори худ намоз гузор ва қурбонӣ кун!...» (сураи Кавсар, ояти 2).

Аз Зайд ибни Арқам ривояте аст, ки асҳоби Пайғамбари Худо ﷺ аз Ў ﷺ пурсиданд: «Ё Расулаллоҳ ﷺ, ин қурбониҳо чист» Фармуданд: «Суннати падари шумо Иброҳим аст». Гуфтанд: «Пас чӣ суде барои мо дорад» Фармуданд: «Дар баробари ҳар тори пашм ва мўи он як ҳасана (некӣ) барои шумо (ба қурбоникунанда) дода мешавад» (Ҳоким ва Ибни Моҷа).

 

Вақти адои қурбонӣ

Адо кардани қурбонӣ бояд пас аз адои намози ид то намози шоми рўзи сеюми ид ба ҷо оварда шавад: Пайғамбари Худо ﷺ фармуданд: «ҳар касе мисли мо намоз бихонад ва баъд аз намоз мисли мо қурбонӣ кунад, қурбониаш баҷо мебошад ва ҳар касе, ки қабл аз намоз забҳ кунад аз ў пазируфта нест» (Бухорӣ).

Мустаҳабаст тақсим кардани гўшти қурбонӣ ба 3 қисм: як ҳисса барои аъзои хонавода, як ҳисса барои садақа ва ҳиссаи сеюмаш барои ҳадя.

Аз Абдулло ибни Умар (раз.) чунин омадааст: «Баъди ҳиҷрат намудан Пайғамбар ﷺ аз Макка) ҳудуди 10 сол дар Мадина ҳаёт ба сар бурданд ва дар ин муддат ҳар сол қурбонӣ мекарданд» (Тирмизӣ).

 

Қурбонӣ ба ки воҷиб аст?

Қурбонӣ ба ҳар шахси мусулмони оқил, болиғ ва муқим воҷиб мешавад. Ҳар гоҳ он қадар сарват дошта бошад, ки закот бар ў воҷиб шавад, фарқе надорад, ки он сарват пули нақд бошад ё зару зевар, ё моли тиҷорат, ё макони зиёдатӣ, ки дар он зиндагӣ намекунад. Қурбонӣ аз ҷумлаи он ибодатҳоест, ки дар рўзҳои муайян адо карда мешавад. Яъне рўзҳои анҷоми ин ибодат 10,11 ва 12-уми моҳи Зулҳиҷҷа буда, ба ғайр аз ин айём адо намегардад.

 

Ҷонвароне барои қурбонӣ

Ҷонвароне, ки бо забҳи онҳо қурбонӣ дуруст мешавад, буз ва гўсфанд аз тарафи як нафар, гов ва шутур аз ҷониби то ҳафт нафар, ба шарте ки ҳама ба нияти қурбонӣ ва ризои Худо бошанд. Сину соли ҷонвари қурбонӣ низ аз ҷониби шариат ба назар гирифта шудааст. Масалан,буз ва гўсфанд ҳар навъе, ки бошад, яксола будани он лозим аст ва агар гўсфанде, ки аз шашмоҳа боло бошад, вале бо сабаби фарбеҳӣ ба яксола монанд бошад, қурбонии он дуруст аст. Гов дусола ва шутур бояд панҷсола бошад.

Инчунин шариат солим будани молро аз ҳама айб зарурӣ донистааст, агар моли қурбонӣ якчашма ё тамоман кўр бошад, қурбонӣ дуруст нест. Шохи мол аз бехаш шикаста бошад, қурбонии он дуруст нест, аммо аз пайдоиш шох надошта бошад ва ё шохаш на аз бех шикаста бошад, қурбонӣ намудани он дуруст мегардад.

Илоҳо, ҳамаи муьминонро тавфиқи қурбонӣ кардан арзонӣ дошта, қурбонии бандагони заифу оҷизро ба даргоҳи худ қабул фармоӣ. Омин! («Фатвои ҳиндия, Баҳрур-роиқ»).

 

 

Муҳаммадфарух Азимов

2026-08-01 (Сафари соли 1448) №8.


7 маслиҳати муфид ба ҷавонон дар боби интихоби арӯс

Ҳар як ҷавонмард мехоҳад бо духтари покдомон ва ҳунарманде оила барпо намояд, ки як умр ҳамсафари вафодори ҳаёташ гардад ва дар тамоми пастию баландиҳои зиндагӣ ӯро ҳамдаму ҳамроз ва ғамхору меҳрубон бошад. Ба хотири кумак ба ҷавонон дар интихоби дурусти арӯс мо чанд маслиҳати муфиди психологиро...


Дар Шаҳристон комплекси сайёҳӣ бунёд мешавад

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон – эко резорт шинос шуд.   Ин иншооти сайёҳӣ аз чор марҳилаи сохтмонӣ иборат аст ва то ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон бунёд...


Шарм аз гӯшаи имон аст

Бидон, ки аз шартҳои муридӣ пайваста оташдон будани ботини ӯст. Фузайли Иёз (қдс) гуфт: «Панҷ чиз аз нишонаҳои бадбахтӣ аст: сангдилӣ, хушкии чашмон, бешармӣ, рағбат ба дунё ва орзуи дурудароз».   Ва ҳам гуфтаанд, ки чун ҳайбат ва шарм аз банда бирафт, дар вай хайре боқӣ...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...


Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ: Бисёр чизро метавон иваз кард, аммо Ватанро ҳаргиз!

Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ бо ҷиу-ҷитсу Тоҷикистон дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад   Моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи бонуфузи Abu Dhabi Grand Slam аз рӯи ҷиу-ҷитсу баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгари 20-сола Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ (вазни то 77 кг), ки дар...