Фазилати иди Қурбон

Фазилати иди Қурбон

Ҳамду сано Худованди якторо, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду саломи бепоён бар ҳазрати Муҳаммади Мустафо ﷺ ва ҳамаи хонадони поку ёрону пайравонаш бод!

 

Бояд донист, ки ибодатҳое, ки дини мубини ислом ба бандагони Худо муқаррар кардааст, баданӣ ва молӣ ҳастанд. Намозу рўза ибодати баданӣ ва ҳаҷ ибодати баданӣ ва молӣ аст. Қурбонӣ низ яке аз ибодатҳои молӣ ба шумор меравад. Худованд дар Қуръон мефармояд: «Пас намоз гузор барои ризои Парвардигори худ ва ба номи Ў қурбонӣ кун». («Кавсар»; 2)

Чун қурбонӣ ибодати молист, дар дини ислом ҷойгоҳи хосса дорад. Қурбонӣ яке аз шиорҳои ислом аст, ба он хотир ки мутобиқи суннати Иброҳим ҷонвареро сидқан барои ризои Худо забҳ менамоянд. Аз ҳазрати Оиша d ривоят аст, ки Пайғамбар ﷺ фармудаанд: «Ҳеҷ амали фарзанди Одам дар рўзи наҳр дар пешгоҳи Худованд аз қурбонӣ кардан маҳбубтар нест. Чорвои қурбонишуда рўзи қиёмат бо шоху мўй ва тамоми аҷзояш дар тарозуи аъмол вазн мешавад. Хуне, ки аз забҳи чорвои қурбонӣ мерезад, ҳанўз ба замин нарасида савобаш назди Худованд навишта мешавад, пас ба хушҳолӣ қурбонӣ кунед». (Тирмизӣ)

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар мефармояд: «Пайғамбари Ислом ﷺ баъди ҳиҷрати худ аз Маккаи мукаррама то муддати даҳ сол дар Мадинаи мунаввара зиндагӣ ба сар бурданд ва дар ин муддат ҳар сол қурбонӣ мекарданд».

Қурбонӣ мувофиқи мазҳаби Имоми Аъзам g амали воҷиб аст. Он барои шахсоне воҷиб аст, ки соҳиби нисоби закот бошанд. Яъне касоне, ки ғайр аз ниёзҳои зарурии худ боз соҳиби 618 000 рубл бошанд, фарқе надорад, ки ашхоси сарватманд шаҳрӣ бошанд ё рустоӣ. Дар тамоми шартҳои боло зану мард баробаранд.

Мавсими қурбонӣ дар рўзҳои 10-ум, 11-ум ва 12-уми моҳи зулҳиҷҷа аст, ки имсол ба рўзҳои 7-ум, 8-ум ва 9-юми июн баробар мешавад. Агар дар ин айём рўзона қурбонӣ кардан имкон набошад, пас дар шабҳои ин муддат қурбонӣ кардан ҷоиз аст, вале рўзона забҳ кардан афзалтар аст. Агар нафаре аз сабаби ғафлат дар ин рўзҳо қурбонӣ накард, бояд арзиши моли қурбониро ба муҳтоҷон, камбизоатону бесарпарастон садақа намояд.

Агар дар як хона чанд бародар якҷо зиндагӣ кунанд ва ҳамаашон соҳибнисоб бошанд, бояд ҳамагӣ қурбонӣ кунанд. Ҳамчунон ки бар марди сарватманд қурбонӣ воҷиб мешавад, бар зани сарватманд низ қурбонӣ воҷиб аст. Агар падару модар соҳибнисоб бошанду қурбонӣ кунанд ва фарзандашон низ соҳибнисоб буда, ҳама дар як хона бошанд, аз зиммаи фарзанд қурбонӣ соқит намешавад, бояд ҳамагӣ қурбонӣ кунанд.

Бархе аз мардум фикр мекунанд, ки агар як сол қурбонӣ кунанд, ҳар сол қурбонӣ кардан ба онҳо воҷиб мегардад, агарчи қудрат надошта бошанд. Ин андеша ғалат аст ва асоси шаръӣ надорад, зеро шарти воҷибшавии қурбонӣ сарватманд будан аст.

Қурбонӣ танҳо аз чорвоёни хонагӣ, яъне шутур, гов, говмеш ва бузу гўсфанд дуруст мешавад, хоҳ нар бошад, хоҳ мода. Забҳ кардани ҳайвони ваҳшӣ ва нодир барои қурбонӣ ҷоиз нест.

Моли қурбонӣ бояд солим, фарбеҳ ва бенуқсон бошад. Бузу гўсфанд бояд аз яксола боло бошад, вале агар гўсфанд аз 6-моҳа боло буда, чунон солиму фарбеҳ бошад, ки монанди яксола ба назар намояд, қурбонӣ кардани он ҷоиз мегардад. Гов бояд аз дусола ва шутур аз панҷсола боло бошад. Шир ё пашми моли қурбониро гирифтан ва фурўхтан ҷоиз нест. Агар касе чунин кард, бояд ба миқдори арзиши он садақа кунад.

Агар ҳайвон хилқатан шох надошта бошад, забҳи он барои қурбонӣ ҷоиз аст. Агар як қисмати шохи ҳайвон шикаста ё қатъшуда бошад, забҳи он низ дуруст аст. Аммо агар ҷойи шикасти он аз бехи шох бошад, қурбонӣ кардани он дуруст нест.

Ҳамчунин агар ҳарду чашми ҳайвон ё як чашми он нобино бошад, ё бағоят лоғар ё дандонҳояш шикаста, ё гўш ва ё думаш қатъ шуда бошад, забҳи он ҷоиз нест. Аммо агар аз се ду ҳиссаи гўши ҳайвон боқӣ монда бошад, забҳи он ҷоиз мебошад.

Гўшти қурбониеро, ки чанд нафар дар гову шутур якҷоя шариканд, бояд одилона ва бо тарозу тақсим намоянд, зеро тахминӣ тақсим намудан ҷоиз нест. Пўст, каллаву почаи моли қурбониро метавонад худ истифода кунад ё ба камбизоатон бидиҳад, аммо барои қурбоникунанда фурухтанаш ҷоиз нест.

Барои қурбоникунанда ҷоиз аст, ки аз гўшти қурбонии худ бихўрад. Ҳамчунин барои ў ҷоиз аст, ки аз гўшти қурбонӣ ба фақирону камбизоатон таом бидиҳад. Агар тамоми гўшти қурбониро барои хонаводаи худ захира кунад, ҷоиз аст. Мустаҳаб аст, ки гўшти қурбониро ба се ҳисса тақсим намуда, як ҳиссаи онро ҳамчун хомталош садақа диҳад, як ҳиссаи дигарро барои хонаводаи худ захира кунад ва як ҳиссаи боқимондаро ба наздикону дўстонаш бифиристад.

Тибқи дастуроти шариати ислом ва фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ қурбонӣ ибодати ҷудогона буда, аз рўи тартиб бояд пас аз адои намози ид анҷом дода шавад. Аз Ҷундуби Баҷалӣ ривоят аст, ки фармуд: «Ман рўзи иди Азҳо ҳамроҳи Паёмбари акрам ﷺ намоз гузоридам. Паёмбар ﷺ баъд аз намоз хутбае хонда фармуданд: «Касе, ки қабл аз намоз қурбонӣ намудааст, ба ҷойи он дубора қурбонӣ кунад ва касе, ки қурбонӣ накардааст, барои ризои Худо қурбонӣ кунад». (Ривояти Муслим).

Аз Анас ривоят аст, ки Пайғамбар ﷺ фармудаанд: «Ҳар касе ҳоҷати як фард аз уммати маро бароварад ва мақсади ў розӣ кардани вай бошад, маро розӣ кардааст, ҳар касе маро розӣ кунад, Худовандро розӣ кардааст ва ҳар касе Худовандро розӣ кунад, Худованд ўро вориди биҳишт мекунад». (Ривояти Байҳақӣ).

Ҳамон тавре ки аз ин ҳадис маълум мегардад, эҳсону некӣ ба ҳар навъе ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кумак ба ятимону ниёзмандон дар рўзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ўст.

Худованд ба ҳамагон тавфиқи аъмоли нек ва дар иҷрои ин ибодати молӣ имкониятро насиб гардонад.

 

(«Саидмукаррам Абдуқодирзода Раиси Шўрои уламо»)

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Душанбе мизбони мусобиқаи Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 мешавад

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) идомаи тавсеаи тақвими мусобиқаҳои худро эълон намуда, аз таъсиси силсилаи нави мусобиқаҳои Grand Prix байни ҷавонон (Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026) хабар дод.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, нахустин мусобиқа дар таърихи ин...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Баъди 6 сол қатораи Душанбе – Маскав дубора ба роҳ мебарояд

Баъди шаш соли таваққуф ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе аз нав оғоз мешавад. Нахустин қатора рӯзи 21 июн аз пойтахти Тоҷикистон раҳсипор хоҳад шуд.   Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши чипта дар вагони умумӣ 2617 сомонӣ ва дар...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...